Главная / Илм / ҲОДИСАҲОИ ОВОЗЙ

ҲОДИСАҲОИ ОВОЗЙ

Аз байни ҳодисаҳои табиӣ дар ҳаёти инсон ҳодисаҳои овозй (ва ё овоз) аҳамияти вижа дорад. Оламе, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, аз овозҳои гуногун пур аст. Хониши паррандагон, мусиқй, садои оби ҷӯй, хиширроси баргҳо, раъду барқ ин ҳама овозҳои гуногун мебошанд.

Нутқи мо низ аз як қатор овозҳои яке паси дигар оянда иборат мебошад. Мо ба осонӣ овози як шахсро аз овози шахси дигар фарқ мекунем.

Акнун дар бораи чӣ тавр пайдо шудани овоз таваққуф мекунем. Ҳамон тавре таҷрибаҳои содда нишон доданд, ҷисмҳои садодиҳанда ҳамеша меҷумбанд.

rezonator

Агар мо тори гитор ва ё қомузро андак кашида, онро cap диҳем, пас мо овозро мешунавем.

Мо мебинем, ки миёни тор гӯё ғафс ва шаклу намуди он номафҳум шудааст. Намуди қомузи садодиҳанда тағйир ёфтааст, зеро вай меҷумбад.

Агар торро ба даст бигирем, ҷумбиш таваққуф карда, ҳамзамон садо низ аз байн меравад.

Сарчашмаи овоз ҷисмҳои ларзанда ба шумор мераванд.

Ҳангоми омӯзиши ҳодисаҳои овозӣ ва ҷӯр кардани созҳои мусиқӣ камертон истифода мешавад (расми 35). Агар ба камертон тавассути путки резинй оҳистакак бикӯбем, вай шуруъ ба ларзидан ва садо баровардан мекунад. Агар камертони садодиҳандаро дар даст бигирем, пас овози он суcт мешавад. Вале агар онро ба куттии тахтагин гузорем, овоз баланд мегардад. Зеро дар натиҷаи ларзиш ҳам дар қуттӣ ва ҳам ғавғои ҳавои дар он буда, овоз пайдо мешавад.

Ҷиcме, ки ба овоз аксуламал нишон медиҳад, резонатор номида мешавад.

Резонаторҳои coxne шаклҳои гуногун дар созҳои мусиқӣ истифода мешаванд. Таври мисол, дар қомуз онро корпус меноманд. Ҳангоми ларзиши торҳо вай овозро якчанд маротиба баланд менамояд. Ҳамчун сарчашмаи овози инсон ва бисёр ҳайвонҳо пайвандакҳои овозии онҳо ҳидмат мекунанд.

Таҳти таъсири берун шудани ҷараёни ҳаво аз шуш, пайвандакҳои овозии одам ҷумбида, овози заъифу сует мебарорад. Ин овоз тавассути резонаторҳо, яъне ҳалқум ва ҷавфи даҳон гузашта қавӣ мегардад. Азбаски сохтори ҳар як одам ва ҳайвон гуногун аст, овози онҳо низ гуногун мебошад.

Агар ҳангоми дар ҳаво паҳн шудан овоз бо кадом як монеаҳо дучор меояд, қуллаҳо, деворҳо), пас вай аз он акси садо мебарорад ва мо овози инъикосшударо мешунавем. Ин ҳодисаро акси садо меноманд.

Мисол меоварем. Аввал кӯтоҳ «Оо!» мегӯем. Дар масофаи дур аз 10 м аз моБарой он ки овози сарчашма ва овози инъикосшуда тав­ри чудогона шунида шавад, бояд фосилаи замонй байни онҳо на кам аз 1/15 сония бошад.

S Юм _1_ бояд монеае мавҷуд бошад. Ин масофаро овоз дар муддати 1 v 340 м 34 сония тай менамояд.

То ба ин ки овози аксшуда бармегардад, ҳамон қадар вақт мегузарад. Пас овози аксшуда то ба мо пас аз 1/34 сония • 2=1/17 сония бармегардад. Ин аз он вақте, ки мо дар боло ишора кардем, камтар мебошад.

Аз ин рӯ, овози аксшударо мо шунида наметавонем. Вале овози кӯтоҳ ифодакардаи «Оо!» ҳамчун «Оо-о-о!» бештар садо медиҳад. Агар дар толори калон одами кам даст, пас овози одами гӯяндаро дакиқ шунидан номумкин аст. Зеро суханони шахси гӯянда якчанд маротиба дар ашёи гуногун, чун деворҳо, харакҳо ва дигар ҷинсҳои сахт бархӯрда, то ба гӯши одами шунаванда дар вақтҳои гуногун мерасад.

Агар дар ҳамон толор одамони байни ҳамдигар суҳбаткунанда бисер бошанд, онро бармало шунидан мумкин аст, зеро овозҳои инъикосшуда кам буда, овозҳои ҷазбшуда бисер мебошанд. Калимаҳо ба гӯши одами шунаванда ҳамзамон расида, саҳеҳ шунида мешавад.

Пурсишҳо

  1. Сарчашмаи овоз чист?
  2. Акси садо чист? Вай кай пайдо мешавад?
  3. Резонатор чист?
  4. Корпуси қомуз кадом вазифаро иҷро мекунад?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …