Главная / Ҷуғрофия / ОБУ ҲАВО, ТАҒЙИРЁБӢ ВА САБАБҲОИ ОН

ОБУ ҲАВО, ТАҒЙИРЁБӢ ВА САБАБҲОИ ОН

Мафҳуми обу ҳаво. Ҳар рӯз борҳо аз радио ва телевизион дар бораи обу ҳаво хабар мешунавед. Аз он бояд пай бурда бошед, ки обу ҳаво дар маҳалҳои гуногун ҳар хел аст (инро бо (исолҳо фаҳмида гиред). Дар ин вақт обу ҳавои рӯзи дигарро ҳам мегуянд. Ин ахбор ва мушоҳидаҳои шумо шаҳодати он аст, ва обу ҳаво бо мурури вақт тағйир меёбад ва он дар маҳалҳои гуногуни сатҳи Замин ҳар хел аст.

Унсурҳои асосии обу ҳаво ҳарорат, фишори атмосферӣ, рутубати ҳаво, самт ва суръати бод, абрнокӣ, боришот мебошанд. Вобаста ба вазъи солхо дар тропосфера бод, абр пайдо шуда, бориш мешавад.

Ҳолати ҳозираи маҷмӯи ҳодисаҳои метеорологӣ, ки дар ягон фосилаи вақт ва ҷои муаян ба вуҷуд меояд» обу ҳаво номида мешавад.

Мушоҳида кардаед, ки баъзан дар як шабонарӯз обу ҳаво якчанд маротиба тағйир меёбад. Махсусан дар баҳорон обу ҳавои марзи Тоҷикистон тағйрёбанда аст.

Обу хавои Точикистон баъди борон
Обу хавои Точикистон баъди борон

Обу ҳаво аз рӯи унсурҳояш муайян карда мешавад. Ҳамаи унсурҳо ва зуҳуроти обу ҳаво байни ҳамдигар алокаманданд: тағйир ёфтани яке аз онҳо боиси тағиироти дигар унсурҳо ва умуман обу ҳаво мегардад. Масалан, дар давоми шабонарӯз тағйир ёфтани ҳарорат боиси тағйирёбии фишор ва рутубати ҳаво, самти бод, абрнокӣ мегардад. Саҳари барвақтӣ рӯзи тобистон пеш аз баромадани Офтоб ҳаво одатан салқин, беабр аст. Офтоб дар уфуқ баланд шуда, сатҳи Замин ба гармшавӣ cap мекунад. Дар натиҷа ҳаво тафсида, фишори атмосферӣ паст мегардад. Ҳавои гарм боло баромада хунук мешавад, дар кӯҳҳо абрҳои тӯдагӣ пайдо мешаванд ва боди водигӣ мевазад. Баъди соати 15—16 ҳарорати ҳаво торафт паст мефарояд. Бегоҳ ҳаво салқин мешавад ва дар водиҳо боди кӯҳӣ мевазад.

Аз мушоҳидаи маҳалатон бармеояд, ки обу ҳаво дар ҳар Шабонарӯз аҳён-аҳён бе ягон тағйирот такрор меёбад. Вале Шояд пай бурда бошед, ки бисёр хусусиятхои он барои чандин Шабонарӯз як хел аст. Яъне дар маҳалҳо, дар фосилаи якчанд шабонарӯз, моҳ ё мавсим обу ҳавои муаиян хос мебошад. Аз ин
рӯ, навъҳои обу ҳаво гуногунанд, ҳавои софи беабр, ҳавои тира, ҳавои рутубатнок, ҳавои абрнок, боронӣ ва ғайра.

Дар як маҳали Замин обу ҳаво бисёр тағйир меёбад, яъне як навъи обу ҳаво дигарашро иваз мекунад. Дар Тоҷикистон ҳатто водиҳои ба ҳам наздик обу ҳавои аз ҳамдигар фарқкунанда доранд. Дар маҳалҳои дигари Замин обу ҳаво  тағйир меёбад. Масалан, дар ноҳияҳои хати истиво обу ҳаво хамеша гарму серборон, яъне тамоми сол ҳамон як навъи ҳаво хос мебошад.

Навъи обу ҳаво тавсифи умумии обу ҳаво мебошад, ҳарорати миёнаи шабонарӯзӣ, фишор, холати абрнок боришот, мавҷудияти бодро дар бар мегирад.

Тағирёбии обу ҳаво. Сабабҳои асосии тағйирёбии об ҳаво аз нурҳои Офтоб нобаробар гарм шудани сатҳи Замин доимо ҷой иваз кардани ҳаво мебошад. Сатҳи Замин аздаҳ биёбонҳо, кӯҳсор, масоҳатҳои калони ҷангалзору беҷанг иборат аст. Сатҳи уқёнус бошад, ҷараёнхои гарму хунук дорад.

Қисматҳои наздизаминии тропосфера вобаста чигунагии сатҳи Замин дорои хусусиятхои гуногун мебошад Масалан, ҳавои болои нисбатан гарми Уқёнуси Атлантика гарму нами тобистон ҳавои болои биёбонҳо  тафсон, хунуку сӯзон ва серчанг аст (чунин ҳаворо дар куҷо мушоҳид кардаед?). Ҳавои болои барфу яхҳои Арктика хунук, ва нисбатан шаффоф мебошад (Ин қисми  Заминро нишон диҳед ва бигӯед, ки ин ҳаворо дар кадом мавсими сол дар маҳала мушоҳида кардаед?).

Ҳавои тропосфера ба қисматхо ҷудо шудааст, ки онр анбӯҳи ҳаво меноманд. Анбӯҳи ҳаво аз якдигар бо ҳарорат фишори атмосферӣ, рутубат, шаффофӣ фарқ дорад. Онҳо масоҳати калонро ишғол мекунанд. Анбӯҳи ҳаво дар самтҳо гуногун ҷой иваз мекунад. Чунончи, агар анбӯҳи ҳаво Уқёнуси Атлантика ба самти шарқ ҳаракат кунад, тобистон он хушкӣ обу ҳавои абрноки нисбатан салқин меорад. Ин хав торафт гарму хушк, абрнокӣ кам, ҳаво соф ва баъзан серча мешавад.

Ҳангоми аз самти шимол дохил шудан анбӯҳи ҳаво дар ҳама мавсимҳои сол хушкӣ меорад (Ин анбӯҳи ҳаво чӣ ном lорад?). Вале тобистон хавои хунук шаффофу хушк аз Замин тафсида, зуд гарм мешавад. Зимистон бошад, он ҳаворо хунуктар мекунад (Кадом зимистони хунуку хушкро дар хотир доред?).

Бояд дар хотир дошт, ки тағйирёбии фишор ва самтҳои бод аломатҳои аввалини ивазшавии обу ҳаво мебошанд (аз мушоҳидаи маҳалатон дар ин бора дар дафтари ҳавосанҷӣ қайдҳо кунед).

Пешгӯии обу хаво. Пешгӯии обу ҳаво аҳамияти калон дорад. Пешакӣ донистани тағйирёбии обу ҳаво барои касбу корҳои гуногун, махсусан, соҳаи кншоварзӣ, нақлиёт, лётчикҳо, баҳрнавардон ва ғайра ниҳоят муҳим аст (инро аз мушоҳидахои худ бо мисолҳо исбот кунед). Барои тартиб додани маълумотн аниқи обу ҳаво дар бораи ҳолати атмосфера дар тамоми сатҳи Замин маълумот доштан зарур аст.

Пешгӯии обу ҳаво кори саҳл нест. Он меҳнати якҷояи метеорологҳои бисёр мамлакатҳоро талаб менамояд. Аз стансияхои метеорологӣ ва аз онҳо ба марказхои умумиҷаҳонии метеорологӣ, ки дар Москва. Вашингтон (ИМА) ва Мелбурн (Австралия) ҷойгиранд, ахборот дода мешавад.

Дар Тоҷикистон маркази хадамоти метеорологӣ дар Душанбешаҳр воқеъ аст. Дар маркази обуҳавошиносин Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбс тамоми маълумоти гирдоварда бо ҳисобмошинхои электронӣ тадқиқ карда мешавад. Стансияҳои метеорологии шаҳру ноҳияҳо ахборро ба шаҳри Душанбе медиҳанд. Барои хар як мӯҳлати мушоҳида харитаи обу ҳаво” – харитаи синоптикӣ (аз юнонй, маънояш ‘ ҳамаро якҷоя мушоҳида кардан”) тартиб медиҳанд. Дар он бо аломатхои шартӣ ва рақамҳо маълумоти асосиро дар бораи обу ҳавои ҳамаи маҳалҳои мавриди мушоҳида қайд мекунанд. Аз рӯи харитаҳои мӯҳлатҳои гуногун мутахассисони обу ҳавосанҷ суръат ва самти ҷойивазкунии анбӯҳи ҳаворо муайян карда, обу ҳавои рӯзҳои ояндаро, пешгӯӣ мекунанд.

Маълумоти обу ҳаворо ба воситаи радио ва телевизион шунавонда, дар намуди чопӣ ба идораҳон муҳими мамлакат,пеш аз ҳама ба соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайря  мефиристанд. Маълумоти обу ҳаворо дар рӯзномаҳо ҳам чоп менамоянду дар сомонаҳои интернетӣ мегузоранд.

Обу хаворо дар асоси аломатҳои маҳалл, ки ба мушоҳидаҳои бисёрсола асос ёфтааст, пешгӯӣ кардан мумкин аст. Масалан, вазидани бод аз ғарб ва ба вуҷуд омаданн боришот, пайдошавии ҳалқаҳои сурхи гирди Офтоб ҳангоми ғуруб аз хуб шудани обу ҳавои рӯзи дигар шаҳодат медиҳанд; Туман торафт боло барояд, борон меборад. Агар гӯсфандон обро кам хӯрда, рӯзона хобанд, борон меборад. Оби дарё кам шавад, борон меборад, зиёд шавад ҳавои софро бояд интизор шуд. Абри сиёҳ паст фуромада, тез гузарад, борони бардавом меборад. Агар пагоҳӣ туман ба сатҳи Замин ниҳоят маздик бошад. хавои офтобӣ мешавад (Оё шумо чунин аломатҳон маҳаллии обу ҳаворо мушоҳида кардаед? Дар бораи онҳо чй гуфта метавонед?).

Савол ва супориш

  1. Обу ҳаво чист? Чй гуна будани обу ҳавои маҳалатонро нақл кунед.
  2. Дар бораи унсурҳои асосии обу ҳаво ва аҳамияти онҳо чӣ медонед?
  3.  Барои чӣ обу ҳаво дар давоми шабонарӯз тағйир меёбад?
  4.  Обу ҳаво дар маҳали шумо ҳангоми тобистон ва зимистон аз ғарб. шарқ ва шимол ворид шудани анбӯҳи ҳаво чй тавр тағйир меёбад? Бигӯед, ки боришотро ба маҳали шумо кадом анбӯҳи ҳаво меорад? Дар кадом мавсими сол дар махалатон боришот зиёд меборад?
  5. Дар бораи навъҳои бештар ҳукмрони обу ҳаво ва сабабҳои он хулоса бароред. Ҳар як навъи обу ҳаво чанд рӯз буд?
  6. Дар кадом фасли сол дар маҳалатон обу ҳаво ноустувор аст? Мушоҳидаи якрӯзаатонро дар дафтари ҳавосанҷӣ қайд кунед.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zamin

КОМПЛЕКСҲОИ ТАБИИИ МАҲАЛ ВА ОНҲОРО ТАҒЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексҳои табий дар натиҷаи робита ва таъсири мутақобилаи ҷинсҳои кӯҳй, ҳаво, об, …