ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ тоҷикистон
Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муносибатҳоро оид ба оби нӯшокӣ ва таъмини он муайян намуда, кафолати давлатии таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ муқаррар мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– оби нӯшокӣ – обе, ки дар ҳолати табиӣ ё баъди коркард (тоза кардан, безарар гардондан, илова намудани моддаҳои зарурӣ) аз рӯи сифати худ ба талаботи меъёрии муқарраршуда ҷавобгӯ буда, барои нӯшидан ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти маишии инсон, инчунин барои истеҳсоли озуқа ва маводи тиббӣ истифода мешавад;
– меъёрҳои сифати оби нӯшокӣ (талаботи меъёрӣ) – маҷмӯи нишондиҳандаҳои имконпазири кимиёвӣ, таркиби микробиологӣ ва хусусиятҳои органолептикии оби нӯшокӣ (мазза, ранг, бӯй, ҳарорат), ки тибқи усулҳои илмию тадқиқотӣ муқаррар ва бо қоидаҳои санитарӣ мураттаб шуда, барои саломатии инсон бехатар ва безарар будани онро кафолат медиҳанд;
– таъмини оби нӯшокӣ – фаъолияте, ки бо он талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба оби нӯшокӣ таъмин мегардад;
– манбаи таъмини оби нӯшокӣ – обҳои табиӣ (рӯизаминӣ ва зеризаминӣ), ки баъди коркарди дахлдор ва ё бе коркард барои таъмини оби нӯшокӣ истифода мешаванд;
– шабакаи мутамаркази таъмини оби нӯшокӣ (қубурҳои обгузари истифодаи умум) – маҷмӯи таҷҳизоту иншоот барои гирифтан, тайёр намудан, нигоҳ доштан ва ба маҳали истеъмол расонидани оби нӯшокӣ, ки барои истифодаи оммавии шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ дастрас мебошад;
– шабакаи ғайримутамаркази таъмини оби нӯшокии истифодаи умум – иншооту таҷҳизот барои гирифтан ва тайёр кардани (ё худ бе тайёр кардани) оби нӯшокӣ, бе расонидани он ба маҳали истеъмол, ки барои истифодаи оммавии шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ дастрас мебошанд;
– шабакаҳои мухтори таъмини оби нӯшокӣ – таҷҳизоту иншоот барои гирифтани оби нӯшокӣ ва расонидани (ё нарасонидани) он ба ҷойҳои истеъмолшавӣ, ки дар истифодаи фардӣ қарор доранд (бинои алоҳида, хоҷагии фермерӣ, бӯстонсарой ё объекти алоҳидаи дигар);
– шабакаи таъмини оби нӯшокӣ дар воситаҳои нақлиёт – таҷҳизоту дастгоҳҳое, ки дар воситаҳои нақлиёт барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани мусофирон, ҳайати идоракунандаи нақлиёт ва хизматрасон дар самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ё таъиноти дигар ҷойгир карда шудаанд;
– шабакаи таъмини оби нӯшокӣ – ҳама намуди шабакаҳо (мутамарказ, ғайримутамарказ, мухтор ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар воситаҳои нақлиёт) ҳангоми мавҷуд будани меъёрҳои умумӣ;
– эътимоднокии шабакаи таъмини оби нӯшокӣ – хусусияти шабакаҳо, ки низоми муайяни (мунтазам, аз рӯи нақша, соатбайъи) интиқоли оби нӯшокиро ба истеъмолкунандагон мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи таъмини оби нӯшокӣ ва талаботи меъёрӣ нисбат ба сифати оби нӯшокӣ таъмин менамояд;
– минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ ва шабакаҳои он – ҳудудҳо ва акваторияҳое, ки дар онҳо низоми махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият барои пешгирии бад шудани сифати об ва ҳифзи он муқаррар карда мешаванд;
– меъёрҳои истеъмоли оби нӯшокӣ – миқдори оби нӯшокӣ, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти физиологӣ ва маишии як одам дар давоми як шабонарӯз дар маҳалли мушаххас, объекти алоҳида ё воситаи нақлиёт ҳангоми мӯътадил кор кардани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, халалдор шудани кори муътадили онҳо ва дар ҳолатҳои фавқулодда зарур мебошад;
– ташкилотҳои таъмини оби нӯшокӣ – шахсони ҳуқуқие, ки шабакаи мутамарказ ё ғайримутамаркази таъмини оби нӯшокиро идора менамоянд;
– истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки оби нӯшокиро барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
– муқаррар намудани кафолатҳои ҳуқуқӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо оби нӯшокӣ;
– муқаррар намудани асосҳои хоҷагию иқтисодии таъмини оби нӯшокӣ;
– муқаррар намудани кафолатҳои давлатии эътимоднокии таъмини оби нӯшокӣ, инчунин асосҳои ба ҷавобгарӣ кашидан барои ҳуқуқвайронкунӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии таъмини оби нӯшокӣ
Принсипҳои асосии таъмини оби нӯшокӣ аз инҳо иборат мебошанд:
– кафолатҳои давлатӣ дар навбати аввал бо оби нӯшокӣ таъмин намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ва ҳифзи саломатӣ;
– назорати давлатӣ ва танзими давлатии масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
– ҳисоботдиҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии масъули таъмини оби нӯшокӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки фаъолияти оид ба истифода ва ҳифзи обро назорат мекунанд, инчунин ба мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар доираи салоҳияти онҳо;
– таъмини бехатарӣ, боэътимодӣ ва идорашавандагии шабакаҳои таъмини оби нушокӣ бо назардошти хусусиятҳои технологии онҳо ва интихоби манбаи об мутобиқи стандарту меъёрҳои ягонае, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд;
– баҳисобгирӣ дар таъмини оби нӯшокӣ;
– музднок будани таъмини оби нӯшокӣ;
– дастгирии давлатии рушди шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, истеҳсолу таъмини онҳо бо дастгоҳу маводҳои зарурӣ, аз ҷумла воситаҳои кимиёвӣ барои тоза ва безарар гардонидани оби нӯшокӣ.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини оби нӯшокӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини оби нӯшокӣ дохил мешавад:
– муайян ва татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ;
– қабули барномаҳои давлатии рушди шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
– муайян кардани тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
– муайян намудани тартиби назорати давлатӣ;
– ҷудо кардани маблағ аз буҷет ва дигар манбаъҳо барои барқарор намудани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар маҳалҳое, ки бар асари ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд;
– муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини оби нушокӣ;
– ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ.
Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ
Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ дохил мешавад:
– таҳия ва ташкили татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ;
– амалигардонии сиёсати ягонаи давлатии илмию техникӣ ҷиҳати таъмин кардани истеъмолкунандагон бо оби нӯшокӣ мувофиқи меъёрҳои сифати истеъмоли об;
– ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмӣ доир ба таъмини оби нӯшокӣ, истеҳсоли мавод барои тоза ва безараргардонии оби нӯшокӣ ва таъмини маблағгузории онҳо;
– ташкили меъёргузорӣ ва баҳисобгирии истеъмоли об;
– тасдиқ кардани барномаҳои мақсадноки минтақавӣ ва нақшаҳои чорабиниҳо барои ташкил, нигоҳдорӣ ва рушди шабакаҳои обрасонӣ;
– муайян намудани чораҳои ҳифзи манбаъ ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
– ташкили санҷишҳои аудити технологию экологии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
– ташкили таълим, бозомӯзии кормандон ва такмили ихтисоси онҳо;
– муайян намудани тартиби сертификатсияи меъёрҳои сифати оби нӯшокӣ;
– бо тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
– таҳия ва тасдиқи таърифҳои хизмати обрасонӣ, меъёр ва қоидаҳои истифодабарии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор.
Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ
Ба салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣоид ба таъмини оби нӯшокӣ дохил мешавад:
– тасдиқи барномаҳои маҳаллии мақсаднок ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ташкил, нигоҳдорӣ ва рушди шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
– андешидани чораҳо оид ба беҳтар намудани сифати оби нӯшокӣ ва истифодаи оқилонаи он, ҳифзи захираҳо ва манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ аз ифлосшавӣ, олудашавӣ ва камобшавӣ;
– анҷоми корҳои ташкилӣ ҷиҳати таъмини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо оби нӯшокӣ мувофиқи меъёрҳои истеъмоли об.
Моддаи 8. Шаклҳои моликият ба шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ
- Шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ метавонанд моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ) ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошанд.
- Ба дигар шахс гузаштани ҳуқуқи моликият ё тағйирдиҳии шакли моликияти шабакаҳои мутамарказ ё ғайримутамаркази таъмини оби нӯшокӣ ба шарте роҳ дода мешаванд, ки чунин гузариш ё тағйирот кори шабакаҳоро халалдор накунад.
- Феҳристи шабакаҳои ҳаётан муҳими таъмини оби нӯшокӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 9. Шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокӣ
- Шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокӣ асоси муттасил таъмин намудани истеъмолкунандагон бо оби нӯшокӣ буда, объектҳои ҳаётан муҳим дониста мешаванд.
- Эҳтиёҷоти ба таҷҳизот, мавод, реагентҳо доштаи ташкилотҳое, ки шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишинро истифода мебаранд, ба номгӯи маҳсулоти зарурати эҳтиёҷоти давлатӣ дохил карда мешаванд.
- Талаботи интихоби манбаи таъмини оби нӯшокии шабакаҳои мутамарказ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини оби нӯшокӣ муқаррар карда мешаванд.
- Шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокиро мақомоти ваколатдори давлатӣ идора мекунанд.
- Молики шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокӣ метавонад идоракунии шабакаҳоро мустақилона амалӣ гардонад ё дар асоси шартнома онҳоро барои истифодаи хоҷагидорӣ ва ё барои идоракунии оперативӣ ба ихтиёри шахсони ҳуқуқӣ диҳад.
Моддаи 10. Шабакаҳои ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ
- Шабакаҳои ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани истеъмолкунандагон ҳангоми набудани шабакаҳои мутамаркази обтаъминкунӣ ташкил карда мешаванд.
- Талабот доир ба интихоби манбаъҳои таъмини об дар шабакаҳои ғайримутамарказ ва мухтори обтаъминкунӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини оби нӯшокӣ муқаррар карда мешаванд.
- Моликони шабакаҳои ғайримутамаркази таъмини оби нӯшокӣ ва истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ объектҳои обро ба сифати манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ аз рӯи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, истифода мебаранд.
- Шабакаҳои ғайримутамаркази таъмини оби нӯшокиро моликони ҳамин шабакаҳо метавонанд бевосита идора кунанд, ё ҳуқуқи идоракуниро ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ диҳанд.
Моддаи 11. Шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар воситаҳои нақлиёт
Шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар воситаҳои нақлиёт ҷузъи таркибии ин воситаҳо мебошанд. Фаъолияти мӯътадили шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар воситаҳои нақлиёт ва назорати мувофиқати сифати оби нӯшокиро ба талаботи меъёрӣ дар ин шабакаҳо моликони воситаҳои нақлиёт таъмин менамоянд.
Моддаи 12. Танзими давлатии таъмини оби нӯшокӣ
- Рушди обтаъминкунӣ тавассути татбиқи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ ба роҳ монда мешавад. Таъминот бо оби нӯшокӣ бояд ҳатман ба нақшаи минтақавии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ дохил карда шавад.
- Лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази таъмини оби нӯшокӣ мутобиқи нишондиҳандаҳои ба ҳисоб гирифташудаи нақшаҳои генералии рушди ҳудудҳо, меъёру қоидаҳои меъморӣ, стандартҳои давлатӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, талаботи экологӣ, ки бо мақомоти салоҳиятдор мувофиқа шудааст, амалӣ мегарданд. Ҳангоми ба нақша гирифтани лоиҳаҳо ва сохтмони шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ талаботи таъмини эътимодияти ин шабакаҳо дар ҳолати ба онҳо таъсир расонидани омилҳои табиӣ ва техногенӣ ба назар гирифта мешавад.
- Фаъолияти шахсоне, ки истеъмолкунандагони оби нӯшокиро аз шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази обрасонӣ таъмин менамоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Моддаи 13. Маблағгузории таъмини оби нӯшокӣ
Манбаъҳои маблағгузории таъмини оби нӯшокӣ инҳо мебошанд:
– маблағҳои буҷетӣ барои андешидани чораҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатии рушд ва беҳтар намудани кори шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
– маблағҳои истеъмолкунандагон ва истифодабарандагони оби нӯшокӣ;
– дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 14. Дастгириии давлатии таъмини оби нӯшокӣ
Имтиёзҳои андозбандӣ, кредитӣ ва намудҳои дигари имтиёзҳо барои ташкилотҳои бахши таъмини оби нӯшокӣ, новобаста ба шакли моликият, инчунин барои истеҳсолкунандагони таҷҳизот ва маводҳои таъминкунандаи фаъолияти шабакаҳо ва сармоягузорон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 2. КАФОЛАТҲОИ ТАЪМИНИ ОБИ НӯШОКӢ
Моддаи 15. Кафолатҳои давлатии таъмин кардани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ
- Давлат таъмини ҳар як шахсро бо оби нӯшокии ба меъёрҳои муқарраршудаи сифат ва миқдор ҷавобгӯ кафолат медиҳад.
- Эҳтиёҷоти аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дар маҳалли зист бо тадбиру чораҳои рушди афзалиятноки шабакаҳои мутамарказ ё ғайримутамаркази таъмини оби нӯшокӣ, инчунин ба дастгирии давлатии обтаъминкунӣ қонеъ гардонида мешавад.
- Кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба оби нӯшокӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар вокзалҳо, фурудгоҳҳо, боғҳои фароғатӣ, муассисаҳои варзишӣ ва табобатӣ, ҷойҳои оббозикунӣ (пляжҳо) ва дигар), инчунин ҳангоми ҳаракат дар воситаҳои нақлиёт аз тарафи моликони ин объектҳо таъмин карда мешавад.
- Дар ҳолати халал ёфтани кори шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази обтаъминкунӣ, ки боиси халалдор шудани меъёрҳои муқарраргардидаи таъмини истеъмолкунандагон бо оби нӯшокӣ ва (ё) номувофиқатии сифати об ба талаботи муқарраршудаи меъёрӣ мегардад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, моликони шабакаҳо ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ дар доираи салоҳияти худ вазифадоранд, ки барои таъмини истеъмолкунандагон бо оби нӯшокӣ ба миқдори муқаррарнамудаи меъёрҳои обтаъминкунӣ чораҳо андешида, аз манбаъҳо ва шабакаҳои эҳтиётии таъмини оби нӯшокӣ, воситаҳои техникии маишӣ ва дастаҷамъии тозаю безараргардонӣ барои истифодаи умум оби нӯшокиро дар зарфҳо расонанд.
- Номгӯи чорабиниҳое, ки дар ҳолатҳои халалдоршавии кори шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази таъмини оби нӯшокӣ андешида мешаванд, дар нақшаи корҳои таъҷилии таъмин намудани истеъмолкунандагони ин ё он маҳал бо оби нӯшокӣ муайян мегарданд.
Моддаи 16. Таъмини сифати оби нӯшокӣ
Сифати оби нӯшокӣ, ки ба истеъмолкунандагон пешниҳод мешавад, бояд ба талаботи меъёрҳо мутобиқ буда, он бо чораҳои зерин таъмин карда шавад:
– интихоби манбаи таъмини оби нӯшокӣ ва технологияи мувофиқи тоза кардани об;
– назорати мунтазами сифати об дар шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
– дар шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ истифода намудани таҷҳизот, мавод, реагентҳое, ки безарар будани онҳоро сертификати дахлдор тасдиқ мекунад;
– муқаррар намудан ва ҳар 5 сол аз нав баррасӣ кардани талаботи меъёрӣ нисбат ба оби нӯшокӣ ва манбаъҳои обтаъминкунӣ мутобиқи дастовардҳои илмии муосир;
– ҳифзи манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокии мутамарказ ва ғайримутамарказ (муқаррар кардани минтақаҳои ҳифзи санитарӣ ва дигар чораҳои муҳофизати оби нӯшокӣ аз ифлосшавӣ бинобар амалҳои тасодуфӣ ё қасдона);
– таҳияи барномаҳои намунавии истифода ва назорати сифати оби нӯшокии шабакаҳои обтаъминкунии мутамарказ ва ғайримутамарказ бо назардошти шароити маҳал;
– муқаррар намудани чораҳои қатъии назорати давра ба давраи сифати оби нӯшокӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҳангоми таҳдиди хатар ба саломатии одамон бо сабаби бад гаштани сифати оби нӯшокӣ.
Моддаи 17. Назорат ва баҳисобгирии давлатӣ дар бахши таъмини оби нӯшокӣ
- Назорати давлатиро дар бахши таъмини оби нӯшокӣ мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об таъмин мекунанд.
- Баҳисобгирии манбаъҳои обтаъминкуниро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об бо иштироки мақомоти обуҳавошиносӣ (обҳои рӯизаминӣ), мақоми геология (обҳои зеризаминӣ) ва мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ анҷом медиҳанд.
- Мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ сифати оби нӯшоки истеъмолшавандаро муайян месозад ва мувофиқати онро ба меъёрҳои муқарраргардида назорат мекунад.
- Миқдори оби истифодашавандаи шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокӣ аз тарафи моликони ин шабакаҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.
- Назорати риояи талаботи стандартҳои давлатӣ оид ба оби нӯшокӣ, инчунин тарзу усулҳои назоратро, ки дар таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ истифода мешаванд, мақомоти ваколатдор оид ба стандартонӣ амалӣ мегардонанд.
- Назорати давлатии риояи меъёру қоидаҳои сохтмон ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳои таъмини оби нӯшокиро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ амалӣ мекунад.
- Назорати давлатӣ ва баҳисобгирии таъмини оби нӯшокӣ тибқи тартиби муқарарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 18. Ҳифзи манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ
- Ҳифзи манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ аз ифлосшавӣ, камобу хушкшавӣ ва ҳифзи шабакаҳои обтаъминкунӣ аз осебу вайроншавӣ шарти ҳатмии таъмини бехатарию безарарии оби нӯшокӣ буда, он дар натиҷаи иҷрои талаботи санитарию экологӣ ва тадбирҳои пешгирии ифлосшавӣ, хушку камобшавии объектҳои об, инчунин муқаррар намудани минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳо ва шабакаҳои обтаъминкунӣ (ғайр аз шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар воситаҳои нақлиёт) ва риоя намудани низоми барои ин минтақаҳо пешбинишуда амалӣ мегардад.
- Минтақаҳои ҳифзи санитарӣ барои тамоми манбаъҳо, инчунин барои шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази таъмини оби нӯшокӣ новобаста ба шаклҳои моликият бо мақсади пешгирӣ намудани ифлосшавии тасодуфӣ ва барқасдонаи об муқаррар карда мешаванд.
- Дар ҳудудҳои якум ва дуюми минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ партофтани пасобҳо манъ мебошад.
- Дар ҳудуди сеюми минтақаҳои ҳифзи санитарӣ партофтани пасобҳои шаҳрҳо, корхонаҳои саноатию кишоварзӣ, ки дар таркибашон моддаҳои ифлоскунанда ва унсурҳои биологии аз меъёрҳои дар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда муқарраршуда зиёд доранд, қатъиян манъ аст.
- Ташкили минтақаҳои ҳифзи санитарӣ, тартиби лоиҳакашӣ, истифода ва муқаррар намудани андозаҳо ва меъёрҳои ба онҳо мутобиқи ҳифзи об, муайян намудани маҷмӯъи тадбирҳои ҳифзи санитарӣ, аз ҷумла номгӯи намудҳои фаъолияти манъ ва маҳдудшаванда мутобиқи талаботи қоидаву меъёрҳои санитарӣ анҷом дода мешавад.
- Иҷрои маҷмӯи чорабиниҳои ҳифзи санитарӣ ва экологӣ ба зиммаи инҳо вогузор карда мешавад:
– ташкилотҳои обтаъминкунӣ;
– мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
– шахсоне, ки дар ҳудуди ин объектҳо фаъолияти хоҷагидориро анҷом медиҳанд.
- Назорати иҷрои маҷмӯи чорабиниҳо ва риояи талаботи минтақаҳои ҳифзи санитарӣ ба зиммаи мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист вогузор карда мешавад.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣметавонанд барои пешгирӣ намудани қасдан ифлос намудан ва осеб расонидан ба манбаю шабакаҳои обтаъминкунӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Моддаи 19. Сертификатсиякунонӣ дар бахши таъмини оби нӯшокӣ
Дар бахши таъмини оби нӯшокӣ инҳо сертификатсия мешаванд:
– оби нӯшокии шабакаҳои обтаъминкунӣ;
– оби нӯшокии ба зарфҳо рехтае, ки барои истеъмолкунандагон фурӯхта мешаванд;
– ҷараёнҳои технологӣ, таҷҳизот, воситаҳо, мавод ва моддаҳои кимиёвӣ барои тоза ва безараргардонии об.
Моддаи 20. Кафолати бо оби нӯшокӣ таъмин намудан дар ҳолатҳои фавқулодда
- Аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (садамаю фалокатҳо, офати табиӣ, ки дар натиҷаи он манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ ифлос мешаванд, шабакаҳои тозакунӣ, безараргардонӣ ва таъмини оби нӯшокӣ осеб мебинанд ва аҳолии ин маҳал бештар аз як шабонарӯз бе об мемонад) аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешавад.
- Ҳолатҳои фавқулоддаро дар бахши таъмини оби нӯшокӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ пешгӯӣ намуда, барои аз рӯи меъёр бо оби нӯшокӣ таъмин намудани истеъмолкунандагон ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда чораҳо меандешанд.
Моддаи 21. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ
- Моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ ҳуқуқ доранд:
– мутобиқи шартномаи дуҷониба аз истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ барои оби воқеан додашуда маблағ талаб намоянд;
– оид ба баргардонидани товони зарар аз шахсони воқеӣ, ки дар натиҷаи ифлосшавӣ ва (ё) камобшавии манбаъҳои об, инчунин вайрон намудани шабакаҳои таъмини об расонида шудааст, мутобиқи қонунгузорӣ даъво пешниҳод намоянд.
- Ташкилотҳои таъминкунандаи об ва моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, ки онро бевосита истифода мебаранд, ӯҳдадоранд:
– шартҳои технологиро, ки ба талаботи меъёрҳои оби нӯшокӣ ҷавобгӯ мебошанд, риоя намоянд;
– меъёри муттасил додани оби нӯшокиро дар навбати аввал барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсони воқеӣ ва корхонаҳои саноати хӯрокворӣ ва муассисаҳои тиббӣ таъмин кунанд;
– таҷҳизот, мавод ва моддаҳои кимиёвии барои истифода дар фаъолияти обтаъминкунӣ иҷозат додашуда ва дорои сертификати мутобиқат ба талаботи муқарраргардидаро истифода баранд;
– оби нӯшокии истифодашударо ба ҳисоб гиранд;
– ба истифодаи оби нӯшокӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии корхонаҳое, ки ҷараёни технологиашон истифодаи оби нӯшокиро талаб намекунанд, роҳ надиҳанд, ба шарте, ки бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолиро бевосита халалдор намояд;
– назорати сифати оби нӯшокиро мутобиқ ва дар асоси усулҳои санҷидашудаи лабораторӣ ё стандартишуда ташкил намоянд ва истеъмолкунандагонро аз паст шудани сифати оби нӯшокӣ саривақт огоҳ кунанд;
– мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро аз сар задани фалокат ва дигар ҳолатҳои фавқулоддае, ки ба вазъи манбаъҳо ва шабакаҳои обтаъминкунӣ таъсир мерасонанд, инчунин ҳангоми ба талаботи қоидаву меъёрҳои санитарӣ мувофиқат накардани сифати оби нӯшокӣ, саривақт огоҳ намоянд;
– намояндагони мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об ва ҳифзи муҳити зистро барои санҷиши объектҳо ва иншооти обтаъминкунӣ бемамониат роҳ диҳанд;
– меъёрҳои хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти барои минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои об ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ муқарраргардидаро риоя намоянд;
– ба вайрон намудани ҳуқуқҳои дигар истифодабарандагони об ва расонидани зиён ба муҳити зист роҳ надиҳанд;
– барои таъмири ҷорӣ ва асосии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ маблағ ҷудо кунанд;
– манбаъҳои таъмини оби нӯшокиро аз ифлосшавӣ, хушку камобшавӣ ва шабакаҳои обрасониро аз вайроншавӣ муҳофизат намоянд.
- Моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, ки ҳуқуқи идора кардани ин шабакаҳоро ба ташкилотҳои обтаъминкунӣ вогузор намудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин шабакаҳо ҷавобгар мебошанд.
Моддаи 22. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ
- Истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ ҳуқуқ доранд:
– мутобиқи меъёрҳои сифат ва истеъмоли оби нӯшокӣ аз шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ бо оби нӯшокӣ таъмин бошанд;
– назорати сифати оби нӯшокиро, ки аз шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ расонида мешавад, талаб намоянд;
– тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сифати оби нӯшокӣ ва эҳтимолияти таваққуф дар обтаъминкунӣ саривақт ва маълумоти пурра гиранд;
– бо тартиби муқарраргардида барои гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва ҷамъиятии экологӣ ташаббускор бошанд ва натиҷаи онро ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намоянд;
– подоши зарар, ки дар натиҷаи таъмини оби нӯшокии ба талаботи меъёрҳо номувофиқ ба онҳо расидааст, талаб намоянд.
- Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд, ки дар навбати аввал аз шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ мувофиқ бо меъёрҳои сифат ва истеъмолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда шаванд.
- Истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ ӯҳдадоранд:
– меъёру қоидаҳои санитарӣ ва дигар қоидаҳоро доир ба таъмини оби нӯшокӣ риоя намоянд, инчунин талаботи бо Қонуни мазкур муқарраршударо иҷро кунанд;
– ба ифлосшавӣ ва камобшавии манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ, инчунин осеб дидани шабакаҳои он роҳ надиҳанд;
– оби нӯшокиро дар рӯзгор ва истеҳсолот самаранок ва оқилона истифода баранд;
– ҳаққи хизмати обрасониро тибқи тарифҳои муқарраргардида саривақт пардохт намоянд;
– ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ аз нияту амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки метавонанд манбаъҳои обтаъминкуниро ифлос намоянд, саривақт хабар диҳанд;
– ба ташкилотҳои обтаъминкунӣ дар бораи ҳолати ғайриқаноатбахши шабакаҳои зикршуда хабар диҳанд.
Моддаи 23. Иттилоот оид ба масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ
- Иттилоот дар бораи сифати оби нӯшокӣ ба дархосткунанда ройгон мебошад. Оид ба сифати оби нӯшокӣ ба истеъмолкунандагон тавассути воситаҳои ахбори омма иттилоъ дода мешавад.
- Дар сурати номувофиқатии сифати оби нӯшокӣ ба талаботи меъёрҳо, ки метавонад ба саломатии одамон таҳдид намояд, моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, ташкилотҳои обтаъминкунӣ ва мақомоте, ки мувофиқати сифати оби нӯшокиро ба талаботи меъёрӣ назорат мекунанд, вазифадоранд истеъмолкунандагони оби нӯшокиро дар бораи мӯҳлати барҳам додани ин номувофиқатӣ, инчунин чораҳои эҳтиётӣ (чораҳои иловагии коркарди об) ё худ аз маҳалу вақти додани оби нӯшокие, ки ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ мебошад, бетаъхир хабардор намоянд.
- Иттилоъ оид ба таваққуфҳои эҳтимолӣ ҳангоми таъмини оби нӯшокӣ аз ҷониби ташкилот ва мақомоти таъминкунандаи оби нӯшокӣ ба истеъмолкунандагон бо таври ҳатмӣ, пешакӣ, тавассути воситаҳои ахбори омма ё дигар воситаҳо расонида мешавад.
- Ташкил ва назорати таъмин намудани истеъмолкунандагон бо иттилооти саривақтӣ оид ба сифати оби нӯшокӣ ва номураттаб додани он ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣгузошта мешавад.
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 декабри соли 2010
№670