Главная / Ҷуғрофия / ОБҲОИ ХУШКЙ- ОБҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ОБҲОИ ХУШКЙ- ОБҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

Обҳои хушкӣ. Тамоми намуди обҳои хушкӣ (зеризаминӣ ва рӯизяминӣ) аз боришот пайдо мешаванд Боришоте, ки ба сатҳи хушкӣ мерезад, қисман бухор шуда, қисман ба Замин мезаҳад. Бокимондаи он дарёҳо, кӯлҳо, ботлоқҳо, пиряхҳо, баҳру уқёнусҳоро ба вуҷуд меорад. Маҷмӯи онҳо (обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ)-ро обҳои хушкӣ меноманд.

Обҳоӣ зернзаминӣ. Пайдоиши обҳои зеризаминӣ ба боришот ва обгузаронии ҷинсҳои кӯҳии сатҳи хушкӣ вобаста мебошад. Барои он ки обҳои зеризаминӣ дар натиҷаи аз сӯрохӣ, тарқиш, ҷойҳои холигии байни қисмҳои ҷинсҳои кӯҳӣ заҳидани оби борон, жола, барфи обшуда ҳосил мешаванд. Дар ин маврид қобилият ва хусусияти обгузаронии ҷинсҳои кӯҳӣ аҳамияти калон дорад. Ҳар кадар ҷинсҳои кӯҳии порашуда зиёд, фосилаи байни зарралӯндаҳо ва тарқиши ҷинсҳои кӯҳӣ Млон бошад, ҳамон кадар суръати заҳидани об меафзояд ва об қабати ҷинсҳои кӯҳй зудтар мегузарад. Хок, per, шагал, санреза, сангча аз қабили ҳамин гуна ҷинсҳои кӯҳӣ мебошанд. Ҳамаи ин ҷинсҳои кӯҳиро ҷинсҳои кӯҳии обгузар меноманд. Днгар ҷинсҳои кӯхии яклухт ба монанди гил, санги хоро, вараксанг тарқиш надошта бошанд, обро аз худ намегузаронанд ё ки ниҳоят суст мегузаронанд. Онҳоро ҷинсҳои кӯҳии обногузар мегӯянд.

bahr

Ҳамин тавр, қабатҳоеро, ки аз ҷинсҳои обгузар ҳосил шудаанд. қабатҳои обгузар, қабатҳоеро, ки аз ҷинсҳои обногузар ба вуҷуд омадаанд. қабатҳои обногузар меноманд.

Оби боришоти атмосферӣ (борон, барф, жола) ва обҳои сатҳи Замин аз ҷинсҳои обгузар ба осонӣ гузашта, дар болоӣ қабати обногузар ҷамъ мешавад. Дар ин ҷо кабати обнигаҳдорро ҳосил менамояд. Об қабат, сӯрохӣ, таркиш фазои байни ҷинсҳои қабати обнигаҳдорро фаро мегирад. Дар натиҷа қабати обдор ташаккул меёбад, ки онро оби зеризаминӣ меноманд. Самти ҳаракати он ба моилии қабатӣ обногузар вобаста мебошад. Оби қабати обногузар ба кадом тарафе, ки нишеб бошад, ба ҳамон тараф ҳаракат карда, аз он чое, ки қабати обногаҳдор ба рӯи Замин урён шудааст, ҳамчун чашма баромада ҷорӣ мешавад. Ба ақидан Ибни Сино “Обҳо дар натиҷаи ҷамъ шудан ва пурқувват шудан ба берун зада мебароянд ва чашмаҳоро ҳосил мекунанд. Ана аз ҳамин сабаб ҳам мебинем, ки аксари чашмаҳо фаввора зада мебароянд”.

Ҷинсҳои кӯкии таҳшин ва порагӣ дар қисми  болои қишри Замин қабат- қабат хобидаанд. Дар ин сурат қабатҳои обгузар ва обногузар метавонаяд якдигарро пай дар ҳам иваз намоянд. Ин имконият медиҳад, ки дар байни ду қабати обногузар оби байни қабатҳо ҳосил шавад. Об ба қабатҳои обногузар ҳамон вақт дохил мешавад, ки агар ягон қисми он қабатҳо дар рӯи Замин урён бошад. ё ки онҳоро оби дарё кофта ҷорй кунад. Дар ҳар ду ҳолат нисбат ба қабати обнигаҳдор оби байни қабатҳо суст ҷамъ мешавад, чунки дар ин ҷо сатҳи қабати ҷинсҳои обгузар фарох набуда, маҳдуд аст.

Обҳои зеризаминӣ нисбат ба қабати обгузар наздик ва ё дур ҷойгир шудаанд. Инро аз рӯи қабати болои обхои зерлзаминӣ муайян мекунанд, ки онро сатҳи оби зеризаминӣ меноманд. Баландӣ ва пастии он ба зиёд ва кам будани боришот, наздик ва сероб будани дарё, кӯлу обанборҳо (дар ҳолати дур будан паст мешавад), ба яклухтӣ ва бо ҷару сойҳо ба қисмҳо ҷудо шудани сатҳи маҳал вобаста мебошад. Агар маҳал ба қитъаҳои алоҳида ҷудо бошад, дар ин сурат сатҳи оби зеризаминй паст мешавад.

Истифодаи обҳои зеризамнӣ. Вобаста ба таркиб (ширинй ва шӯрӣ) ва хосият (хунук ва гарм) обҳои зеризаминӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Оби чашмаро одамон барои нӯшидан, обёрӣ ва дигар эхтиёҷоти зиндагӣ истифода мебаранд.

Агар қабати обдор дар байни ду қабати обногузар ҷойгир шуда бошад, оби байни онҳо  фишордор мешавад. Ҳангоми парма кардани Замин аз қабати обдор об фаввора зада мсбарояд. Онро чоҳи артезианӣ мегӯянд.

Об ҳалкунандаи табий мебошад. Вай намакҳо ва газҳоро дар худ маҳдул мекунад. Бинобар ин дар баъзе минтақаҳои рӯи Замин аз зери Замин об баромада ҷорӣ мешавад, ки аз намак ва газҳои маҳлулшуда ғанй мебошад. Онро оби минералӣ ё маъданӣ мегӯянд. Оби минералӣ хунук ва гарм мешавад. Чунин об дар қаламрави Ҷумҳурии Точикистон ва Қафкоз бисёр аст. Шамбарӣ, Обигарм, Хоҷаобигарм, Хоҷа Сангхок, Гармчашма, Баршор, Ҳавотоғ, Файзобод дар ҷумҳурии мо ва Боржоми. Ессснтуки, Кисловодск ва ғайра дар Қафқоз аз қабили чунин об мебошанд. Дар назди аксарияти ин чашмаҳо табобатхонаҳо бунёд кардаанд. Оби онҳоро барои табобаги бемориҳои гуногун истифода мекунанд. Дар баъзе мампакатҳо оби гарми чашмаҳоро барои гарм кардани хонаҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, гармхонаю парвардахонаҳо ба кор мебаранд.

Муҳофизати оби зернзамннӣ. Дар бисёр минтақахои кураи Замин оби нӯшокии рӯизаминй кифоят намекунад. бинобар ин дар он ҷойҳо аз оби байни қабатҳо истифода мебаранд. Дар натиҷаи аз ҳад зиёд истифода бурдани чунин об дар бъзе минтақаҳои рӯи Замин миқдори он сол аз сол кам шуда исгодааст. Барои он ки оби байни кабатҳо ба монанди оби қабати болоӣ хар сол аз ҳисоби боришот зиёд намешава Баръакс, ҷамъшавии онҳо  суст ва тӯлонӣ мебошад. Дар давоми садҳо ва ҳазорҳо сол ҷамъ мешавад. Ин оди менамояд, ки онро одамон сарфакорона ва бомақсад истифода, баранд.

Қабати болоии оби зеризаминӣ ба сатҳи Замин бевоси алоқаманд аст. Бинобар ин ба воситаи боришот, обҳои партови саноат, хоҷагии қишлоқ моддаҳои гуногуни захираи маҳлул шуда, ба оби зеризаминй ҳамроҳ мешаванд ва он ифлос мекунанд. Тоза кардани он ғайриимкон аст. Бинобар  кӯшиш бояд кард, ки чунин моддаҳо ба обҳои зеризамини дохил нашаванд.

Савол ва супорнш

  1. Кадом обҳоро обҳои хушкӣ мегӯянд?
  2. Кадом ҷинсҳои кӯҳӣ обро мегузаронанд, кадомашон намегузаронанд?
  3. Обҳои зеризаминй чӣ тавр пайдо мешаванд?
  4. Обҳои зеризаминӣ аз ҷиҳати пайдоиш ва таркиб чанд хел мешаванд?
  5. Чй гуна оби зеризаминиро оби байни кабатҳо мегӯянд?
  6. Оби зеризаминиро ба кадом мақсадҳо истифода мебаранд?
  7. Ҳосилшавии оби байни қабатҳо аз оби қабати болой чӣ тафовут дорад?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zamin

КОМПЛЕКСҲОИ ТАБИИИ МАҲАЛ ВА ОНҲОРО ТАҒЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексҳои табий дар натиҷаи робита ва таъсири мутақобилаи ҷинсҳои кӯҳй, ҳаво, об, …