Главная / Гуногун / Қодирия – Равия дар Ислом

Қодирия – Равия дар Ислом

Қодирия – як тариқати басо маъруфу машҳури аҳли суннат, яъне, ихвонияи сӯфия, ки онро дар асри XII дар Ироқ, Шайх Мавлоно Абдулқодири Гелонӣ /дар арабӣ Ҷелонӣ/ мулаққаб бо Сайид Ғавсулаъзам таъсис намуда. Шайх Абдулқодири Гелонӣ асосан мубаллиғи таълимоти мазҳаби ҳанбалия мебошад ва дар байни пайравони ҳанафия /Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва ғайра/ низ интишор ёфтаву муридон ва ихлосмандону пайравони бедордилу худоогоҳи худро дорад. Ӯ аз аҳли Форс буда, Форсизабон аст (аслан насаби падарии ӯ аз Имом Ҳасан (р) ва насаби модариашон аз Ҳазрати Имом Ҳусайн мебошад, ки дар Гелони Эрон тавлид ёфтаанд ва Ҳазрати Сайид Ғавсулаъзам Муҳиддин Абдулқодири Гелонӣ ё дар араби Ҷелонӣ Султони авлиёҳо мебошанд).

Муҳиддин Абдулқодир ибни Абӯсолеҳ Ҷангидӯсти Гелонӣ-Сайид Ғавсул- Аъзам, ки аз авлоди Ҳазрати Мавло Алӣ алайҳиссалом аст, дар синни 18-солагӣ (бо дуои модарашон Бибӣ Фотимаи мӯъмина) ба Бағдод меояд ва дар дарсҳои бисёре аз уламои мубаллиғи мазҳаби фиқҳии суннии ҳанбалӣ ва шофеъӣ иштирок мекунад, аз ҷумла дуруси фуқаҳойи ҳанбалӣ, назири Абулвафо Ибни Оқил /вф.1119/ ва Қозӣ Абӯсаид Ал-Муборак Ал-Муҳарримӣ, ки бори охир соли 1100 ба ӯ хирқаи муборакро ҳадя намуд, ки то ин дам ба ягон силсилаи шариф нагаравида буд ва ҳатто дар дарсҳои мадрасаи Низомия иштирок карданро рад карда буд, ки он ҷо Аҳмади Ғаззолӣ /вф. 1126-муаллифи «Савонеҳ-ул-ушшоқ» дарс мегуфт. Аммо баъдтар ӯ ба дарсҳои таълимоти Абулхайр Ад-Даббос /вф.132/ иштирок мекардагӣ шуд, вале бо шогирдони ӯ доим дар муноқиша ва баҳс буд. Пас аз зиёрати Каъба, яъне, адои Ҳаҷ ва зиёрати равзаи муборак, яъне, оромгоҳи мубораки Ҳазрати Расулуллоҳ /с/ муддати 25 сол, дар биёбонҳои бе каси Ҷануби Ироқ ҳамегашт, барои муҷодала бо нафс ва тақвияти ирода ва ба зӯҳду вараъ ва тақводорӣ, рӯҳи худро парвариш медод, ки медод ва дарвешона сайри биёбон мекард ва аз мардум дурӣ меҷуст ва мисли аскетҳо бо касе сӯҳбат кардан намехост. (Чаро? Барои он, ки ҳамсӯҳбати шоистае надошт-С.Б.Б) ва дар синни 50-солагӣ, дар Бағдод пайдо мешавад ва (ҳамчун воиз ва мубаллиғи аҳодиси навабӣ (с) ва донандаи илмуттавҳид ва кашшофи асрори илм-ул-ғайб-С.Б.Б) дар байни мардум, ба баёни ҳикмати илоҳӣ оғоз, мекунад ва дар як муддати кӯтоҳ, ҳамчун шахсияти табаррук ва инсони комил, обрӯ пайдо мекунад. (Ӯ дар воизӣ ва ойини суханварӣ яктои замони хеш,буд ва суханони пурҳикматаш чун оҳанрабо қалбҳои муштоқони каломи ҳақро ва равандагони роҳи ҳақро ба сӯи худ мерабуд, ки мерабуд. Ва ин боиси он гардид, ки ӯ шогирдони зиёде пайдо намуд ва аз тамоми, гӯшаву канори олам мусалмонон назди ӯ барои омӯхтани таълимоташ меомаданд-С.Б.Б). Шайх Абдулқодири Гелонӣ баъди шаш сол, ба ҳайси роҳбари мактаби устодаш Ал-Муҳарримӣ, ба фаъолият шурӯъ мекунад ва ӯ, ки ниҳоят сахтгир буд ва пурхашм, аз салобаташ ҳама меҳаросиданд (яъне, салавоте азим дошту каромоте аҷиб-С.Б.Б). Шогирдону пайравон барои ӯ ва аҳли оилааш, ки 42 фарзанд дошт, работе бо бинои нави мадраса сохта доданд, ки ӯ он ҷо ба ҳайси муфтӣ ва муфассири Қуръон фаъолият мекард ва аввалҳо ба шогирдон бидуни истифодаи истилоҳоти тасаввуфӣ, илми ҳадис ва илми фиқҳ меомӯхт ва шогирдонро бо таълимоти мазҳаби фиқҳии ҳанбалӣ ошно мекард (ва ба таври қатъӣ ва бечуну чаро, ба суннати Расули акрам Муҳаммади Мустафо /с/ риоя мекард, аммо дар гуфтори ӯ бӯи тасаввуф ҳам, ба машоми муштоқон мерасид, ки мерасид ва ҳидояташон мекард мардумро ба сӯи роҳи шариъат ва роҳи тариқат ва роҳи ҳақиқат, яъне ъирфон-С.Б.Б). 49-65-66.

Аз Шайх Абдулқодири Гелонӣ, асарҳои зерин боқӣ мондаанд; «Ал-фатҳ-ур-Раббонӣ»; «Ҳизби башоир-ул-хайрот», «Явоқит-ул-хайр», «Фуюзот-ур-раббонӣ», «Девони ғазалиёт, рубоиёт ва қасоиди Шариф» (бо тахаллуси шарифи Муҳӣ), «Ал-Ғуния ли толиб-тариқал ҳаққ», ки таълимоти Шайх оиди масоили иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, дар асоси мазҳаби ҳанбалист, ҳамчунин маълумотҳои мӯътамад оварда шудааст, дар ин асар дар бораи 73 фирқаи исломӣ ва баъзе аз макотиби динии асрҳои ХII-XIII; дигарӣ «Футӯҳул ғайб»-кашфи асрори олами ғайбӣ; ду асари дигари маҷмӯи таълимоти ӯро писараш ҷамъ оварда, ки мутаассифона номи онҳо дар адабиётҳо зикр наёфта; «Қасидат ал-ғавсия» /ин асарро ба ӯ нисбат намедиҳанд, шояд аз осори намояндаи бузурги ин тариқат муриди Абдулқодири Гелонӣ-Муҳаммад Ғавс бошад-С.Б.Б/ ва ашъори назмӣ, ба забони форсӣ, ки бештар ғазалиёт, рубоӣ ва қасидаҳои динӣ – ирфониро дар бар гирифтааст. Тахаллуси шоириаш «Муҳӣ» аст.

Шайх Абдулқодири Гелонӣ /1077-1166/ дар таърихи Ислом ва дар байни мусалмонон ҳамчун яке аз шахсиятҳои басо маъруф, инсони комил, кашшофи асрори ғайбӣ, кашшофул қулуб, дар ҳадди боло муваҳҳид ва пири қасида машҳур аст. Тариқати қодарияро тариқати сайидон (авлодони Пайғамбар /с/ яъне, аз авлодони Мавло Алӣ /р/ ва возеҳтар, тариқати сайидзодагоне, ки аз авлоди Имом Ҳасан )ъ-с) ва Имом Ҳусайни Шаҳид /р/ ҳастанд ва сароғози силсила ҳамоно Ҳазрати Расулуллоҳ /с/, Ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ, Ҳазрати Умар, Ҳазрати Усмон ва Ҳазрати Алӣ ҳастанд) низ мегӯянд.

Сайид Ғавсулаъзам Шайх Абдулқодири Гелонӣ /р/ зодаи деҳаи Найфаи Гелон /Эрон/ аст ва оромгоҳи мубораки ин бузургвор /ки дар замони дар қайди ҳаёт буданаш дар асри XII, ба ривоёти шуюхи ин тариқат ва далели муҳаққиқон, касе агар бе таҳорат номи ӯро мегирифт ҷазои сахт дода мешуд/ дар Бағдод аст. Тариқати мазкур дар асри XIII эътибор ва густариш ёфт. Дар тасаввуроти пайравони қодирия муассиси он Сайид Ғавсулаъзам мақоми баланд дорад ва узвияти ӯ дар ихвония доимӣ буда, ба пайравонаш тавассути миёнаравон роҳбарӣ мекунад, ақидае вуҷуд дорад, ки ӯро /пинҳонӣ/ ба дараҷаи илоҳӣ-қудсият, яъне, руҳулқудс баровардаанд.

Аммо ба ақидаи муаллифи ин навиштаҳо /С.Б.Б, ки пайрави фақири ин тариқати шариф ҳастам/ пирам Ҳазрати Сайид Ғавсулаъзам Шайх Абдулқодири Гелонӣ як бандаи Худо, аз умматони солеҳу шоистаи Расулуллоҳ /с/ ва яке аз бузургтарин нишонаву эъҷоз ва исботи вуҷуди ҳақ ва зуҳӯри илми ҳақ, дар сурати инсон, дар Замин аст, яъне, қутб ва инсони муваҳҳиду басо комилу ба ҳақ расида аст, ки асрори илми ғайбро /дар асоси Қуръон ва Ҳадис/ бо иродаи Парвардигори субҳон, ба он ҳадде, ки ба фаҳму фаросати хосу оми пайравон ва кулли мусалмонони бедордил мувофиқи фаҳм аст, ошкор карду рафт, ки рӯҳи пурфутӯҳаш роҳнамои мову шумост ва иншоаллоҳ шафоатхоҳу шафоаткунандаи пайравон, дар арасот хоҳад буд, дар назди ҳузури рӯҳи пурфутӯҳи Расулуллоҳ /с/ ва дар ҳузури ҷамолу дидори чигун ва бе чигуни Парвардигори субҳон (ҷалла ҷалолаҳу).

Тариқати қадирия, дар қатори дувоздаҳ силсилаи бародарони аҳли тасаввуф яке аз қадимтарин ва интишорёфтатарин таълимоти динист, ки афкори ғулоти шиъа ва таълимоту ақидаҳои равияҳои каҷраву ба иборае озодандеши исмоилия ва ғайраи аҳли ташайюъро комилан рад мекунад. Мувофиқи таълимоти қодирия инсон махлуқи Худо аст ва дониши инсон нисфӣ аст. Ва ҳар он ҳукму хулосае, ки инсон дар асоси ақидаҳову фаҳмиши худ баён мекунад, дар назди ҳақиқати (қадим ва лоадрӣ ва ҷовидонӣ) кулл ва бе поён, нисфӣ аст. Худованд, худ дар дини инсоният, давра ба давра, тавассути расулони худ ва тавассути кутуби илоҳӣ, ислоҳ дароварда аст. Ва ахиран Қуръони Маҷидро (ба номи Ҳабибаш Муҳаммади Мустафо салъам) фиристода аст, ки инсонҳои «доно» ва «озодандеш» ва «ислоҳотчиву навгаро» бидонанд, ки ҳақиқати кулл чист ва Раббашон кист ва ҳақиқати ҳол чист?

Қодириён мегӯянд: – Инсон, ки барои ислоҳи ҷомеъаи худ, аз шарру шӯр оҷиз аст ва дар фаҳмиши илми кулл ва ҳақиқӣ оҷиз аст, пас чи гуна метавонад, ки махлуқе ночиз ислоҳи илми Ҳақ, яъне, ислоҳи дин кунад? Худоё агар ба мо ақл намедодиву заррае илми худро ошкор намекардӣ, мо ки будем? Ҳайвон!

… Бисёр муаллифони сарчашмаҳои илмӣ, қодирияро қадимтрин силсилаи тариқат меноманд. Шайх Абдулқодири Гелонӣ намояндаи аҳли суннат ва ҷамоъат буда, пайрави мазҳаби ҳанбалия буд, ки дар қатори чаҳор мазҳаби бонуфӯзи фиқҳии аҳли суннат ва ҷамоъат, ҷавонтарин мазҳаб аст. Асоси таълимоти қодирияро риёзати қалбӣ ташкил медиҳад. Бисёре аз нуктаҳои таълимоти қодирия ба ақидаҳои мазҳабҳои ҳанафия, моликия шофеъия ва ҳанбалия монанд аст.  Тариқаҳои кубравия ва нақшбандия давоми бевоситаи қодирия мебошанд…

«Қодирия дар Эрон густариш ёфта бошад ҳам, баъди интишори исноашария /шиъиёне, ки дувоздаҳ имомони аҳли байтро имомони барҳақ ва ворисони бевоситаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам медонанд, С.Б.Б./ва зулму истибдоди Сафавиён, пайравони ин силсилаи тариқати тасаввуфии аҳли суннат, ба дигар марзҳои мусалмонӣ, аз ҷумла ба Бағдод, яъне, он ҷое, ки мақбараи пири тариқаташон Сайид Ғавсулаъзам – Шайх Абдулқодири Гелонӣ онҷост, ҳиҷрат намуданд». 82.88.

Шайх Абдулқодири Гелонӣ, аввал улуми ақлӣ ва фиқҳиро азбар намуда, баъд ба таълими илмҳои зоҳирию ботинӣ пардохт ва дар илми тасхир низ риёзат кашид, то ба ҳадде, ки худ бузургтарин донанда ва ҳамчун кашшофи илмулғайб ва пири қасидаи ирфонӣ, шӯҳрат ёфт. Байни сӯфиён, бо номи «Шайхи Машриқ», «Қутби Аъзам», «Султон», «Шоҳи шоҳон», «Муҳиддин», «Маҷидуддин», «Сайид Ғавс-ул-Аъзам» ва ғайра маъруфият дорад. Ӯ дар санъати суханварӣ ва воъизӣ маҳорати фавқулодда ва ғайбие дошт ва суханони намакину пурҳикмат ва амри маъруфи ӯ /барои наҳӣ мункар/ ба рӯҳу равони сомиъин зуд кора мекард ва аз ин хотир аст, ки Шайх Абдулқодири Гелонӣ, дар байни пайравони худ ва дар байни аҳли суннат соҳиби иззату эҳтиром гардидааст. Зиндагии ин марди хирад ва андеша, бо риёзат гузаштааст, дар зӯҳду вараъ ва дар ибодат ӯ муқаллиди Расулуллоҳ (с) ва дӯстдори равиши Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ буд. Дар байни аҳли илму адаб ва шеъру шоирӣ ва ба хусус дар байни шуаройи аҳли тасаввуф, Шайх Абдулқодири Гелонӣ, бо тахаллуси шоирии «Муҳӣ», соҳиби иззату эҳтиром аст. Ва китоби ашъори назмии ӯ, ба форсӣ аст, ки баъди вафоташ шогирдон ва фарзандонаш ҷамъоварӣ кардаанд. Дар маъхазҳо омада, ки ӯ 42 фарзанд дошта, ки ёздаҳ нафари онҳо тариқати падарашонро пазируфтаанд. Дирафш ва ё парчами ин силсилаи тариқати тасаввуфии аҳли суннат ва ҷамоъат ранги сабз аст, яъне, рамзи Ислом: ва ба ин хотир аст, ки дар туғи болои мақбараи Шайх Абдулқодири Гелонӣ, дар Бағдод асрҳо ба ин ҷониб дирафш, яъне, байрақи сабз партавашон аст, ки рамзи дини мубини Ислом аст. Шайхони ин силсилаи тасаввуфӣ, доим амома ва либоси сабз мепӯшанд, ки ин ҳам аз суннати пешвойи эшон-Сайид Ғавсулаъзам Шайх Абдуқодири Гелонӣ буд.

… Қодирия дар Эрон васеъ густариш ёфта буд, вале дар асри XVI баробари ба тахти салтанат омадани Сафавиёни шиъа оҳиста-оҳиста аз байн рафт /вале дар байни тӯдаҳои аҳли суннати Эрон ҷо-ҷо таълимоти ин тариқат роҳнамои мусалмонон аст/, зеро силсилаи мазкур зидди равияи шиъа буд. Дар мобайни асри XX қодириёни Африқои Шимолӣ, бар зидди мустамликадорони Фаронса фаъолона мубориза бурданд. Сардори шӯриши Ал-Ҷазоир-Имом ғозӣ Абдулқодир ба авлоди шайхони қодирия мансуб буд. Чунин мавқеи ватанхоҳӣ ва ватанпарварии қодирия, ба бештар интишор ёфтани нуфӯзи ихвония, дар Африқои Шимолӣ мусоидат намуд.

Қодириён мувофиқи таълимоти ососгузори худ Ҳазрати Сайид Ғавсул-Аъзам Шайх Абдулқодири Гелонӣ ва аз рӯи таълимоти муршид ва пирони худ одатан ба зикри ҷаҳрия-хондани зикри баланд ва ҳувайдо, яъне ҷаҳрия ва ё зарби Шариф ва пасон зикри «Авроди шариф» /дар ду вақт-субҳи барвақт яъне, қабл аз намози суннат ва фарзи бомдод ва пас аз намози ишоъ ва витри воҷиб ва ё қабл аз витр машғӯланд. /Дар зикри фардӣ, ором ва ё хуфияи хеш бошад қодириён ба тарзи ором ва хамӯш, рӯ ба Қибла, тавре менишинанд, ки нақши калимаи «Аллоҳ»-ро мемонад, яъне, чаҳор зонуву нарангуштони пой ва нохуни он сӯи Қибла ва чашмони пӯшидаву дастон бо ангуштон росткардашуда ва каме аз ҳам кушода рӯи зонуҳо. Ва машғул мешаванд, ба санои Парвардигору дурӯду саловати Расулуллоҳ /с/ ва наҳти ӯ /с/-у ёрону асҳоб ва пирони силсилаи дувоздаҳгонаи ихвонияи сӯфия ва боз ба тариқи ҷаҳр (садои баланди ирфонии хушнаво) зикри «Авроди Шариф», ё худ «Авроди фатҳия» (зикри «Авроди фатҳия» бошад, одатан пас аз адои ду ракаъат фарзи бомдод, яъне фаҷр дар ҳалқаи шариф хонда мешавад ва асосгузори он пири тариқаи Кубравия Шайх Наҷмуддини Куброии Хоразмӣ – аз тоҷикони хоразмӣ ва такмилдиҳандаи он сайидуссодот Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад)…

Зикри махсуси муъаккада ва таъиншудаи тариқати қодирия ба чунин зайл аст: «-Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим /1 бор ба сидқи комил/; Афзалу зикрука Ло илоҳа иллаллоҳ /1 бор/; Ло илоҳа иллаллоҳ, /33 бор/; Ҳасбӣ Раббӣ ҷаллаллоҳ, мо фӣ қалби ғайруллоҳ нури Муҳаммад саллаллоҳ, Ло илоҳа иллаллоҳ, /33 бор/; Ло илоҳа иллаллоҳ /33 бор/; Иллаллоҳ/33 бор/; Ҳу, ҳу, ҳу Аллоҳ /33 бор/; Аллоҳ-ҳу, Аллоҳ-ҳу /33-бор/; Аввал-ҳу, охир-ҳу /33 бор/; Зоҳир-ҳу, ботин-ҳу/33 бор/; Ҳозир-ҳу, қодир-ҳу, нозир-ҳу /33 бор/; /Ло маъбуд-Иллаллоҳ /33 бор/; Ло мавҷуд Иллаллоҳ /33 бор/; Ло мақсуд Иллаллоҳ /33 бор/; Анталҳодӣ-антал Ҳақ, лайсал ҳодӣ-иллоҳу /33 бор/; Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳ, субҳоналлоҳил-ъазими ва биҳамдиҳ» Астағфируллоҳ /33 бор/.

Астағфир – истиғфор, мо бад кардем аз кирдор, ҳам тавба ҳам тақсир, ҳам раҳмат, ҳам дидор, банда осӣ гунаҳгор, гунаҳҳоро даргузар, ё Қодири зулҷалол, ё Донои кулли ҳол /33 бор/: Ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммадуррасулуллоҳ /33 бор/».

Ва баъди зикри шарифи ҷаҳрия. Хондани намози бомдод ва пасон хондани «Авроди фатҳия» / «Авроди шариф» – муноҷоти як ҳазору чаҳорсад қутб ва авлиён комил/ барои машоихи қодирия ва пайравону муридон, яъне, соликони эшон суннати расмӣ аст («Авроди Фатҳия» – алфози қудсии ҳазору чаҳорсад авлиёи кабир аст, ки нахуст аз ҷониби Ҳазрати Шайх Наҷмуддини Кубро ба суннат даромада ва сипас аз ҷониби Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ эҷод ва мукаммал карда шудааст, ки ин зикри Шариф вирди забони пирони тариқат, ҳомиёни шариат ва ҷумла соликони роҳи ҳақиқат мебошад).

Машойихи бузург ва нисбатан шинохтаи силсилаи тариқати тасаввуфии ихвонияи қодирия яъне, муридону пайравони  Ҳазрати Сайидғавсулаъзам Шайх Абдулқодир инҳоянд; Муҳаммад  Ғавс /охири асри XV Ҳиндустон/, Исмоили Румӣ /вф.1631 ё 1643/, Шайх Абдулқодири Ал-Ҷазоирӣ, Алӣ  ибни  Ҳаддод,  Муҳаммад Батоиҳӣ, Муҳаммад Абдуссамад, Сайид Яҳё Ҳазрати Амири Девонаи Кирмонӣ (мулаққаб бо Ҳазрати Амири Девона, яке аз шайхони машҳур, ки аз ҷониби модарӣ, аз авлоди Шоҳ Шуҷои Кирмонӣ ва аз тарафи падарӣ, қурайшӣ, яъне, сайидзода буда, аз дудаи шарафманди Мавло Алӣ ъалайҳиссалом мебошанд ва яке аз шуаройи маъруфи асри ХIV-анд, яъне,   ҳамзамон ва ҳамасри андалеби боргоҳи Ҳақ-Шамсуддин Муҳамммад Ҳофизи Шерозӣ, ки ба ривояте саҳеҳ, Ҳазрати Амири Девонаи  Киромӣ  муддате бо Хоҷа Ҳофиз, дар мадрасаи  Шероз шарикдарс  будаанд  ва  замоне  ҳам  чанд муддат дар  як ҳуҷра мезистаанд, ки баъдан Амири Девона, дар дарбори Шоҳ Шуҷоъи Кирмонӣ, эътибори баланд пайдо мекунад ва бо тақозои замон ва ҳаводиси рӯзгор ҷилойи ватан намуда, ба мулки Тоҷикистони имрӯза меоянд ва оромгоҳи эшон, ки аз алавиёнанд, дар музофоти боло аз Норак, дар баландии кӯҳ-мобайни ду садд, яъне, байни Норак ва Кангурт ва сарҳади  Вахё воқеъ аст. Аз ҳаводиси рӯзгор ва турктозиҳои туркони тиҳимағз Ҳазрати Амири Девона, аз балоҳо ҳазар гӯён ҷилои ватан намуда, ки осори он мақбараи эшон аст, ки болотар аз Норак воқеъ буда, зиёратгоҳи мардумон аст. Шаҷара, яъне насабномаи Ҳазрати Амири Девона, дар дасти яке аз наберагонаш, ки аз авлоди эшон аст, боқӣ монда, ки исми эшон Ҳоҷӣ Сайид Муҳаммадумар аст ва синни ӯ ба панҷоҳ аст ва аз шахсони бомаърифат ва соҳибэҳтироми музофоти Файзободу Норак ва Кофарниҳон мебошанд), Шайх Муслиҳиддин Бадеуддини Нурии Хуҷандӣ, Мир Сайид Ошиқи Бухории Танурӣ, Мир Сайид Шоҳ Убайдуллоҳи Валӣ, Мир Сайид Нуриддини Валӣ, Сайид Ҳасанхоҷаи Хоразмӣ, Мир Сайид Ҳусайни Хоразмӣ, Сайид Мирзохоҷаи Бухорӣ (падари Сайид Мирзобаҳодурхоҷаи Танурӣ), қутби тариқат ва бурҳони ҳақиқат ва гулханвуруди масти гулшани роз, яъне баҳри ҳақиқат андаруни гулхан нишаста, гашта рухсораҳо гулгун ва дар ишқи Худо ва ҳабибаш Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам ва ба эҳтироми Имоми Аъзам (р) ва Сайид Ғавсулаъзам ва Ҳазрати Баҳоваддини Нақшбандӣ ва пирон дар хилват басо бигриставу дидагон пурхун ва мубаллиғи шариъати ғуррои Муҳаммадия (с) ва тариқати волойи қодирия, яъне, Ҳазрати Мавлавӣ Эшони Сайид Мирзобаҳодурхоҷаи Танӯрии Бухорӣ-мулаққаб бо «Эшони Валӣ», «Эшони Танӯрӣ», «Ошиқи Танӯрии Бухороӣ» /эшон яке аз нахустмуршид ва мубаллиғи шариати ғурройи Муҳаммадия (с), мазҳаби муҳаззаби сироҷи умам-Имоми Аъзам-ҳанафия ва ҷорикунандаву интишордиҳандаи таълимоти тариқати қодирия, кубравия ва нақшбандия дар Болооби Зарафшон, яъне, ба хусус Кӯҳистони Масчоҳ ва Яғноб буда, аслан аз сайидзодагони бухории қурайшианд, яъне, аз ҳамон дудаи шарафманди алавӣ, ки мувофиқи шаҷараи дорои мӯҳрҳои зиёди тасдиқӣ буда, эшон аз авлоди Ҳазрати Мавло Алӣ ибни Абӯтолиб ва Ҳазрати Имом Ҳусайни шаҳиди аъло ибни Алӣ ибни Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳӣ ва олиҳи ва салламанд ва оромгоҳашон воқеъ, дар маҳаллаи Шербудани шаҳри Бухоро. Ҳазрати Эшони Мавлавӣ Сайид Мирзобаҳодурхоҷаи Танӯрӣ аз содоти Ҳусайнӣ (саломуллоҳ)-анд. Ва авлоди ин ҳазрат аслан аз Маккаи мукаррама ба Ҳамадони Эрон ва аз он ҷо ба Хоразм ва пас аз муддате тӯлонӣ ба Бухорои Шариф меоянд. Эшони Танӯрии Бухорӣ дар Бухоро тавлид ёфта ва дар ин шаҳр ба камол расидаанд ва дар шаҳрҳои Хоразм ва Бухоро такмили илм кардаанд. Ва аз ҷумла дар насабномаи Эшони Танӯрӣ, ки аз ҷониби хаттотони хушхати бухорӣ бо хати настаълиқ хеле мунаққаш ва бо санъати зарҳалкорӣ ва рангу бори аҷиб навишта шудааст, мехонем (яъне, омада): «Насабномаи Эшони Сайид Мирзобаҳодурхоҷа (р) – Эшони Сайид Мирзобаҳодурхоҷа валади Сайид Мирзохоҷаанд. Силсилаи Ҳазрати Эшони марҳумӣ Сайид Мирзобаҳодурхоҷа сулси рубъ аст ва ъалаттахассис силсилаи кубравия ва Ҷунайдияи Маъруфи Кархияи Ҳамадонияи муассиси Мустафавия қаддасаллоҳ арвоҳуҳумо ва атбоъуҳумо. Султонулмуҳаддисин, бурҳоналтаҳқиқийн, ҳуҷҷатал ъорифийн, махдумийналъоламин писари ҳумомалъазизи Ҳазрати амирайн ва кабирайн ва шайхайн ва Ҳазрати махдуминанд он Қутби ягонаи содиқ ва он зубдаи халоиқ Мир Сайид Ошиқ – мифтоҳи қулуби соликон, ки Ҳазрати Шоҳ Убайдуллоҳхоҷа писарашонанд, ин ду азиз ба се восита ҷадди (бобои) бузургвори Ҳазрати Эшони Мирзобаҳодурхоҷа мебошанд. Ҳоло дар поён таҳрир хоҳад ёфт ғафараллоҳу аҷмаъин ҳама:

Донӣ, аҷаб қофиласолоронанд,

Мебаранд хубу ҳувайдо ба ҳарам қофиларо.

Нақшбандия аҷаб қофиласолоронанд,

Мебаранд аз раҳи пинҳон ба ҳарам қофиларо.

Ҳазрати Мир Сайид Муҳаммад Ошиқи Танӯрии Бухорӣ ибни Амир Сайид Муҳаммад Амин ибни Амир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз рӯи насаб (шаҷараи авлодӣ) сайидҳусайнӣ мешаванд, аз рӯи иродат назари тартиб аз эшони Ҳасанхоҷа (р) ёфтаанд ва касби камолот кардаанд. Аммо ҳазрат рухсати иршод аз Амир Сайид Ҳусайни Хоразмӣ ёфтаанд ва ҷояшон дар Бухоро дар қарияи Шербудан мебошад ва аз эшон чаҳор писар будааст, як писари эшон Мир Сайид Шоҳ Убайдуллоҳи Валӣ мебошанд. Писари Хоҷа Шоҳ Убайдуллоҳи Валӣ – Шоҳ Амир Сайид Нуриддинанд ва аз Эшони Хоҷа Шоҳ Нуриддин се писар мондааст, яке писари он Ҳазрат Эшони Амир Сайид Мирзохоҷаанд. Аз Эшони Шоҳ Сайид Мирзохоҷа Эшони Сайид Мирзобаҳодурхоҷа мутваллид шудаанд. Ва низ Эшони Мирзобаҳодурхоҷа ба иршоди халоиқ маъмур гаштаанд ва ҷамъи азим аз эшон баҳра бардоштаанд, дар сулуки қодирия, кубравия ва нақшбандия қаддасаллоҳу таъоло ъалайҳим аҷмаъин ва овозаи эшон (Сайид Мирзобаҳодурхоҷаи Танӯрӣ) аз Машриқ то ба Мағриб рафтааст, Ҳазрати Эшони Сайид Мирзобаҳодурхоҷаи Танӯрӣ низ дар Шербудан осудаанд…

Ва аз Ҳазрати Эшони Сайид Мирзобаҳодурхоҷа (р) се писар мондааст ва яке писари Эшон Сайид Аҳмадхоҷа ва Сайид Аҳмадхоҷаро ду писар будааст, ки яке писари калони он ҳазрат Эшони Сайид Неъматуллоҳхоҷаанд ва аз Эшони Неъматуллоҳхоҷа ъалайҳирраҳма се писар мондааст ва писари калони он ҳазрат Сайид Аҳмадхоҷаанд ва низ Сайид Аҳмадхоҷаи сониро чаҳор писар боқӣ мондааст ва яке аз писарони эшон Сайид Бобохоҷаи Валӣ (р) мебошанд, ки аз Бухоро ба вилояти Масчоҳ (деҳи Оббурдон) афтода, мутаваттин шудаанд ва аз Эшони Бобохоҷаи Валии Танӯрӣ ду писар мондааст, писари калони эшон – Эшони Мир Сайид Эшонхоҷа (р) ва писари хурди он ҳазрат Эшони Мир Сайид Аҳмадхоҷа (р); Ҳазрати Эшони Мир Сайид Эшонхоҷаро панҷ писар будааст ва яке аз писарони эшон – Ҳазрати Эшони Сайид Маллахоҷаи Валӣ (1861-1949) мебошанд ва Эшони Маллахоҷаро се писар будааст: Эшони Ҳаётхоҷа (мулаққаб бо Эшони Тӯра – 1905-1992), Эшони Бобохоҷа (Эшонбобо) ва Эшони Тӯрахон. Аз Эшони Тӯра (Ҳаётхоҷа) се писар аст: Эшони Бузургхоҷа, Эшони Тӯрахон (р) ва Эшони Мирзохоҷа ва аз Эшони Бузургхоҷа даҳ писар ва се духтар аст…

Эшони Мир Сайид Бобохоҷа ибни Сайид Мирзобаҳодурхоҷаи Танӯрӣ (ки ба вилояти Масчоҳи Кӯҳӣ омада ва дар деҳи Оббурдон манзили охират ихтиёр кардаанд, ки ҷамъе азим машойих аз эшон баҳраи тариқат бардоштаанд); Мавлавӣ Эшони Сайид Маллахоҷаи Валӣ /аз дудаи Сайид Мирзобаҳодури Танӯрӣ, мутаваллиди соли 1861 дар деҳаи Оббурдони Масчоҳ, ки аз мубаллиғони навбатии қодирия, дар ин воҳа буда, пири мардуми бисёре аз деҳаҳои кӯҳии Болооби Зарафшон, ба хусус мардуми баъзе аз деҳоти Масчоҳ ва алалхусус пири мардуми суғдзабонони Яғнобдара ва деҳаҳои тоҷикзабони он – Ворсовут, Хишортоб, Марғеб ва Такфону Анзоб мебошанд ва ба гуфтаи худи мардум, эшони баъзе аз деҳаҳои ноҳия Ғончӣ, аз ҷумла Каҷровут, Навобод, Сурхоб, Қалъачаи Арбоб, Пушти Отхона ва ғайра ва пири кулли яғнобиёни муқими Тоҷикистон ва пири мардуми деҳоти баланкӯҳи Кӯктеппа, Ҳазора, Намозгаҳ, Оби Хирф, Насрут, деҳаи Дара ва Зуманду Гароб ва Сафедораки ноҳияи собиқ Кӯктош ва ҳоло Варзоб мебошанд. Ва оромгоҳи ин бузургвор – Эшони Маллахоҷаи Валӣ, ки яке аз муфассирону муҳаддисон ва фақеҳони соҳибфатвову донишмандону пурзӯҳду тақвои ҳанафӣ ва соҳибкаромоти мубаллиғи сулуки қодирия будаанд воқеъ аст, дар деҳаи аслан яғнобинишини Каҷровути ноҳияи Ғончӣ ва осори чиллахонаҳое, ки эшон риёзат кашидаанд, дар деҳаи Каҷровут, дар деҳаи Оббурдони Масчоҳи Кӯҳӣ, дар деҳаи Кӯктеппаи Варзобдара ва дар чиллахонаи мазори «Ҳазрати Мулло»-и воқеъ дар деҳаи Сокани Яғнобдара, боқист, ва дар ғори болои мазори Хоҷаи Сангхоки музофоти болои деҳоти Зиддӣ боқист ва вафоти эшон баҳори соли 1949 аст/; Эшони Мавлавӣ Абдурраҳмонхони Мударриси Худгифии Янгиариқӣ, Ҳазрати Мавлавӣ Ҷунунӣ-Сӯфӣ Қаландаршоҳи Валӣ /соҳиби «Маъдан-ул-ҳол» ва чанд асари дигар, оромгоҳашон воқеъ аст дар деҳаи Роҳатии ноҳияи Кофарниҳон, ки қутби тариқатанд (ҳам дар сулуки нақшбандӣ ва ҳам дар сулуки қодирӣ); Шайх Мулло Абдуррасули Питепии Яғнобӣ, дӯст ва шарикдарси Мавлавӣ Ҷунунӣ), Хоҷа Иброҳими Авф, Хоҷа Иброҳими Тиртарош, Шайх Мирмуҳаммади Солеҳи Худгифӣ, Эшони Халифакӯчаки Навободии Яғнобӣ, Ҳазрати Эшони Ҷандапӯши Анзобӣ (шайхи қодирӣ ва нақшбандӣ), Ҳазрати Эшони Сӯфӣ-Абдурраҳимхоҷаи Худгифӣ (ин ҳафт тан бузургон ҳам дар сулуки қодирия будаанд ва ҳам шефтаи нақшбандия) /оромгоҳашон дар деҳаи Хоҷаҳои ноҳияи Ғончӣ ва осори чиллахонаву қадамҷои муборакашон дар музофоти биҳиштии «Сойи Мазор»-и назди деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ/, Шайх Мулло Неъмати Мударриси Шоветагии Яғнобӣ, Шайхи фақеҳ Эшони Исохоҷаи Оббурдонӣ, Шайх Абдулҳаққи Саққофи Худгифӣ /Масчоҳӣ/, Ҳазрати Мулло Амир Сайид ибни Халифа Ҳасани Бухорӣ/ мазорашон дар деҳаи Сокани Яғнобдара/, Эшони Сайид Бузургхоҷа бародари хурдии Эшони Шайх Сайид Маллахоҷа – мазорашон дар деҳаи Бидеви Яғнобдара/, Эшони Сайид Олим ибни Сайид Аҳмади Мударриси фақеҳи Оббурдонӣ/ Масчоҳӣ-оромгоҳашон дар деҳаи Роғи музофоти Тагоби Варзобдара/, Ҳазрати Эшони Аслонхонтӯраи Истаравшанӣ (р), Хоҷа Мансур Имоми Зинда (мазорашон дар Даҳкати Ғончӣ), Ҳазрати Эшони Тӯраи Қутбиддинхони Худгифӣ –мубаллиғ ва шайхи тариқаҳои қодирӣ ва нақшбандӣ (қабрашон дар Истаравшан – назди мазори Ҳазрати Иллаллоҳи Валӣ аз машоихи қодирия ва сулуки нақшбандӣ– масҷиди «Чоргунбаз»); Муллоқурбони Шоветагии Яғнобӣ, Эшони Исохоҷаи фақеи Оббурдонӣ, Девонаи Ҳақ- Эшони Абулҳақ ибни Эшони Абулҳаққи Саққофи Худгифӣ, Эшони Ҳаётхоҷа ибни Эшони Маллахоҷаи Танӯрӣ (Эшонтӯра) – қабрашон дар деҳаи Каҷровут/, Мулло Музаффари Такфонӣ, Мулло Дарвеши Кансеии Яғнобӣ, Шайх Мулло Шодии Кансеӣ, Мулло Абдуссаттори Ғармении Яғнобӣ, Хоҷа Акрами Бағдодӣ (Хоҷа Сангхоки Валӣ), Мулло Ниёзи Ғармении Яғнобӣ, Ҳазрати Хоҷа Тоҳири Сангтарош (оромгоҳашон дар деҳаи Хоҷаҳои ноҳияи Ғончӣ), Мулло Сайфи Писконии фақеҳи Яғнобӣ, Мулло Шоҳ Гадои Писконии Яғнобӣ, Мулло Калон ибни Мулло Малики Яғнобӣ, Эшони Сӯфӣ Абдулкарими Пичефии Ромитӣ (Ад-Даҳбедӣ – халифаи Ҳазрати Мавлавӣ Ҷунунӣ); Эшони Иброҳимхони Худгифӣ/ қабрашон дар деҳаи Янгиариқи болои ноҳияи Ғончӣ/, Лавҳии Деҳбаландии Ҳазорагии Яғнобӣ /аз ғазалсароёни машҳӯр буда, ки гӯяд:

Дирӯз рафта бар сари бозори ошиқӣ,

Эй дил матои тафриқа нафрӯхтан чӣ суд?/

Ҳамчунин машоихи дигар мисли Мулло Шоҳ Муҳаммади Писконии Яғнобӣ, Мулло Одинамуҳаммади Яғнобӣ, Эшони Тоҷикаълами Худгифии Масчоҳӣ-Мударриси Қӯқандӣ/ Ӯ муаллифи сад асари илмӣ аст/, Эшони Мавлавӣ Субҳонқулихони Истаравшанӣ, Эшони Тӯраи Маҳдихони Истаравшанӣ ва даҳҳо дигарон мебошанд, ки давра ба давра сабздирафши тариқатро ҳар яке барафрохтаанду рафтаанд ва номи неке аз худ боқӣ гузоштаанд, ки Худованд ҳар якеро ғариқи раҳмат кунад ва ҷояшонро Ҷаннат-ул-фирдавс. Ва ҳам ғариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат бигардонад Худо Эшони Мулло Абдуссаттор, Эшони Мулло Абдулқуддус, Эшони Мирзошариф ва Эшони Мулло Умар ибни Эшони Абдуррасули Яғнобӣ ва ин ду дилдодагони роҳи Ҳақ ва мардони маорифпарвар, шоирони шӯридаи қарни мо Эшони Шарифхоҷа ибни Сайид Комили Хуҷоӣ ва Эшони Абдуллоҳхоҷа ибни Абдулқаюмхоҷа (Абдуллоҳ Қаюмӣ)-ро ки аз солеҳони тариқат (ҳарду дӯстдори сулуки қодирӣ ва нақшбандӣ будаанд) маҳсубанд.

Аз шайхони маъруфи имрӯзаи силсилаи шарифи тариқати ихвонияи сӯфияи қодирияи Тоҷикистон метавон номи чанд тан аз акобирро ба мисли Мавлавӣ Эшони Шайх-Ҳоҷӣ Тӯраҷони Ромитӣ /аз деҳи Пичеф, баъдан деҳи Даштишӯрро макони зист қарор додаанд ва аслан аз Даҳбеди Самарқанд мебошанд, ки яке аз бузургони илму маърифат, яъне, муфассиру муҳаддиси ҳанафимазҳаб бузурги аср маҳсуб мешаванд, дар тамаддуни имрӯзаи охири садаи ҷории миллати тоҷик/, Ҳазрати Аллома Мавлавӣ Эшони Ҳоҷӣ Нуриддин ибни Эшони Тӯраҷон, Мавлавӣ, Аллома Доктор Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Аллома Мавлавӣ Маҳмудхон ибни Эшони Тӯраҷон, Эшони Ҳомидхони Худгифӣ, Мавлавӣ Ҳоҷӣ Муслиҳиддин Мукаррамзодаи Чаҳоркӯҳӣ, Эшони Фозилхоҷаи Оббурдонӣ, Эшони Ҳоҷӣ Мӯсохоҷа ибни муфтии Оббурдонӣ, Эшони Сафохони Ворӯхӣ, Эшони Шакархони Худгифӣ, Мулло Нарзиқул ибни Мулло Мавлони Деҳкалонии Яғнобӣ, Мавлавӣ Ҳоҷӣ Мулло Аббоси Бобоназари Мударриси Кансеии Яғнобӣ (мутарҷими «Қуръон»), Ҳазрати Мавлавӣ Аллома Эшони Сайид Абдулхалилҷони Ёнахшӣ ҳоло муқими деҳкадаи Турдибобои Ҳисори Шодмон, Абдуррашидхон ибни Эшони Муфтии Оббурдонӣ, Эшони Мирзохоҷа ибни Эшони Муфтии Мударриси Оббурдонӣ, Мулло Абдурраҳими Дарагии Яғнобӣ, Эшони Юсуфхон ибни Эшони Муфтии Оббурдонӣ ва ғайраро метавон зикр намуд, ки дар байни уламо ва мардуми диёри худ, мақоми шоиста ва обрӯву эътибори хосае доранд, ба он хотир, ки олимонанду доноён ва барпокунандагони фирқаи аҳли суннат ва ҷамоат, аимаи роҳнамову аз пайравони солеҳи мазҳаби муҳаззаби Имоми Аъзам /р/, яъне, мазҳаби ҳанафӣ мебошанд.

Тариқати шарифи латифи қодирия ҳоло дар Қафқоз, Озарбойҷон, Осиёи Марказӣ (аз ҷумла дар Тоҷикистон, Ӯзбакистон, тоҷикони Қирғизистон, Ироқ, Миср, Эрон, Африқои Ғарбӣ, Африқои Шимолӣ, Курдистон, Сӯрия, Туркия, Ал-Ҷазоир, Судон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Яман, Иидонезия, Фаластин, Лубнон; Тунис, Ҳиҷоз, Марокаш, Мавритания, Сенегал, Ҳабашия, Гвинея ва ғайра пайравон ва пешвоёни худро дорад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …