Главная / Гуногун / ҲОДИСАҲОИ МАГНИТӢ

ҲОДИСАҲОИ МАГНИТӢ

Мо бо калимаи магнит шинос ҳастем. Дар биноҳо даҳҳо ҳодисаҳои истифодаи магнитро дучор омадан мумкин аст. Онҳоро дар магнитофонҳо, ришгиракҳои барқӣ, баландгӯякҳо, дар дари мебелҳои хонагӣ ва дигар ашё истифода мебаранд. Замине, ки мо дар он зиндагй мекунем, магнити бузург шуморида мешавад.

Офтоб ин магнити боз ҳам бузургтар шуморида мешавад.

Дар табиат чунин Магниткой бузург, аз қабили: конҳои оҳан, маъдани магнит (магнетит) мавҷуд мебошанд.

Номи «магнит», шояд аз ҷониби дромнависи Юнони қадим Еврипид (солҳои 406-480 то ба мелод) гузошта шуда бошад. Чунин маълумот дар драмаи ӯ «Санги Магнезия» дида мешавад. Дар он асар таъкид мегардад, ки вожаи «магнит», шояд аз номи музофоти Магнезия, ки дар Юнон қарор дорад, ибтидо бигирад. Сайёҳи рус В.А. Теплов дар солҳои 80-и қарни ХЕХ дар Магнезия қарор дошта, таъкид карда буд, ки ин куҳ бо тандарҳои пайдарпаяш машҳур аст. Чунин хосиятро Куҳи Магнити Урал, ки комилан аз магнетит иборат аст, доро мебошад. Аз ҳикоёти куҳан маълум аст, ки ашёи оҳанине, ки одамон ҳамроҳи худ бурдаанд, аз ҷониби ин куҳ ҷазб ме- шуданд. Дар афсонаи «Ҳазору як шаб» дар бораи куҳи Зимир дар Ҳабашистон гуфта мешавад, ки ҳама мехи киштидоро ва дигар ашёе, ки аз оҳан сохта шудаанд, ба худ мекашид.

kompas

Шояд магнитҳо аз замонҳои қадим дар Аврупо ва Осиё истифода мешуданд.

А Ҷисмҳое, муддати дароз хусусияти магнитнокии хешро ҳифз кардаанд, магнитҳо номида мешаванд.

Магнитҳо ба табиӣ ва сунъӣ тақсим мешаванд.

Магнитҳое, ки дар мактаб ва ё шароити хонагй истифода мешаванд, бо роҳи сунъй ба даст оварда шудаанд. Шаклҳои онҳо гуногун мебошанд. Дар расми 45

магнитҳое нишон дода шудаанд, ки шакли наъл ва ё рах доранд. Агар магнити рахдорро ба қабати аррамайдагиҳои оҳанин гузошта, дубора онро бардоранд, пас мебинем, ки аррарезаи оҳанин тавассути қисматҳои гуногуни магнит бо ҳар роҳ ҷазб мешаванд.

Ба нӯги магнит аррареза, бештар дар мобайни он камтар ҷазбу ҷамъ мешаванд. Магнитро дар байнаш бо риштаи дуқабата баста овезон мекунем. Агар магнитро боэҳтиёт баҳаракат дароварем, вай андак давр зада, меистад. Пас аз таваққуф яке аз қутбҳои магнит ба шимол ва дигараш ба ҷануб менигарад. Агар магнитро аз ин ҳолат берун кунем, пас аз тавақкуф боз дубора ба ҳолати аввалааш бармегардад. Қутбе, ки дар он магнит овезон туда, ба шимол нигаронида шудааст, қутби ши­мол ва қутбе, ки ба ҷануб нигаронида шудааст, қутби ҷануб номида мешавад. Қутби шимоли магнит бо ҳарфи N ишора туда, бо ранги обй ранг карда мешавад. Қутби ҷанубй бо ҳарфи S ишора туда, бо ранги сурх ранг карда мешавад.

▲ Дар ҳама магнитҳо ҳатман ду қутб мавҷуд мебошанд: кутби шимолй (N) ва қутби ҷанубй (S).

Агар магнитро ба ҷисмҳое, ки аз моддаҳои гуногун сохта шудаанд, наздик кунем, пае баъзе аз онҳо ба магнит ҷазб мешаванд, баъзеашон не. Таври мисол, ба магнит оҳан, чӯян ва пӯлод хуб ҷазб мешаванд. Вале никел ва кобалт ҷазб на- мешаванд.

Кайҳост, ки ақрабакҳои магнитй истифода мешаванд. Ақрабаки магнитй ин магнити сабукест, ки аз пӯлод сохта шудааст. Дар он подшипники шишагин гузошта шудааст. Подшипники ақрабакҳо ба сӯзанҳои тез, ки дар поя қарор доранд, гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, вай метавонад озод чарх занад ва ҳамеша дар самти шимол қарор бигирад.

Агар як ақрабакро ба ақрабаки дигари магнитй наздик кунем, онҳо чарх зада, қутбҳои муқобилро ба ҳамдигар гардонида, таваққуф мекунанд. (расми 49-6).

А Қутбҳои гуногунноми магнитҳо ба ҳамдигар ҷазб шуда, қутбҳои якнома аз ҳамдигар дур мешаванд.

КОМПАС (ҚУТБНАМО)

Қисмати асосии қутбнамо ақрабаки магнитй, ки ба сӯзанҳои тез насб шудааст, ба шумор меравад. Ақрабаки магнитй дар қуттии мудаввар ҷойгир карда мешавад. Дар шкалаи компас самтҳои уфуқ нишон дода шудааст. Дар ҳолати ғайрикорӣ ақрабаки магнитӣ давр намезанад, зеро бо фишангча пайваст шудааст. Агар ақрабакро озод намуда, қуттичаро тавре бигардонем, ки қутби шимолии ақрабак бо нуқтаи шимолии шкала рост ояд, метавон дигар самтҳои уфуқро пайдо кард. Агар дар наздикии компас магнити қавӣ ва ё ашёи вазнини металлӣ қарор дошта бошанд, пас вай тав­ри дурусту дақиқ самтҳои уфуқро нишон дода наметавонад. Дар нуқтаҳои гуногуни Замин ақрабаки соат ба таври муайян қарор мегиранд. Ин баёнгари он аст, ки дар гирди Замин майдони бузурги магнитӣ вуҷуд дорад.

Имконияти бо роҳи сунъӣ ба даст овардани майдони магнитӣ аз тарафи физики даниягӣ Эрстед соли 1820 зикр шуда буд.

Агар ақрабаки магнитиро дар паҳлӯи ноқиле, ки ҷараёни барқро интикол медиҳад, гузорем, пас метавон мушоҳида кард, ки вай ба самти шимол-ҷануб моил аст. Пас маълум мегардад, ки дар гирди ноқили ҷараёндор майдони магнитй пайдо мешавад.

Супориш

  1. Мушоҳида кунед, ки магнит кадоме аз моддаҳои дар зер зикршавандаро ба худаш мекашад: мехи оҳанин, қалам, шиша, алюминий, чӯян, когаз ва гайра
  2. Кадом қисмати магнит ба худ бештар оҳанрезаҳоро мекашад?
  3. Сӯзан ё скрепкаро яке паси дигар ба қутби магнит бибанд ед. Сипае сӯзани болоро ба даст гирифта, ҳалқаи ҳосилшударо аз магнит берун кашед. Оё пас аз ин ҳалқа боқй мемонад?
  4. Магнитро болои миз гузошта, болои он картон бимонед. Оҳанрезаҳоро ба картон рехта, оҳистакак ба картон бизанед. Ба манзараи пайдошуда бингаред ва расми онро бикашед. Ин расм ифодагари майдони магнитй аст. Чаро дар ин таҷрибаҳо оҳанрезаҳоро истифода мебаранд?

Пурсишҳо

  1. Вожаи магнит аз куҷо пайдо шудааст?
  2. Магнитҳо чистанд?
  3. Қутбҳои магнитӣ чистанд?
  4. Магнит чанд қутб дорад. Онҳо чӣ тавр ифода мешаванд?
  5. Магнитҳо читавр фаъолият менамоянд?
  6. Компас чй тавр сохта шуцааст?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …