Главная / Гуногун / ОФТОБ, ҲАВО ВА ОБ – ДУСТОНИ БЕҲТАРИНИ МО

ОФТОБ, ҲАВО ВА ОБ – ДУСТОНИ БЕҲТАРИНИ МО

Агар аз бачаҳои синф дар ин хусус пурсон шавӣ, албатта, ба ин фикр розӣ мешаванд. Вале магар шумо мсдонсд, ки ин на ҳама вақт чунин аст? Охир тамоми рӯз дар зери нурхои офтоб хобидан, дар оби хунук оббозӣ кардан барои саломатии инсон хатарнок аст.

Барои ҳамин пеш аз оғози обутобдиҳӣ якчанд қоидаро дар хотир доред:

Обутобдиҳиро дар хавои гарм оғоз кунед, ки яку якбора ҳаммоми ҳавоӣ ва офтобӣ қабул кардан мумкин бошад. Ин вақти дамгирӣ, бозӣ, сайругашт (дар велосипед ва пиёда) мебошад. Тартиби шиноро ҳанго- ми оббозӣ дар дарё ва кӯлхо оғоз кунед.

ozero_krugi_solntse_zakat_peyzaj

Пойи бараҳна бо пайраҳаи беша, рохи регӣ, алафи маҳин, чӯбҳои кулӯла роҳ гардед.

Давомнокии тартиботи обутобдиҳӣ дар аввал бояд на он қадар калон бошад, ҳарорати об ва ҳаво ба тавсияҳои дар ҷадвали 1 нишон- додашуда мувофиқатнамоянд.

Ҳарорати об барои оббозӣ, молидани бадан, ҳаммоми пой дар давоми ҳар се рӯз ба 1 -2°С поён фуроварда мешавад.

Пас аз оббозӣ баданатонро бо сачоқи хушк то каме сурх шудан молиш диҳед!

Агар обутобдиҳиро cap кардед, ин машқҳоро ҳар рӯз иҷро кунед! Arap 1 -2 ҳафта иҷро накардед, ҳамаашро аз сари нав оғоз кардан лозим аст.

Тартиби обутобдиҳиро танҳо дар ҳолати солим будан иҷро кардан ба мақсад мувофиқ аст.

Агар ҳангоми оббозӣ ларзидан, вараҷа пайдо шавад, зуд аз об бароед, баданатро бо сачок хушк карда, либосҳои хушк ба бар карда, каме даву тоз кунед.

Барои ҳангоми риояи тартиби обутобдиҳӣ ба гармшавӣ ё хунук- шавии зиёди бадан роҳ надодан боз якчанд қоидаи на он қадар душвор- ро риоя намудан лозим аст.

Ҳангоми худро бад хис кардан тартиби обутобдиҳиро ҳатман қатъ созед!

Дар зери нурҳои гарми офтоб рӯзҳои аввал беш аз 10 дақиқа мондан мумкин нест.

Ба саратон кулоҳи сабук аз матои рӯшан бипӯшед! Агар либосҳои болоиятон (ҷӯроб ва ғайра) тар бошанд, онхоро ивазкунед!

Бозиҳо ва машқҳои варзишӣ эхсосоти зиёдро талаб мекунанд. Дар бозиҳо ва мусобиқахо, албатта, ғолибон ва мағлубҳо ҳастанд.

Arap шумо ғолиб омадед, мағрур нашавед, ба ҳарифони худ раҳмдилӣ намоед! Агар бохтед, мард бошед, машқкуниро давом диҳед ва дар хамин ҳолат, албатта, нахустин мешавед.

Дар бисёр холатҳо пеш аз имтиҳонот, мусобиқот ё ҳангоми дучор омадан бо хатар инсон асабӣ мешавад. Барои худро ба даст гирифтан ва ҳалли дурусти масъаларо ёфтан машқҳои нафаскашӣ ёрӣ медиҳанд.

Пеш аз бо ин машқҳо шинос шудан дар бораи узвҳои нафаскашӣ маълумот бигиред.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …