Главная / Гуногун / ҲОДИСАҲОИ БАРҚЙ

ҲОДИСАҲОИ БАРҚЙ

Агар мӯйҳои тоза ва хушкро тавассути шонаҳои пласмассавй шона кунем ва онро ба пораҳои хурди коғаз расонем, мебинем, ки ин пораи коғазҳо ба шона майл мекунанд. Чунин ҳодисаро бори нахуст бофандаҳои Юнони қадим мушоҳида кардаанд. Баъзе аз қисматҳои дастгоҳҳои кории онҳо аз каҳрабо сохта шуда буданд.

Каҳрабо ин ин мулуҳи сахтшудаи дарахтҳои қадимаи сӯзанбаргҳо буда, дар рӯи Замин наздик ба сад ҳазор сол бад-ин тараф мерӯянд. Ҳангоми бофтаи пораи матоъро ба каҳрабо мечаспониданд. Янтар номи юнонии каҳрабо буда, маънии «элек­трон»- ро дорад.

tandurАз ин рӯ, чунин хосияти аҷоиби каҳраборо «барқ» меномиданд. Ашёеро, ки аз резина, сулфур, эбонит, пластмасса, капрон сохта шуда, дорой чунин хосиятқо мебо­шанд, барқишуда ва заряди барқгирифта меноманд.

Пас, маълум мегардад, ки барои ашёро барқӣ намоем, зарур аст ба он заряди барқӣ равона карда шавад. Заряди барқй чист? Вай баёнгари таъсири мутақобилаи барқии байни ашё мебошад. Ду навъи заряди барқӣ: мусбат ва манфй мавҷуд мебошад.

Агар чӯбаки шишагинро ба абрешим бимолем, пас шиша заряди мусбат мегирад. Онро бо аломати «плюс» (+) ифода мекунанд. Агар чӯбаки эбонитиро ба пашм би­молем, пас вай заряди манфй мегирад. Вай бо аломати «минус» (-) ифода мешавад. Азбаски заряди барқӣ хосияти ҷисмро ифода мекунад, пас заряд бидуни ҷисм буда наметавонад. Агар ҷисм мавҷуд набошад, пас ҷисмҳои барқонидашуда низ вуҷуд дошта наметавонанд.

Аз ин рӯ, заряди электрикиро наметавон аз дигар ашё ва ё ҳиссачаҳо ҷудогона баррасӣ намуд.

Ҳамон тавре дар расмҳои 39 ва40 нишон дода шудааст, ҷисмҳои якхела зарядшуда аз якдигар дурӣ меҷӯянд. Вале ҷисмҳое, ки зарядҳои гуногун доранд, ба якдигар майл мекунанд.

Акнун дар бораи он ки заряди барқӣ аз куҷо пайдо мешавад ва ҳангоми барқикунонии ҷисмҳо чӣ ходиса pyx медиҳад, сухан хоҳем ронд. Ин маълумот ба одамон каме дертар, пас аз он ки олимон сохтори атомро омӯхтанд, дастрасу маълум гардид. Дар маркази атом ядрое бо заряди мусбат қарор дорад. Дар гирди он ҳиссачае бо заряди манфӣ ҳаракат мекунад. Ин ҳиссача электрон номида мешавад. Дар расми 41 атоми моддаҳое кашида шудааст, ки дар ҳаёти растаниҳо, ҳайвонот ва одамон нақши асосиро мебозанд. Дар он:

Ҳамон тавре дар расми 41 дида мешавад, чй қадар дар ядро ҳиссачаҳои дорой зарядашон мусбат мавҷуд бошад, ба ҳамон андоза ҳиссачауои дорой зарядашон манфй гирди он ҳаракат мекунанд.

Таври мисол, дар атоми водород як электрон, дар кислород ҳашт электрон мавҷуд бошанд, пас дар атоми уран 92 электрон вуҷуд доранд. Бад-ин тартиб, шумораи электронҳо дар атом гуногун буда, вале барои ҳар як намуди атом доимй мебошад.

Ядро дар атом ҳамеша як адад мебошад. Вай ҳазор маротиба аз электрон вазнинтар мебошад.

Ҳангоми ба ҳамдигар бархӯрдани ду ашё чӣ ҳодиса pyx медиҳад? Маълум мегардад, ки дар ин маврид аз атоми як ҷисм электронҳо берун шуда, ба ҷисми дигар мегузаранд.

А Атомуҳе, ки электронуоро аз даст додаанд, тав­ри мусбат заряд мегиранд ва атомуое, ки электронуоро қабул кардаанд, заряди манфй мегиранд.

I Маводҳо барон хониши иловагй

Ҳангоми барқикунонй тавассути ба ҳамдигар бархӯронидани чӯбакҳои шишагӣ ва эбоновӣ ба дигар ашё, онҳо хеле суст заряд мегиранд. Заряди қавиро тавассути мошини электрофорй гирифтан мумкин аст (расми 42). Мошин аз ду диски шишагин иборат аст. Дар сатҳи онҳо, дар масофаҳои баробар рахҳои борики металликй часпонида шудаанд. Чӯткаи аз симчаҳои борики мисин сохташуда ба рахҳои металлй дар тамос мешаванд. Дискҳо ба самтҳои муқобил давр зада, рахҳои металликй ба чӯтка бархӯрда, бад-ин тартиб барқ ҳосил менамоянд. Зарядҳои барқӣ дар силиндрҳои махсус ҷамъ мешаванд. Дар яке аз он зардяди мусбат ва дар дигараш заряди манфй ҷамъ мешавад. Ба силиндрҳо найчаҳои металликй, ки дар нӯгашон саққочаҳо доранд, пайваст шудаанд.

Бо мошини электрофорй таҷриба мегузаронем. Диски мошинро тавассути даста бо суръати тез давр мезанонем, найчаҳои саққодорро яке ба дигар наздик мекунем. Дар байни онҳо шарора бармехезад. Оташаки сунъй пайдо мешавад. Дар натиҷаи ин зарядҳои барқии саққоҳо бекор мешаванд.

Вале бояд бо мошини электрофорй эҳтиёткорона муносибат кард.

Оташаке, ки тавассути мошини электрофорӣҳосил мешавад, аз он оташаке, ки ҳангоми раъду барқ пайдо мешавад, ҳеҷ фарқе надорад. Раъду барқ, бо оташакаш ва тундараш яке аз ҳодисаҳои даҳшатноки табиат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бисёре аз олимон ҷони худро дар хатар гузошта табиати онро омӯхтаанд. Аз байни онҳо метавон номи олими рус Р.Рихманро ба забон овард, ки тавассути тундар кушта шуда буд. Р Рихман вақти гузаронидани таҷриба оид ба омӯзиши табиат ва хосияти тундарҳо кушта шуд. Таҷрибаҳои олими амрикой Франклин дар мавриди омӯзиши тундар бештар пурсамартар буданд.

Дар яке аз рӯзҳои тобистон, ҳангоми наздик шудани раъду барк, Франклин ба осмони пур аз раъду барқ мори қоғазинро cap дод. Вай мешоҳида кард, ки нахи ресмон «сих барин хеста» ва шах шуданд. Ин маънои онро дошт, ки ресмон ва мори ғоғазин заряд гирифтанд.

Вақте Франклин бо як дасташ ба ресмони тар ва бо дасти дигараш ба калиди оҳанин дар тамос шуд, байни онҳо шарора барафрӯхт ва қарсу курси маъмулй садо дод. Хушбахтона, олим зинда монд. Дар асоси ин таҷриба Франклин исбот кард, ки ҳодисаи барқй дар атмосфера аз ҳодисаи барқии дар лаборатория ҳосилшуда ҳеҷ фарқе надорад.

Дар асоси дастовардҳои илмй, метавон бидуни заҳмат пайдоиши раъду барқ ва тундарро шарҳ дод. Ҳангоми тағйири ҷой намудани ҷараёни ҳаво ҳиссачаҳои об тақвият ёфта, абрҳо барқонида мешаванд.

Агар абрҳои зарядашон гуногун бо ҳам бархӯранд, онҳо безаряд шуда, байни онҳо тундар пайдо мешавад (расми 43).

Дарозии тундар баъзан даҳҳо километрро фаро мегирад. Ҳарорат ончунон гарм аст, ки вай металҳоро об намуда, сӯхтор ба вуҷуд меоварад. Ин вақте cap мезанад, ки тундар байни абрҳо ва Замин медурахшад . Вай метавонад одамон ва ҳайвонотро сироят намояд.

Ҳамон тавре таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ҳангоми раъду барқ набояд дар наздикии биноҳои баланд, ашёҳои вазнини металлй ва дарахтони намкашида қарор гирифт.

Бо мақсади ҳимояи биноҳо аз ин офатҳо воситаҳои махсуси дифоӣ аз тундарҳо- зиддитандарҳо истифода мешаванд. Ин як қаламчаи металлй буда, дорой як нӯги тез ва ҷорӯбҳои сихҳояшон борики металлй мебошад. Ин нӯги он бояд ҳангоми насб карданаш дар боми хона баланд барафрошта шавад.

Симе, ки ба стержен( қаламча) пайваст шудааст, бо девор поин фароварда шуда, бо пораи металлй, ки дар замин кофта ҷойгир пгудааст, пайваст мегардад. Агар тун­дар ба асбоби зиддитундар занад, пас бо роҳи наздиктарин ба замин меравад ва ҳеҷ зараре ба биноҳо ва аҳолй намерасонад.

АСОСИТАРИН НУКТАҲОИ МАВЗУЪ

Ду навъи заряди электриӣи: мусбат ва манфй мавҷуд мебошад. Зарядҳои электрикӣ аз байн намераванд ва худ аз худ пайдо намешаванд. Онҳо аз як ҷинс ба ҷинси дигар гузашта ва ё дар дохили як ҷисм тағйир меёбанд. Ҷисм бе заряд мавҷуд буда метавонад, вале заряд бе ҷинс вуҷуд дошта наметавонад.

Пурсишҳо

  1. Заряди барқӣ чист? Кадом навъҳои заряди барқӣ вуҷуд дорад?
  2. Ҳангоми ба ҳам бархӯрдани як чиз ба чизи дигар кадом ҳодиса pyx медиҳад?
  3. Кадом чисм мусбат зарядшуда ва ё манфй зарядшуда номида мешавад?
  4. Тундар чист?
  5. Вай боиси кадом офатҳо шуда метавонад?
  6. Тавассути мошиии электрофорй кадом таҷрибаро гузаронидан мумкин аст?
  7. Барой чй дар биноҳо антенаҳои баланд насб мекунанд?

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …