Главная / Гуногун / ОДОБИ ИСЛОМӢ

ОДОБИ ИСЛОМӢ

НАКЎИ КАРДАН ДАР ҲАҚҚИ МОДАРУ ПАДАР ВА ХУШНУДИИ ЭШОН ВА МУЛОИМИ ОН

Ҳақ таъоло мефамояд: маро парастед, то аз азоби манн наҷот ёбед. Дар ҳаққи модар ва падари худ накўӣ кунед, то ба биҳишт расед ва оқи падару модар дар биҳишт дар наёяд, зеро ки Ҳақ таъоло мефармояд: Ло ядхулу-л- ҷанната ъоққу-л-волидайн, яъне озорандаи падару модарро, дар ҷавори Ҳақ таъоло ҷой набошад. Некбахт чӣ гуна шавад, он ки дар ҳаёт ва мамот модару падар аз вай розӣ набошанд, наъузубиллоҳи минҳо, агар касе падару модари вай нохушнуд мурда бошад, чӣ тадбир бувад?

Бояд, ки ҳар коре, ки ношоиста ба зиндагии эшон мекард ва эшон нохуш мебуданд, аз он тавба кунад, ки то ба баракати тавба Худои таъоло эшонро хушнуд гардонад ва Худованди таъоло мефармоянд: «Ҳаққи манн нигоҳ дор, ки офаридгори шумоям ва ҳаққи падару модар нигоҳ доред, ки эшон парваришкунандаи шумо буданд ва ҳар кӣ эшонро дар ранҷ дорад, вақти ҷон додан ҷони ў сахт берун ояд, гури ў танг гардад».

musafedВа овардаанд: Ҷавоне аз ҷаҳон хиромид ва ўро дар гур дафн карданд. Ҳамон соат аз гур овозе ҳамчу хар омадан гирифт. Мардумон, ки ба сари турбати ў ҳозир буданд, дар ҳайрат монданд, ки чӣ муоина аст, ки овози ҳамчу хар мекунад. Баъди ин маълум шуд, ки модари худро як рўз гуфта буд, ки чаро ҳамчу хар фарёд мекунӣ. Аз шаомати он сухан, ки модарро ба густохӣ гуфта буд, дар гўш сухани ў монанди овози хар гардонидаанд. То бидонӣ, ки аз ин сухани бад чунин муомила дар гўраш пеш омад. Дигар овардаанд, ки: Яке ҷавоне буд, ўро иттифоқи ҳаҷ афтод.

Модар ўро дастурӣ намедод. Ба ғайри гуфти модар рўи ба роҳ ниҳод ва равон шуд, то рўзе дуздон дар омаданд, ҷавонро гирифтанд ва моле, ки зоду роҳила дошт тамом биситониданд ва низ ду дасту пой буриданд, ҳамчу пораи гушт дар роҳ афтода гузоштанд. Муаззини Байтулмуққадасро дар хоб намуданд: Бархезу дар водию биёбон бирав ва аз ҳоли ҷавон дарёб, ҳоли ў чӣ гуна аст.

Муаззин чун бедор шуд, рух ба роҳ ниҳод ва чун сарвақти ў расид гуфт: «Эй ҷавон, ҳоли ту чист?» Гуфт: «Бе дастурии модар қадам дар роҳ биниҳодам, қадам бад-ин ҷо расид. То маълуми бандагони Худои таъоло бошад, ки дар ҳаҷ рафтан бе дастурии модар чунин муомила пеш ояд. Вой ба касе, ки дар ҳаққи падару модар ранҷиш хоҳад ва дашном диҳад, то дами охирин ҳолаш чӣ гуна гардад».

Ва ин ҷавон аз муаззин дархост кард, ки маро дар хонаи модар бирасон, то дили вай ба даст орам. Чунончи аз дасту по ҷудо шудам, набояд, ки дами охирин аз имон ҷудо шавам. Муаззин онро бардошт ва ба шаҳри ў расонид ва пеши дари хонаи модар онро бинишонид ва худ бозгашт.

Ва ҷавон овозе аз даруни хона шунид, ки модар мегуфт: «Илоҳӣ надонам, ки дар ғурбат фарзанди ман чӣ муъомила карда бошад, ки ногуфти ман берун омадааст, акнун ба ман расон, ки хотир аз ҷиҳати ў қарор намегирад». Ва ҷавони дасту пой бурида дар ҷунбонид. Модараш овоз кард:

«Кистӣ, ки дари хонаи бевагон ва ғамзадагон мекўбӣ?» Магар касе ҳаст, ки хабари ғарибфарзанди ман бигўяд? Бархост берун омад ва дид ғарибе нишастааст. Гуфт: «Эй ғариб, магар ба нон ҳоҷат дорӣ, то нонат бидиҳам?»

Гуфт; «Чӣ гуна бигирам, ки даст надорам».

Гуфт: «Пештар биё». Гуфт: «Чӣ гуна оям, ки пой надорам?» Аз суханони вай меҳри модар ҷунбид. Гуфт: «Эй ҷавон, гуфтори ту ба гуфтои писари ғариби ман мемонад». Чароғ оварда рўи вай дидан гирифт. Он писараш ёд омад, гирён баргашт ва гуфт: «Манн низ ҳамчу ту писаре доштам, аммо намедонам, дар ғурбат ҳоли ў чӣ гуна аст». Писарро сабри гиря намонд, фарёд ва зорӣ бароварда, ки «Эй модар, он писар манам». Чун сухан аз писар шунид, наъра бизад, назди ў биафтоду беҳуш шуд. Баъд аз соате ба ҳуш омад, рў сўи осмон бикард ва гуфт: «Илоҳӣ, офариниш кардӣ, аммо ҳалокаш мегардон ва саодати имон маҳрум накунӣ. Ва бидонед, ки хушнудии модару падар сахт ва душвор аст».

То рўзе Сайиди олам, Муҳаммад расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва салам дар гўристони Бақия берун омада буд, аз гўре овози зорӣ ба самъи /гўши/ Сайиди олам расид, ки чунин бошад: «Болои ман оташ аст ва фуруди ман оташ аст ва ростои ман оташ аст ва чапои ман оташ аст. Расул алайҳи-с-салом фармуд, то мунодӣ нидо кунад, ки ҳар киро дар ин гўристон мурдабошад, берун оянд».

Халоиқ берун омаданд, бар гўристон азизони худ истода шуданд. Баъд аз он дид, ки аврати пире асо ба даст гирифта биомад ва бар сари он гўр истода шуд. Меҳтари олам аз вай пурсид, ки: «Дар ин хок туро кист?» гуфт:

«Писари манн ас аз вай безорам» Расул алайҳи-с-салом фармуд: «Чаро хушнуд нагардӣ» Гуфт: «Ҳаргиз хушнуд нагардам, ки маро сахт ранҷондааст». Ҳарчанд, ки ҳазрати рисолат мефармуданд, хушнуд намешуд.

Расул алайҳи-с-салом даст ба дуо кард: «Илоҳӣ ҳиҷоб аз миён бардор, то аврат низ азобро муоина кунад». Филҳол ҳиҷоб аз миён дур шуд, модар гўри писарро бар оташ бидид. Фарзанд дар миён месўхт. Чун аҳволи писар чунин бидид бехуд гашт ва худро бар гўри писар афканда мегуфт: «Бор худоё, ман хушнудам, ту хушнуд шав, ки ин фарзанди маро аз азоб баргир». Ба муҷарради он ки модар хушнуд гашт, ҳеҷ азоб бар вай намонд. То бидонӣ, ки дуои модар ва падар дар ҳаққи фарзанд чунин мустаҷоб аст.

Дигар дар аҳд ва вақти Мустафо алайҳи-с-салом ҷавоне дар хаёли масти тапонча бар рўи модар бизад ва чашмхона ҷудо кард.

Модар чашмро ба даст гирифта ба пеши Расул алайҳи – с – салом биёмад ва гуфт: «Писар маро ин ҳолат кард». Дар ҳолати мастӣ дар хоб рафт ва соате бигзашт, бедору ҳушёр шуд. Мардум гуфтанд: «Чӣ кардӣ дар ҳоли мастӣ чашмхонаи модар баркандӣ». Гуфт: «Бо кадом даст гутохӣ кардам?» Корде биситад, бар дасти худ ронд ва мегуфт: «Чаро дар ҳаққи модар кори нописандида кардӣ?» Ин бигуфт ва корд дар банди даст ронд ва ҷудо гардонид. Ба дасти дуввум дасти буридаро баргирифт ва хунчакон назди Расул алайҳи – с – салом расид. Назари модари бечора бар дасти писар афтод ва дарди дасти худ фаромўш кард ва давон наздики писар биомад ва гуфт:

«Эй писар дасти туро ки буридааст?» Писар дар пои модар афтода ва гуфт: «Эй модар, чаро он даст бар ту даромад ва чашми мубораки туро бенур гардонида». Модарро аз гуфтори ў шафқат омад ва сари писарро дар канор гирифт ва рўи вайро бўса медод ва Расул алайҳи – с – саломро аз ҳоли вай фикр омад. Ҷабраил даррасид ва гуфт: «Эй Сайиди олам, фармон мешавад:

Вақти фикр нест вақти шафқат аст. Дар ҳаққи ҳар ду дуоро кардан аз ту ва карам кардан аз мо». Пайғамбар алайҳи – с – салом он заъифаро бихонд ва фармуд, ки «дидаи худро ба ҷой бидор». Меҳтари олам сардори авлоди Одам даст ба дуо бурд. Иҷобат (қабул) афтод ва чашми ў дуруст гашт. Ў худро ба пои Пайғамбар алайҳи – с – салом афканд, ки дасти фарзанди маро ҳам дуо кун, ки хатои ў бахшидам. Меҳтар Сайиди олам алайҳи – с – салом гуфт: «Эй ҷавон, даст бар банд бидор ва панҷа бар банди дасти худ доштан ҳамон буд, ки дуруст ба накў шуд». Пас, он ки дар Дунё модарро хушнуд кард, аз қатъияти даст наҷот ёфт.

Агар мўъмин дар дунё Худои таъолоро, ки хушнуд кунад, аз оташи дўзах наҷот ёбад, ҳеҷ аҷаб набувад, зинҳор аз модару падар аз бадӣ кардан парҳез кунед ва аз ранҷиши эшон ҳазар кунед ва дар ин кўшед, ки дили эшон хушнуд бошад, то дуои эшон дастгири дину дунё гардад.

Ҳикояти ҷавоне бишнав, ки: ҷавонеро орзўи Каъба пеш буд, ба модар бисёр аҷз ва зорӣ кард, то модар дастурӣ дод. Чун азми берун омадан кард, модар меҳрубон шуда, дасти фарзанд гирифт ва сўи осмон биканд ва гуфт:

«Илоҳӣ фарзанди худро ба ту месупорам, ки саломат бурдӣ ва саломат ба ман боз расонӣ». Ҷавон аз модар видоъ гирифт ва рух ба роҳи Каъба ниҳод. То рўзе аз қофила ҷудо афтода буд, дузде қасди куштани вай кард.

Ҷавон ба даргоҳи Худованди таъоло бинолид ва гуфт: «Эй қариб аз қарибон». Овоз шунид: «Лаббайк». Дузд мутаҳайир шуд. Чапу рости биёбон нигоҳ бикард, касеро надид. Боз қасди куштани ў бикард. Ҷавон боз гуфт, боз овоз шунид: «Лаббайк».

Ҳамчунин ки чун дузд қасд кардӣ ва ҷавон менолидӣ ва аз ҳазрати Раҳмон иҷобати нидо мешунидӣ. Ногоҳ саворе шамшер ба даст гирифта бар сари дузд расид ва чунон теғ гузорид, ки сар аз тан ҷудо гардонид. Чун аз ў пурсид, ки «ту кисти ки душмани маро ҳалок карди ва миннати ҷоне бар манн ниҳодӣ?» Савор гуфт: «Чанд соласт, ки Худойро дар ин биёбон тоат мекунам ва ин аспу теғ маро Худои азза ҷалла имрўз дод, ки ин асп меҷунбадва ҳеҷ ҷое истода намешавад. Дар худ фикр кардан: Холи аз воқеа нахоҳад шуд. Чун бар ту дўст қасд кард, бар манн фармон расид, ки бар ин асп савор шав ва теғ бар даст гир ва бандаи маро халосӣ деҳ.

Ва бар вай бигў: Дар он вақт, ки модарро видоъ карда будӣ ў туро ба мо супурда буд, то туро нигаҳ доштам. Акнун, ки ба модар бирасӣ саломи мо бигўй, ки Худои таъоло амонати туро ҳам ба ту расонид». Илоҳӣ чунончи он модар фарзанди худро ба ту супорида буд, ба карами худ модарашро расонидӣ ва аз вай ҷудо накардӣ. Мо бечорагон имон ва маърифат ба ту супурда будаем, ту аз дуздии шайтон дар ҳифзи амони хеш нигох дорӣ ва моро дар ҷавори раҳмати хеш гардонӣ. Пас, эй мўъмин, ризои модар ва падар, ки сабаби бақои имони туст ва наҷоти ҳар ду ҷаҳон аст, аз даст мадеҳ, эшонро Ғанимат дон.

Оварданд: Малики Динор раҳматуллоҳи алайҳи дар Каъба юуд, то дар хоб набуданд, ки бирав, он ҷавонро, ки дар ҳуҷрати Ҳарам аст, бигў, туро раҳмати Худои таъоло насиб нест.

Малики Динор аз хоб бедор шуд ва Рух ба Ҳарам кард. Чун бирасид дид, ки ҷавоне дар як ҳуҷраи торик зор-зор мегирист. Назари ҷавон ба Малики Динор расид ва гуфт: «Ё Малики Динор, пайғом овардӣ?» Гуфт: «Ту чӣ донӣ, ки манн пайғом овардаам?» Гуфт: «Ё Малик, панҷ сол аст, ки Сухан ба ман мегўед, ки туро раҳмати Худои таъоло насиб нест». Малики Динор гуфт: «Чӣ кардаӣ?» Гуфт: «Ман маст будам. Дар он ҳолати мастӣ бар падар даст задам ва як дандони эшонро

шикастам ва панҷ сол бошад, ки гиряи он мотам мекунам, қабул намешавад. То фардои қиёмат чиҳо гардад». Малики Динор гуфт: «Эй ҷавон падарат куҷост?» Гуфт: «Дар фалон қабила аст. Имсол дар ҳаҷ омадааст». Малик мегўяд: «Танҳо бар вай бирафтам, ки ўро паси Каъба исдода дидам, дандон кафидааст ва Сар бараҳна карда мегуфт: «Илоҳӣ, бар дандон нигар». Малик мегўяд: «Гиря бар ман уфтод, гуфтам: «Эй пир агар фарзанди худро медидӣ, аҷаб намудӣ, ки бар вай бигиристӣ. Ва аз ҳоли қиссаи фарзанди ў тамом ба ў гуфтам. Шафқати

падарӣ даркор шуд ва раҳматаш андар дуо бикард». Малики Динор шодон назди ҷавон омад аз дуои падар хабар дод. Гиряи ў зиёдтар шуд. Он гоҳ гуфт: «Ё Малики Динор, илтимос дорам». Гуфт: «Бигў чӣ мегўи». Гуфт: «Агар имрўз падар аз ман хушнуд намешудӣ, фардои қиёмат маро фариштагон ғуллу занҷир дар гардан

карда, ба сўи дўзах мебурданд ва шумо имрўз ба манн ҳамон кунед. Расане биёред ва дар гардани ман карда, кашишкунон наздики падарам баред ва бигўед, гунаҳгорӣ туро овардаем». Ҳамчунин карданд. Чун падар вайро бад-ин тариқ дид, расан дур кард ва дар канораш бигирифт ва гуфт: «Эй ҷони падар, аз ту хушнуд шудам ва Худои таъоло аз ту хушнуд бод». Бинигар, аз кассе, ки падар нохушнуд буд, маддати панҷ сол раҳмати Худои таъоло насиби ў нашуд.

Илоҳӣ, ҳурмати хушнудии дар ҳаққи модарон ва падарон хушнудӣ, рўзӣ гардонӣ.

Супориш ва саволҳо

  1. Кадом шеърҳоро оид ба донистани қадри падару модарро аз ёд медонед?
  2. Эҳтироми падару модар ва дигар калонсолон дар оилаи шум очи тавр зоҳир мегардад?

Мавод барои мутолиаи мустақилона

Қиссаҳоро мустақилона мутолиа намоед. Агар дар фаҳмидани онҳо душворӣ кашед аз падару модаратон ё муаллим шарҳи онро пурсед.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

hosilshavii-tuxm

КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ

РӮЙХАТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИТАБОБАТИЮ ПРОФИЛАКТИКИИ ЗЕРТОБЕИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ   № НОМ …