Главная / Биология / Оилаи ангур

Оилаи ангур

Ба оилаи ангур қариб 700 намуди растаниҳо мансуб аст. Онҳо дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадил, субтропикӣ ва тропикии ҳарду нимкураҳои Замин паҳн шудаанд. Ба оилаи ангур намудҳои шаклашон дарахтӣ, буттагӣ ва чӯброст (лианмонанд) дохиланд. Ҷойгиршавии барг дар поя ва навдаҳо навбатӣ ва рӯбарӯ мебошад. Шакли барг хеле гуногун аст. Аксаран 3-5 ҳиссашудаи панҷашакл, панҷашакл, пармонанд, сечанда ё ду маротиба сечандашудаи содда мебошад.

Оилаи ангурГулҳои хурди намояндагони оилаи ангур дар хӯшагули гуногуншакл ҷойгир шудаанд. Гул дуҷинса, дар баъзе ҳолатҳо якчинса (дар натиҷаи инкишоф наёфтани гардбарг ё тухмдон) мешавад. Дар аксари ҳолатҳо косабаргҳо суст инкишоф ёфтаанд. Дар байни гардбаргҳо ва ғӯрак шаҳддони доирамонанд инкишоф ёфтааст. Тухмдон аз ду мевабарги бо ҳам пайвасг иборат аст. Миқдори ғӯрак ба миқцори лона ва мевабарг баробар аст. Ғӯрак дулонагӣ буда, дар ҳар як лона дутогӣ тухммуғҷа мавҷуд аст. Ва онҳо меваи тарро пайдо кардаанд.

Яке аз намояндаҳои пахнгардидаи ин оила ангур мебошад. Ангур 4—7 ҳазор сол пеш аз ин дар ҳудуди Осиёи Миёна, Арманистон, Озарбойҷон, Афғонистон,

Эрон ва Юнону Рум маълум ва машҳур буд.

Дар натиҷаи фаъолияти эҷодкоронаи инсон дар миқёси ҷаҳон зиёда аз 8 ҳазор навъи ангур ба вуҷуд оварда шудааст. Аз ин миқцор дар Тоҷикистон 236 (ки 193-тоаш навъи маҳаллӣ мебошад) навъи ангур парвариш карда мешавад.

Аз рӯи мӯҳлати пухтанаш ангурро ба навъҳои пешпазак, миёна- пазак ва дерпазак ҷудо мекунанд. Дар таркиби меваи ангур 15—30% қанд, 0,5-1,4% кислотаи органикӣ, 65-85% об, моддаҳои нитроген- дор, намакҳои маъданӣ (калий, калсий, магний, фосфор, оҳан, ман- ган), витаминҳои А, С, В мавҷуданд.

Истеъмоли меваи ангур ба организм фоидаи калон дорад. Вай ҳазми таом ва мубодилаи моддаҳоро тезонида, кори асабро пурқувват мегардонад. Аз ин рӯ, меваи ангурро барои табобати бемориҳои рӯҳӣ, хасташавии ҷисмонй, камхунӣ, лоғарӣ, иллатҳои дилу гурда ва шуш тавсия медиҳанд.

Дар шароити Тоҷикистон ангури худрӯй дар баландиҳои 1000— 1500 м (дар Бадахшон то баландии 2500 м) аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Навъҳои гуногуни ангур дар замонҳои қадим аз ангури худрӯй ба вуҷуд оварда шудаанд. Ангури худрӯй хокро мустаҳкам карда, онро аз шусташавӣ нигоҳ медорад.

Ангурро асосан бо қаламча зиёд мекунанд. Меваи ангурро ба таври тару тоза ё хушк (мавиз) истеъмол ме- кунанд. Аз мева шарбат ва ширинӣ тайёр мекунанд.

  1. Намояндагони оилаи ангур чӣ гуна хусусиятҳои умумӣ доранд?
  2. Меваи ангурро дар куҷоҳо истифода мебаранд?
  3. Ангури худрӯй аз ангури боғӣ чӣ фарқ дорад?
  4. Ангурро чӣ тавр афзоиш медиҳанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …