Главная / Гуногун / ОБҲОИ ҚИРҒИЗИСТОН

ОБҲОИ ҚИРҒИЗИСТОН

Сарвати асосии обии Қирғизистон дарёҳое мебошанд, ки обро аз пиряхҳои сафедбарф мегиранд. Барфҳо ва пиряхҳои абадӣ наздик ба 4% ҳудуди Қирғизистонро ташкил медиҳанд. Захираи об дар онҳо ҳамеша бо боридани барф пур карда мешавад. Пиряхҳо дар қирғизистон ин захирагоҳи бузурги оби тоза буда, онҳо дорои 600 км2 ях мебошанд. Агар ин ҳама об шаванд, пас ҳудуди кишвари мо бо қабати обии ғафсияш 3 метр пӯшонида хоҳад шуд. Бисёр дарёҳои Қирғизистон сарчашмаи худро аз пиряхҳо ва барфҳо мегиранд, вале ҳеҷ яке аз онҳо ба уқёнус ҷорй намешаванд.

kiles

Оби дарёҳо, ки аз куҳҳои баланд ибтидо гирифта, аз байни ҷинсҳои ба мушкилй шусташаванда ҷорй мешаванд, тозаву мусаффо, шаффоф буда, ҳарорати паст доранд. Зимистон ин дарёҳо бинобар суръати тези ҷоришавиашон ях намебанданд.

Дарёҳое, ки аз байни ҷинсҳои мулоим мегузаранд, ҳангоми обшавии барф ва ё боридани боронҳои селовар ифлос мешаванд. Дар таркиби ин обҳо моддаҳои туно- гуни маъданӣ, ки ҳосилнокии хокро баланд мебардоранд, мавҷуд мебошанд. Дарёи
Норин, ки яке аз бузургтарин дарёҳои Қирғизистон ба шумор меравад, аз баҳам пайвастани дарёҳои Норини Калон ва Норини Хурд ба вуҷуд меояд. Ин дарёчаҳо аз пиряхҳои баландкуҳ сарчашма мегиранд( майдони умумии пиряхҳо дар ҳавзаи Но­рин болотар аз 1 000 км2-ро ташкил медихдд.

Дарёи Норин аз шарқ ба ғарби кишвар ҷорӣ шуда, бо Қарадарёи водии Фаргона пайваст шуда, дарёи Сирро ташкил мекунад. Дарёҳои Чуй ва Талас системаҳои алоҳидаи дарёиро ташкил мекунанд. Дарёи Чуй, ки аз пиряхҳои Тенир-Тоои Дохилй (Тён-Шан) ибтидо мегирад, дар регҳои биёбони Моюнкум дар Қазокистон таҳшин мешавад. Аз водии Қочқор ҷорӣ шуда, вай аз канори водии Иссиқ- Кӯл ҷорй меша- вад. Вале чанд километр то ба кӯл ҷорӣ нашуда, ба ғарб мегардад ва тавассути дараи Боом гузашта ба водии Чуй мерасад.

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН КӮЛҲОИ БИСЕРЕ ҲАСТ.

Азбаски бисёре аз кӯлҳои Қирғизистон аз дарёҳои ҷоришаванда пайдо шудаанд, оби онҳо барои нӯшидан қобили истифода аст.

Дар Иссиқ-Кӯл ва Чатар-Кӯл об шӯр аст.

Иссиқ-Кӯл – яке аз кӯлҳои бузурги дар ҷаҳон, ки дар байни куҳҳои баланд қарор гирифта, ба шумор меравад. Дарозии он баробар бо 177 км буда, паҳнои аз ҳама кал они он 58 км, ва ҷойи аз ҳама жарфи (чукури) он 668 метро ташкил медиҳад. Иссиқкӯл пас аз Байкал ва Хазар аз нигоҳи жарфноӣ ҷойи саввумро ишгол мекунад. Дар ҳар як литри оби кӯл 6 грамм намак мавҷуд буда, аз ин рӯ, он барои нӯшидан ва обёрии растаниҳо ба кор намеояд. Иссик-кӯл ҳаргиз ях намебандад. Танҳо вақте ки зимистон бисёр хунук мешавад, дар соҳили халиҷҳои начандон жарф қабати борики ях пайдо мешавад.

Дар ҳавои рӯшан ранги об дар кӯл гуногун аст: аз ранги обй то ба ранги кабуд, дар ҷойҳои начандон жарф вай сабз аст.

Ҳангоми шамоли сахт ва ҳавои абрнок ранги об то ба ранги хокистариву қӯрғошимй дигар мешавад. Дар нишебиҳои қаторкуҳи Чатқал кӯли аз ҳама зебо Сарӣ-Челек қарор дорад. Вай бо шахҳои рангашон зард иҳота шуда, дар атрофи он себу арчазор, сарвҳо ва алафҳои баланд мерӯянд. Оби вай хеле тозаву шаффоф мебошад. Дар ноҳияҳои гуногуни Ҷумхурии мо кӯлҳои сершумори бузурги сунъй- обанборҳо сохта шудаанд. Дар дарёи Чуй дар вилояти Норин обанбори Орто-Токой, дар водии Чуй – Ала-Арчаи Кӯчак ва дигарҳо, дар вилояти Ӯш – обанбори Базар- Коргон, Найман, дар вилояти обанбори Токтогул, дар вилояти Талас – обанбори Ки­ров мавҷуданд. Дар Қирғизистон захираҳои калони обҳои зеризаминй мавчуд мебо­шад. Водии Чуй аз чунин обҳо хеле бой мебошад. Дар бисёр ноҳияҳои Ҷумхурии мо сарчашмаҳои зиёди обҳои шифобахши маъданй ва терминалй дида мешаванд. Дар таркиби баъзе аз онҳо намакҳои гуногун, дар баъзе дигари онҳо ҳарорати баланд мавҷуд мебошанд. Баъзе сарчашмаҳои Назди Иссиқ-Кӯл, водии Чуй ва вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод ба мақсадҳои шифой истифода мешаванд.

Дарёҳои аз ҳама бузурги Қирғизистон

Ном Дарозй (дар км) Ном Дарозй (дар км)
Норин 807 Сох 127
Талас 294 Кокомерен 108
Чуй 1030 Чоц Кемин 107
Кара-Дарья 189 Тюп 105
Сари-Жаз 165 Жиргалац 81
Чаткал 144 Исфара 85
Кизил-Суу 128 Ак-Буура 58


Кӯлҳои бузурги Қирғизистон

Ном Масоҳат, дар км2 Баландй аз сатҳи баҳр, дар метр Ҷои аз ҳама жарф, дар метр
Иссиқ-Кӯл 6 236 1 609 668
Сон-Кӯл 278 3 016 21
Чатир-Кӯл 175 3 530 3
Сарй-Челек 5 1 859 234


Обанборҳои аз ҳама бузурги Қирғизистон

Ном Майдон, дар км/ мураббаъ
Токтогул (дар дарён Норин) 284
Киров (дар дарёи Талас) 27
Орто-ТОкой (дар дарёи Чуй) 24


АСОСИТАРИН НУКТАҲОИ МАВЗУЪ:

Дар сайёраи Замин шароитҳо барои мавчудияти об дар се ҳолат: моеъгй, сахт ва газмонанд, муҳайё мебошанд. Байни уқёнусҳо ва организмы инсон низ чунин монандиҳо мавҷуд мебошад: чй тавр уқёнус 70% кураи заминро ишғол мекунад, ҳамон тавр 70% организмы одам аз об иборат мебошад. Дар оби баҳр ва дар моеъҳое, ки дар бадани одам давр мезананд, элементҳои ҳамсон мавҷуд мебошанд.

Пурсишҳо

  1. Кадом қисмати сатҳи Заминро об ташкил медиҳад?
  2. Дар дунё чанд уқёнус мавчуд мебошад? Онҳоро ном баред.
  3. Чй тавр гардиши муцаввари об дар Замин сурат мегирад?
  4. Кадом дарёҳоеро, ки дар Қирғизистон қарор доранд, медонед? Онҳоро ном баред.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …