Главная / Гуногун / ОҒОЗИ КОРИ СИСТЕМАИ MS DOS

ОҒОЗИ КОРИ СИСТЕМАИ MS DOS

Тавре ки қайд карда шуд, системаи оператсионии MS DOS ба uайр аз дигар амалиётҳо, ҳамчунин барои идора кардани компютер низ истифода бурда мешавад. Ин программа дар дискет ё диски винчестер нигоҳ дошта мешавад. Диске, ки дар он системаи оператсионӣ сабт карда шудааст, диски системавӣ номида мешавад.

Пеш аз он ки компютер ба ягон намуди фаъолият оғоз намояд, бояд ҳатман аз диски системавӣ системаи MS DOS ба хотираи фаврии компютер (RAM) дохил карда шавад.

Раванди ба хотираи компютер дохилкунии системаи MS DOS-ро оғози кори компютер мегeянд.

Тартиби иҷрои ин амалиёт чунин аст:

  • Агар система аз дискет дохил карда шавад, бояд он ба дискдони якум (A:) гузошта шавад ва дар блоки системавии компютер тугмаи Poweқ пахш карда шавад.
  • Агар система аз винчестер дохил карда шавад, он гоҳ пахши тугмаи Poweқ кифоя аст.

Пас аз пахши тугмаи Poweқ компютер ба дохилкунии системаи MS DOS шурўъ менамояд. Пеш аз ҳама, системаи BIOS ба кор омода будани қисмҳои компютерро месанҷад.

Баъд системаи BIOS ба диски системавӣ муроҷиат менамояд ва аз сектори якуми он программаи оғозкунандаи кори DOS-ро мекобад. Пас аз ёфтан онро ба хотираи компютер дохил менамояд ва идоракунии компютерро ба он месупорад.

Программаи оғозкунандаи кори DOS аз диски системавӣ файлҳои Io.sys ва Msdos.sysро ёфта онҳоро ба хотираи компютер дохил менамояд. Баъд аз каталоги асосии диски системавӣ файли Config.sys хонда мешавад ва командаҳои дар он нишондодашуда иҷро карда мешаванд.

Дар ҳолати умуман мавҷуд набудани файли Config.sys ё пурра иҷро шудани командаҳои он, аз каталоги асосии диски системавӣ программаи Command.com ба хотираи ком-

пютер дохил карда мешавад ва идоракунии компютер ба он супорида мешавад. Баъд, программаи Command.com аз каталоги асосӣ файли Autoexec.ӣatро мекобад ва дар мавриди ёфтани он, командаҳои дар ин файл ҷойдоштаро иҷро менамояд. Пас аз иҷро намудан ё нанамудани файли Autoexec.

bat дар сатри командавии MS DOS информатсияе бароварда мешавад, ки он даъватномаи система ном дорад.

Пайдошавии даъватномаи MS DOS дар экран аз он далолат медиҳад, ки система барои қабули командаҳои истифодабарандаи компютер омода аст.

Агар MS DOS аз винчестер дохил карда шавад, он гоҳ даъватномаи система метавонад намуди зеринро дошта бошад:

С:\>

Дар ҳолати аз дискет дохил намудани система, даъватномаи он намуди дигарро мегирад:

A:\>

Истифодабарандагони компютер мувофиқи табъу хоҳиши худ, метавонанд даъватномаи системаро тағйир диҳанд.

Сатри экран, ки дар он даъватномаи система ҷойгир шу-

дааст, сатри командавӣ ё командаҳо ном дорад. Командаҳои ба воситаи клавиатура дохилшаванда маҳз дар ҳамин сатр нишон дода мешаванд ва пас аз пахш кардани тугмаи

дохилкунӣ иҷро карда мешаванд.

ЭЗОҲ:

  1. Дар ҳолати дар каталоги асосии диск мавҷуд набудани файли Autoexec.ӣat программаи Command.com аз истифодабарандагон дохилкунии таърихи рўз ва вақти ҷориро талаб менамояд. Таърихи рўз ва вақтро аз клавиатура дохил менамоянд. Агар зарурати дохилкунии таърихи рўз ва вақт набошад, он гоҳ тугмаи Enter –ро пахш менамоянд.
  2. Дар ибтидои раванди дохилкунии система, ба экран информатсияи «Staқting MS DOS» бароварда мешавад. Агар дар мавриди пайдо гардидани ин информатсия, дарҳол тугмаи F5 пахш карда шавад, он гоҳ файлҳои Autoexec.bat ва Config.sys иҷро намегарданд ва программаи Command.com дохилкунии таърихи рўз ва вақтро талаб менамояд. Пас аз дохилкунии ин маълумотҳо дар экран даъватномаи система пайдо мегардад.
  3. Агар дар ҳолати пайдошавиии информатсияи «Staқting MS-DOS» тугмаи F8 пахш карда шавад, он гоҳ имконият пайдо мегардад, ки файлҳои Autoexec.bat ва Config.sys қадам ба қадам иҷро шаванд. Аниқтараш, пеш аз иҷро намудани амалиёти навбатӣ пурсида мешавад, ки он иҷро карда шавад ё не. Ҳангоми пахш кардани тугмаи Y (yes) команда иҷро карда мешавад ва дар вақти пахш намудани тугмаи N (No) бошад, команда иҷро карда намешавад.

Хотиррасон менамоем, ки дар системаи MS DOS ба ҳар як қисми компютер номи шартии муайяне дода шудааст:

A: дискдони якум барои дискетҳо.

B:дискдони дуюм барои дискетҳо. Ҳангоми дар компютер

вуҷуд надоштани дискдони дуюм, B: номи дуюми дискдони якум ҳисоб карда мешавад.

C: дискдони диски винчестер.

D: дискдон барои компактдискҳо (CD-ROM).

Con номи клавиатура, дар вақти дохилкунии информатсия ва номи экран, ҳангоми хориҷкунии информатсия (Сon кон-сол).

Prn номи принтер.

 

Саволҳо:

  1. Диски системавӣ гуфта кадом дискро мегўянд?
  2. MS DOS чӣ тавр кори худро оғоз менамояд?
  3. Тартиби иҷрои қисмҳои MS DOS чӣ гуна аст?
  4. Дар экран пайдошавии даъватномаи MS DOS далели чист?
  5. Сатри командавии MS DOS чӣ вазифа дорад?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Дар дафтар мухтасар тартиби иҷри қисмҳои MS DOSро нависед.
  3. Номҳои шартии қисмҳои компютерро аз ёд кунед.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …