Главная / Гуногун / Одам будан мехоҳам (Ҳикоя)

Одам будан мехоҳам (Ҳикоя)

О Д А М   Б У Д А Н   М Е Х О Ҳ А М

 Сухан аз арши барин омадааст,

                                                       Баҳри покон ба замин омадааст.

Абдураҳмони Ҷомӣ.

 

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

                                                       Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст!

Бозор Собир.

БОБИ ЯКУМ

– Русӣ гап зан!.. Ман тоҷикиро намефаҳмам!..

Ин овози роҳбари корхона ба гўши Шариф Шараф акси садо дод ва гаштаю баргашта садод дод: “Русӣ гап зан!.. Ман тоҷикиро намефаҳмам!..”

– Аҷиб, бовари кас намеояд-е!

Гиребони курта дошт Шариф Шарафи рўи раҳ зору низор монда.

Ў ба сайру тамошо наомада буд. Бо мақсади нек – хариди трактор омада буд вай. Ҳо, орзуи хариди трактор дили ўро кайҳо осуда намегузошт.

Вале орзу хобу хаёлро монд.

Оре, хобу хаёли ширинро!

Ва алъон ҳолати ўро ин мисраҳо ифода менамуд:

Ба худ пеши Худо бояд гиристан,

Хамўшу бесадо бояд гиристан.

Барои мурдаҳо ашкам намонда,

Ба ҳоли зиндаҳо бояд гиристан[1].

– Уф-ф!.. – гўён аз дил оҳи ҷигарсўз баровард.

Ҳа-а, устод Лоиқ ки дар ғами номуси миллат месўхт, аз хории забону фарҳанг дилаш ба дард омадаву фиқон кашида:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ў забони модарӣ гум кардааст.

Яке аз рўзҳои тобистон ним мешуд. Хуршед тори сар омада сояҳо нопайдо мегашт. Ҳаво метасфид. Тани ў вазнин шуда, дилаш туғён мекард. Дар хеш мепечид. Ба димоғ бўи асфалт ва дуди мошин мерасид. Ҳаракати хун дар рагҳои тан мушкил мешуд. Аз паи ҳамон эълони дар рўзнома хондааш омаду ба ин бало афтод. Кош он эълонро намехонд. Таассуф, таассуф! Фиреб хўрд, аҳмақ шуд…

Хурўсбонг аз деҳа баромад ва ҳангоме ки хуршед сар кашида ба тани дунё қабои рўзро садранг медўхт ба даромадгоҳи корхонаи корхонаи муштараки “Туре” ҳозир шуд. Вале дарбон, марди рёйдарози хеле хароб бо қиёфаи ҷиддӣ сари роҳашро гирифт ва ўро даромадан намонд. Вай ба ў бо самимият ва эҳтиром салом дод. Ба ҷои алек ба сўи ў нобоварона нигаристу бо забони ғайр пурсид:

– Ту кистӣ?

– Одаме, ки Худо халқ кардааст.

– Касе ки халқат накарда бошад, даромадан мукин нест!

– Барои чӣ? – ҳайрон шуд ў.

Дарбон ба дасти ў нигоҳ карда гуфт:

– Рухсатнома лозим.

– Рухсатнома? Чӣ хел рухсатнома? Аз куҷо гирам онро? – бо ҳиси кунҷкобӣ пурсид ў.

– Ту ки надонӣ ман аз куҷо донам! – бо иллат гуфт дарбон.

– Чаро бо забони худат гап намезанӣ?

Теғ кашида, ба рўи ў нигарист.

– Бо ин забонат аз нони хўрдан мондам.

– Забони модариатро ки хор кардӣ, албатта ба нон зор мешавӣ.

– Ҳамин забони ғайр ба ман ризқу рўзӣ медиҳад.

Вай ба вазъи бепарвои сигор даргиронд.

– Медаҳаду баъд дар баданат заҳр мекунад.

Чеҳраи ў, гўё дўғи турш хўрда бошад, пурожанг шуд.

– Гапро кўтоҳ куну рухсатномаатро барор.

Ў каме фикр карда, прсид:

– Магар он зарур аст?

Ба сўи ў нигоҳи аҷибе партофт, гўё ба вай нафрат дошт. Сипас бо ғазаб гуфт:

– Ман ин ҷо истодаам, пас зарур аст!

Ў табассуме карду гуфт:

– Онро аз куҷо гирифтан мумкин?

– Ту ҳазл мекунӣ? – рўй турш кард дарбон. – Ту намедонӣ магар?

Шариф Шараф лаҳзае рафтору гуфтори дарбонро дар майнаи сар тоб дод, ба пасу пеш нигарист ва сипас оромона изҳор кард:

– Ҷўгӣ шудам бигўй?

– Сафсата нахон!

Хаёле хомўш монд. Сипас, ҷиддинамо ба ў нигарист:

– Охир, ҷўгӣ металабад.

– Ҳақи ҳалоли худам.

– Ана, – гуфт ў ва ба дасташ як панҷсомона дод.

– Кам, – дасташро мисли талбандаҳо дароз кард дарбон.

Боз як панҷсомона қурбон шуд.

Шариф Шараф зери лаб заҳрханде заду ғур-ғур кард: “О, бачағаре! Ҳақи ҳалолаш будааст. Насиб мекарда бошад?”

Пас аз ин ба ў лозим омад, ки боз як садро шиканад. Аниқтараш ў не пул шикаст.

– Ҷаноби раис қабул намекунад, – ҷиддӣ гуфт котиба.

– Барои чӣ?

– Барои он ки банд аст, – бедимоғ ҷавоб дод ў. – Вай машварат дорад. Мефаҳмӣ? Маш-ш-ва-а-а-рат!

– Фаҳмидам, – гуфт ў. – Ҳеҷ гап не, ман интизор мешавам.

– Интизор нашав, имрўз қабул карда наметавонанд. Телефонатро монда бирав, ман ба ту занг мезанам. Хуш бош!

– Эҳ, хоҳари ҷон, Шумо чиҳо мегўед? Ман аз роҳи дур омадам… Аз деҳа…

– Ба ман фарқ надорад!

– Охир корам зарур…

– Ба ман чӣ?! – абрў гиреҳ кард котиба.

– Медароям!

– Намедароӣ!

– Хобатро ба об гўй.

– Дар деҳа ҳам ҳамин хел дағалӣ мекунӣ?!

Вай бо тамасхур гуфт:

– Дар деҳаи мо шумо барин котиба нест.

– Ҳой, мехоҳӣ ки милиса ҷеғ занам?!

Шариф Шараф донист, ки аз дасти ин ойимча ҳар кор меояд. Он гоҳ мулоимтар ҳарф зада, боз як панҷсомонаро қурбон кард.

Роҳбари корхона, марди мағрури тангчашм, ки рухсораҳояш хун гирифта буд, аз ҷояш наҷунбид, ба саломаш алек нагирифт. Дар қиёфааш ришханду нописандӣ сигоркашиашро идома дод. Шариф Шараф умедвор буд, ки вай сабаби омадани ўро мепурсад. Не, хомўш буд, ки хомўш. Дар дили Шариф Шараф нафрате пайдо гашт, вале ў ин ҳисро ошкор накарда, матлабашро баён намуд. Сардор ба қомати баланд, шонаҳои васеъ, рўи гандумгуну чашмони тези ў нигариста, бо зарда гуфт:

– Русӣ гап зан!

– Чаро? – мутҳайирона суол кард Шариф Шараф.

– Ман тоҷикиро намефаҳмам!

Тору пуди қалби Шариф Шараф аз ин суханон ба ларза омад, аммо худро ба даст гирифт.

– Агар Шумо тоҷик шуда тоҷикиро намефаҳмед, вой бар ҳоли дигарон.

– Бас! Шуд! – абрў гиреҳ андохт роҳбар. – Туро кӣ равон кард?

– Ҳеҷ кас, – ҷавоб дод Шариф Шараф. – Эълонро хондаму омадам. Кайҳо нияти харидани трактор доштам.

– Ҳа-а, нияти нек – ними давлат!

Чашмонаш барқ заданд ва беихтиёр даст ба мўйҳои мошубиринҷаш зад.

– Нияти нек – худи давлат!

– Ҳа-ҳа-ҳа-ҳа… – хандид роҳбар ва бо қиёфаи ҷиддӣ гуфт. – Трактор нест!

– Нест?

– Ҳа, нест ва намешавад!

Аз ин муомилаи дурушт як эҳсоси пушаймонии пуралам ба дилаш нишаст. Вале ҳавасу хоҳиши харидории трактор аз сараш напарид. Ва бо умед пурсид:

– Чаро намешавад?

– Чаро-паро надорад!

Дилаш сиёҳу бори хотираш вазнин шуд.

– Нафаҳмидам…

– Чиро нафаҳмидӣ?!

– Охир, эълон додед, ки трактор мефурўшем.

– Ҳа, додем. Хайр чӣ? Додем, лекин трактор намефурўшем!

– Чӣ?.. Рост ё ҳазл?

– Рост!

– Пас эълонро барои зебаш додед?

Овози ў ба таври ғайриодатӣ оташин садо дод.

– Кори ту чӣ! Не, кори ту чӣ!

Вай чӣ гуфтанашро надониста, хомўш монд. Худро маломат мекард, ки беҳуда ба ин ҷо омад. Мехост ҳар чи зудтар аз ин ҷо берун равад, аммо ёрои қадам мондан надошт.

– Чӣ шах шуда мондӣ?! Ба ту ҷавоб! Чор тарафат қибла!

– Дағалӣ накунед, бародар! Охир ин ҷо бозор нест-ку? Корхонаи давлатӣ аст.

– Чӣ?! – нешханд зад сардор. – Корхонаи давлатӣ? Хестӣ ки хобат! Ин корхонаи шахсист! ҶФМ “ХБЗ”! Фаҳмо? Мебинам ки не. Мефаҳмонам: Ҷамъияти фаъолияташ маҳдуди Хатлон – Бадахшон – Зарафшон.

– Шахсӣ ҳам бошад, дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст. Бояд ба қонуну қоидаҳои он риоя кунад.

– Чӣ?! – нимхез шуд сардор. – Қонундон менамоӣ, а?

– Ҳа, медонам, – ҷиддӣ гуфт вай. – Шумо ҳам бояд донед. Не, донистан кам, онро иҷро кардан лозим.

– Хайр, акнун бас, шуд! – бо танаффур ҷигот андохт роҳбар.

Сардор бархост, қоматашро чун афсар рост гирифта, сарашро ба чапу рост тоб дод.

– Қишлоқӣ-да, – ришхандомез гуфт ў ва сигор кашид ва ба ў ҳам муроот кард.

– Намекашам!

– Қишлоқӣ чӣ донад кайфи сигорро!

– Магар ин мумкин аст? Давлати мо ба куҷо менигарад? Наход лаҷоми туро кашида натавонад?

Сардор ба сўи дар рафт. Як пойи ў мелангид. Вай дарро боз намуд:

– Ту, деҳқонча, ҷоята дида пой мон!

Сиёҳӣ бар дилаш вазн овард ва беихтиёр ангуштони дасташ мушт гаштанд, аммо ў намедонист киро ва чиро зарба бизанад.

– Темури ланг! – ногаҳон аз даҳонаш баромад.

– Лақаби маро аз куҷо медонӣ?

– Хонда будам! – бо қаҳр гуфт ў. – Акнун бо чашми сар дидам!

– Дигар намебинӣ! Баро!

Навмедии олуда ба изтироб хонаи дилашро пур кард. Ва якбора гўё хуршед фурў нишаст, қабои садранги рўз дар назараш сиёҳ шуд. Дигар худаш ҳам тоби дидани ин Темури сониро надошт.

– Ҳой, мебароӣ ё не?! – бадҷаҳлона “тиру камон” кашид роҳбар.

Вале Шариф Шараф сокиту хомўш бар ҷой истода буд.

– Чаро истодаӣ, каш аробата! Вагарна милиса ҷеғ мезанам!

Маънидорона ба ў нигарист ва сипас: “Ҳаволаат ба Худо!” гуфту аз корхона бадар рафт.

– Акнун чӣ бояд кард? – оҳ кашид ў. – Имрўз наметавонӣ ба касе эътимод кунӣ.

Ёрӣ расонидан ба деҳқонон шодии ширине дорад. Имрўз ин шодии ширин дар дили ў ба андўҳи талх табдил ёфт. Андешаи ба деҳа бе трактор баргаштан бори сангине аз яъсу алам бар шонаи дили ў ниҳод. Ва ў бояд ин борро бардошта, ба деҳа бармегашт. Аммо барнагашт, дар шаҳр монд. Сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам сайр. Аммо ин сайр барояш сахт мушкил омад. Ҳама он дидаву шунидааш дар вуҷуди ў талхие ба бор овард…

Алҳол танҳо як чиз мехост – ҳамсўҳбати ҳамдиле ёфтану сари як пиёла чой ин дардро дармон бахшад ва он борро аз дўшаш дур андозад. Гўё касе дар вуҷудаш пайваста ин амрро талқин мекард. Ва ў танҳо ҳаминро метавонад, дигар коре аз дасташ намеояд.

Аммо шаҳр ба назараш бегона метофт.

Одамон бисёр буданд. Ҳатто гуфтан мумкин беҳисоб. Вале ҳама ноошно бетафовут. Вай байни онҳо қадам мезад. Аммо худро танҳо эҳсос мекард. На фақат танҳо, балки нолозим низ. Аммо ноумед намешуд. Меҷўст. Ҷўёи одаме буд, ки ўро бубинад. Бо ў ҳамдил бошад. Дарди ўро қисмат кунад.

Бўйи дуди мошинҳо димоғашро месўзонд, садояшон гўшҳояшро мехарошид. Қурси офтоб ҳам тамоми нурҳояшро ба сари ў мерехт. Ин ҳама якҷоя азми сўҳбатро дар замири ў коста мегардонд. Қудрати сабри ў рў ба шикаст меорад. Лаҳзае истод. Ду дилдода чун як тан мерафтанд. Дар канори роҳ ду милиса меистод. Беқарор буданд. Аммо парвои одамон надоштанд. Чашм аз мошинҳо намеканданд.

Ва Шариф Шараф бо як даст сандуқи синаашро молиш додаву зуд-зуд нафас гирифта, тасмим гирифт, ки ихтиёр ба дасти пойҳояш супорад. Ҳо, Шариф Шараф бояд ҳатман тасмаи раҳ зери қадам мегирифт, дигар илоҷе надошт ў. Ногоҳ чашмаш ба марди фарбеҳи малламўйи миёнақади сурхрўй афтод. Беихтиёр дар ҷояш истод. Чашм аз он мард намеканд. “Шинос барин, – пичиррос зад ў. – Хаёлам, ки дар куҷое дидаам. Ҳа-ҳа, бояд шиносам. Кист ў?… Кист?…”.

Ва ногаҳон гўё барқе ҷаҳида, лавҳи хотирашро равшан кард.

“О-о… ин Мэлс Катаевич-ку!”.

Шариф Шараф хато накарда буд.

Бале, он мард – додситон Мэлс Катаевич, ҳамоне, ки панҷ соли ҳаёти ўро сўзонда буд.

Ин дидори ногаҳонӣ оинаи хотираро ҷило дод.

“Панҷ сол дода шавад!”

Тори сарде аз ангушти по то мағзи ў кашида шуд. Ва сар то пояш ларзид, гўё ҷараёни барқ гузашт. Оташи ғазаб ҷигарашро сўхт. Дарди тозае бар вуҷудаш раҳ бурд. Як эҳсоси душманӣ вуҷудашро фаро гирифт. Ва талқини қасос бинмуд. Аммо чизе дар қалбаш ба ин монеъ шуд. Не, не, инсон наметавонад фақат дар ҳолати душманӣ умр ба сар барад. Рисолати инсон некиву накўкорӣ аст. Пас дуруст мегўянд, ки ба қавли ҳазрати Алӣ, беҳтарин ҳадя гузашт аст. Бале, ба гузашта салавот.

Санги ақл оинаи хотираро пора-пора кард.

Дарди тозапайдо кунд шуд, аз душманӣ асар намонд, эҳсоси осудагӣ бар дилаш расид.

“Ба гузашта салавот”, – гуфт дар дил Шариф Шараф ва бо қадамҳои устувор ҷониби вай равон гашт. Ба назди ў расида буд, ки чароғи сабзи сечароғ даргирифта, ба одамон роҳ кушод. Вай ҳамроҳи додситон аз чорраҳа гузашт ва аз ў чашм наканда, баробараш қадам зад. Додситон нигоҳи ўро ҳис карда, гашт тез кард, то ки “дум” канда шавад. Аммо “дум” канда нашуд. Ва ў истоду бо тарсу ҳарос пурсид:

– Чӣ гап? Ту кистӣ? Чӣ мехоҳӣ?

Вай ба ҷои он ки суоли ўро ҷавоб гўяд, хушҳолона салом дода, пурсид:

– Агар хато накунам, шумо Мэлс Катаевич?

Додситон ному насаби худро шунида, аввал ба ҳайрат омад. Баъд дурусттар ба рўи ў зеҳн монд. Чашмони бозингари алояш ягон нишонаи ошноиро пайдо накард.

– Ту маро мешиносӣ?

– Ному насабатонро хато гуфтам?

– Не-е… ле… лекин ман туро намешиносам.

Шариф Шараф фарох табассум кард.

– Кистӣ ту?!

– Маро нашинохтед?

– Аз куҷо шиносам?! – овози додситон сард буд. – Кистӣ ту?!

– Ман Шариф Шараф…

– Кадом Шариф Шараф?!

– Ҳамон гунаҳгори бегуноҳе, ки панҷ сол дар маҳбас шишта баромад.

– А-а-аҳ! – бечораҳол нолише баровард додситон ва дасту по хўрд.

– Акнун шинохтед?

– Ҳамон Шарифи одамкуш?! – бо ҳарос пурсид ў ва лаҳзае карахт шуд. Гўё касе ба фарқи сараш зарба зад. Чашмонаш аз тарсу ҳарос васеъ кушода шуданд. Базаҳмат нафас мекашад, рагҳои гарданаш варам мекунанд, дар пешониаш донаҳои арақ пайдо мешаванд. Гулўяш хушк шуда, сулфааш омад. Чанд бор паиҳам сулфид.

– Чӣ мехоҳӣ ту аз ман?! – овози вай сахт меларзид.

– Танҳо сиҳативу саломатӣ, умри дароз ва хонаи ободи шуморо мехоҳам, – бо табассум гуфт ў. – Хавотир нашавед, ман қасди баде надорам. Ҳа, ба гузашта салавот!

– Нахо-о-од? – додситон шубҳаомез ба ў чашм партофт. Ва лаҳзае нигоҳи онҳо ба ҳам печид.

– Сиҳату саломат ҳастед?

Бо лаҳни хушке посух дод:

– Бад не.

– Ҳоло ҳам дар додситонӣ кор мекунед?

– Чӣ, чӣ? Додситонӣ? Додситонӣ не, прокуратура.

– О, додситонӣ бо забони шевои тоҷикӣ аст.

– Не, прокуратура беҳтар. Звучит!

Бо забони олуда ҳарф задани додситон дилаш таҳ мекашад. Мехоҳад сухани сахте бизанад, вале дар вуҷудаш чизе ҳаст, ки ба ин монеъ мешавад.

– Кор ҳоло ҳам вазнин аст?

– Эҳа, вазнин ҳам гап. Азоб, азоби алим. Лекин як сардори консерватор дорем, ҳеҷ ба қадрам намерасад. Фақат кор талаб мекунад. Ман ҳам шабу рўз кор мекунам. Боз дурака валайт мекунӣ мегўяд. Э аз бисёрии кор сар тарбузи луқ барин. Кори давлат пирам кард, пир.

– Ин хел нагўед, Мэлс Катаевич, шумо ҳоло тамоман ҷавон ҳастед.

– Ташаккур, – гуфт ў ва ба чашмони Шариф Шараф нигарист. – Хайр, ту чӣ ҳол дорӣ?

– Ҳолам хуб аст, – ҷавоб дод ў.

– Мебинам, ки бад не, – бо оҳанги ҳасад гуфт додситон. – Туф-туф, чашми бад нарасад!

– Ташаккур!

– Кор мекунӣ?

– Бале, – ҷавоб дод ў. – Магар бекор мешавад? Аз бекор ҳама безор мегўянд.

– Дар Россия?

– Не, дар деҳа, – бо ифтихор гуфт ў.

– Неужели?! – лаб инҷ кард додситон ва сипас хандиду илова намуд: – Ҳоло деҳқон шудам гўй?

Дар хандаи ў ғолибияту тамасхур бараъло намоён буд.

– Шояд ин гуноҳ бошад-а?

– Не-не, чаро ин тавр мегўӣ?!

– Ман не, оҳанги суханатон мегўяд.

– Ҳайфи пули давлат. Панҷ сол туро хононд. Аммо аз ту суде нест.

– Чаро суде набудааст?

– Охир, олими беамал – занбўри беасал, гуфтаанд.

– Рост гуфтаанд. Касби деҳқонӣ ҳам илм мехоҳад, дилу нияти покиза мехоҳад. Шабро-шаб, рўзро-рўз нагуфта, заҳмат кашиданро мехоҳад. На ҳар кас ба ин қодир аст.

– Як деҳқонӣ кам аст.

– Чаро кам будааст. Деҳқон моро мехўронаду мепўшонад. Ба қавли Носири Хусрав:

Беҳ аз саноъи олам деҳқон аст,

Ки ваҳшу тайрро роҳатрасон аст

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст

Аз ў гаҳ заръ, гоҳе бўстон аст.

– Ҳамту-куя…

– Академик Муҳаммадҷон Шукуров дар як мақолаашон менависанд: “Аз хоҳиши кору меҳнат маҳрум шудани инсон чӣ маънӣ дорад? Бегумон, ин ҳолат чунин маънӣ дорад, ки инсон аз моҳияти инсонии худ маҳрум гардидааст, он асосеро, ки дар дили ў сифатҳои одамиро пойдор медорад, аз даст додааст. Яъне мо ба сўи фоҷиаи маънавии моҳиятсўзе рафта истода будем. Ин ҳама дар натиҷаи он рўй дод, ки одамизод аз замин, аз ҳар чизе, ки асоси меҳнат буд, ҷудо шуд, ба самараи меҳнати фидокорона манфиатмандии ў намонд, дид, ки меҳнат маънои аслии худро дигар соҳиб нест[2]”.

– Ҳа-а-а… Афсўс, сад афсўс.

– Ҳа боиси афсўс аст, ки ҳатто баъзе зиёиёни мо инро намефаҳманд…

– Не, ман камии заминро дар назар дорам.

– Чӣ-чӣ?!

– Нашунидӣ? Мегўям, ки заминамон хеле кам. Наваду се дар сади ватан кўҳсор. Ҳамагӣ ҳафт фоизак замин. Мефаҳмӣ, ҳафт фоизак!

– Вале аҷаб аст, ки ҳамин “ҳафт фоизак”-ро саришта карда наметавонем. Аз ин рў дар ҳама ҷабҳа дастнигари дигарон ҳастем. Зеро мо ба умеди оши ҳамсоя шуда, деги худро сарчаппа карда мондаем. Пас Худованд бар ин халқ файзу баракаташро то куҷо арзонӣ хоҳад дошт? Муҳаммад Иқбол чӣ хуб гуфтааст:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Бад-он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

– Ин қадар воҳима кардӣ бо чор сотих заминат.

– Чаро чор сотих? Хоҷагии деҳқонии ман даҳ гектар замини корам ва як гектар боғ дорад.

– Воҳ!… – ҳайрон шуд додситон. – Даҳ гектар замину як гектар боғ?!

Баъд гўё чизе ба ёдаш расиду пурсид:

– Бисёранд?

– Киҳо? – намефаҳмад Шариф Шараф.

– Мардикоронат.

– Э не-е, мардикор надорам, – ҷавоб дод ў бо табассум. – Ҳамаашро худам саришта мекунам.

– Ба Худо?

– Бовар намекунед?

– Бовар мекунам. Чаро накунам?

Шариф Шараф ҳис намуд, ки дурўғ мегўяд.

– Медонед, бурди ман дар чист?

– Аз куҷо донам, – гуфт ў. – Гўй ки дониста гирам.

– Ман ба замин дил бастам. Чун фарзанд ба модар. Беҳуда заминро модар намгўянд. Замин ҳам мехўронад, ҳам мепўшонад…

– Ҳа… а… – оҳи таҳдор кашид додситон ва як ба ў нигоҳ карда, абрў бар ҳам кашид.

– Намеранҷонанд?

– Кӣ? – нафаҳмид ў. – Бюрократҳо?

– Не, замин.

– Чӣ гўям? Қарсак аз ду даст, – бо лаҳни бисёр нарм ҷавоб дод ў. – Медиҳеду мегиред. Таъриф нашавад ҳосили хуб мегирам, зиндагиам хеле хуб аст. Тобеи касе нестам, мўҳтоҷи чизе нестам.

Ин суханҳо додситонро ба изтироб андохтанд. Ошуфтаву парешон дар гирдоби андеша афтод. Ниҳоят гуфт:

– Хеле бой ҳастам гўй.

Дар чашмони кабуди андак чуқураш шўълаи ҳасад дурахшид.

– Суму сангат чӣ қадар?

– Суму санг?

– Интерсни одам ту. Суму санга намедонӣ-а. О-о, боигариат-да. Ё сирри махфӣ? Не, агар секрет бошад…

pdf– Не, чаро? Бист…

– Ваҳ!

Чашмони додситон аз хонааш баромад. Ҷуссаш беихтиёр такон хўрду қафотар рафт. Сигор аз дасташ ба замин афтид.

[1] Шеъри Гулрухсор

[2] Адабиёт ва санъат, 15 сентябри соли 1988

Борбардори намудани китоб >>>>>

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …