Главная / Гуногун / ОФТОБ- СИТОРАИ РӮЗ

ОФТОБ- СИТОРАИ РӮЗ

Шумо чй андеша доред, оё мо метавонем бе Офтоб зиндагӣ кунем?

Албатта, не. Офтоб Заминро гарм ва рӯшан мекунад. Агар гармии Офтоб намебуд, дар дарахтҳо баргҳо пайдо намешуданд, растаниҳо намерустанд, майдонҳо сабз намешуданд. Аз шуъои Офтоб паррандагону ҳайвонот ва албатта, мову шумо энергия гирифта, хурсандӣ мекунем.

Офтоб чист?

Офтоб ситораи ба мо наздикест, ки рӯзона намоён аст. Офтоб хеле бузург аст. Қутри он 109 маротиба бузургтар аз Замин аст. Вазни Офтоб 333 000 маротиба бештар аз вазни Замин аст. Ҳарорати Офтоб наздик ба 6 000°С-ро ташкил медиҳад. Дар умқи Офтоб ҳарорат боз ҳам бештар аст. Дар минтақаи марказии Офтоб ҳарорат ба 15 000 000°С мерасад. Дар натиҷаи ҳарорати баланд моддаҳои Офтоб, дар умқ элементной кимиёвӣ ба ядроҳои атом ва электронноӣ озод даракаткунанда «таҷзия» шудаанд. Тамоми ҷисми газмонанд дар Офтоб, тавассути ҷозибаи умумй ба маркази он, нигоҳ дошта мешавад. Қабатҳои берунй бо вазни худ қабатҳоеро, ки дар умқ қарор гирифтаанд, фишурда месозанд. Ҳар қадар қабат амиқтар ҷойгир шуда бошад, ба ҳамон андоза фишор қавитар аст.

Дар муқоиса бо фишори атмосферии Замин, фишор дар умқи Офтоб сад милли­ард маротиба бештар аст.

Ин ба ҷараёни реаксияҳои термоядрой дар умқи Офтоб мусоидат менамояд, ки дар натиҷа водород бо ихроҷ кардани энергия ба гелий табдил меёбад. Тадриҷан, ин аз байни моддаи ғайришаффофи офтобӣ ба қабатдои беруна «таровидаю ҷаббада», балки аз он ҷо ба фазой олам пароканда мешавад.

Дар натиҷа, дар қисмати марказии Офтоб гелий зиёд туда, микдори водород кам мешавад.

Олимон чунин мешуморанд, ки дар ҷараёни 4-5 миллиард сол аз замони ба вуҷуд омадани Офтоб наздик ба ними водород дар маркази он ба гелий табдил ёф- тааст.

Сохтори берунаи Офтоб

Офтоб сатҳи сахт надорад. Сатҳи намоёни Офтобро фотосфера меноманд. Ғафсии фотосфера на чандон бузург буда, ҳамагӣ 100-200 километрро ташкил медиҳад. Дар он қабати хромосфера, ки гафсияш 20 000 километрро ташкил медиҳад, қарор дорад. Асбобҳои муосир имконияти дар обу ҳавои рӯшан, пурра гирифтани офтобро интизор нашуда, дидани хромосфераро фароҳам месозанд.

Дар хромосфера ҳаракати тези газҳо, ки болову поин мераванд, сурат мегирад. Баъзан дар хромосфера партобҳои қавии газҳо – протуберансҳо сурат мегиранд, ки баландии онҳо наздик ба 250 000 километрро ташкил медиҳад (расми 63).

Офтоб

Протуберансҳо, мисли хромосфера, танҳо ҳангоми пурра гирифтани офтоб намоён аст. Дар болои хромосфера тоҷи офтобие қарор дорад, ки дар масофаи 2 000 000 километр паҳн мешавад. Тоҷ ин як объекта бениҳоят зебо мебошад. (расми 64). Мутаассифона, мо онро танҳо дар вақти марҳилаи пурра гирифтани офтоб, вақте Моҳ аз мо диски Офтобро мепӯшонад, дида метавонем.

Дар муқоиса бо ситораҳо Офтоб дар як сол давраи бузурги муҳити осмониро давр мезанад. Ин давраи бузург эклиптика номида мешавад. Галаситорае, ки дар он эклиптика мегузарад, галаситораҳои зодиакй номида мешаванд. (калимаи юнонии «sodiak» – маънои «ҳайвон»-ро дорад). Онҳо бад-ин тартиб номгузорй шудаанд:

Ҳамал (21 март – 19 апрел)

Савр (20 апрел – 21 май) Ҷавзо (20 май – 21 июн)

Саратон (22 июн – 21 июл)

Асад (22 июл – 21 август) Сумбула (22 август – 22 сентябр) Мизон (23 сентябр – 22 октябр) Ақраб (23 октябр – 21 ноябр) Қавс (22 ноябр – 21 декабр)

Ҷадӣ (22 декабр – 20 январ)

Далв (21 январ – 19 феврал)

Ҳут (20 феврал – 20-март)

Пурсишҳо

1.Офтоб нисбат ба Замин чй қадар калонтар аст?

  1. Офтоб рӯшноиро аз куҷо мегирад?
  2. Сохтори берунаи Офтоб чй тавр аст?
  3. Эклиптика чист?
  4. Кадом галаситораҳо ба галаситораҳои зодиакй мансуб мебошанд?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …