Главная / Илм / ОБ- МАҲЛУЛКУНАНДА

ОБ- МАҲЛУЛКУНАНДА

Аз ҷӯй як истакон оби тира мегирем. Онро дар як ҷо мегузорем. Рӯзи дигар, ба истакон нигоҳ карда, дар таги он маводи таҳшиншударо мебинем. Ин чиро нишон медиҳад?

Ҳангоми ҷорй шудан об бо худ ҳиссачаҳои ҳалнашавандаи регу лой ва дигар маводҳоро бо худ мебарад. Онҳо дар таги истакон таҳшин мешаванд. Инҳо моддаҳои ҳалнашаванда мебошанд.

Оби аз моддаҳои ҳалнашавандаро ба шиша чаконида, онро гарм созед. Об бухор гардида, дар шиша аз қатраҳои он доғи сафед боқӣ мемонад.

Бад-ин тартиб, метавон хулоса кард, ки дар об ҳамеша моддаҳои ҳалшаванда мавҷуд мебошанд.

Ин моддаҳо махсусан дар обҳои намакини уқёнусу кӯлҳо бисёранд.

Таври мисол, дар оби кӯли Иссиқкӯл моддаҳои ҳалшаванда хеле бисёранд. Дар табиат оби комилан тоза вуҷуд надорад.

Шакар, намаки ошӣ – ин моддаҳое мебошанд, ки дар об хуб ҳал мешаванд. Агар ба об якчанд пораи ин моддаҳоро гузорем, онҳо маҳлулро ба вуҷуд меоваранд.

Моддаҳои ҳалшаванда дар об ба молекулаҳо таҷзия мешаванд. Баъзе махдулҳо, масалан, маҳлули шакар ва ё намак, беранг мебошанд. Вале на ҳама маҳлулҳо беранг мебошанд. Таври мисол, маҳлули маргансовка рангин мебошад.

Ба истакони обдор бӯри майдакадашударо андохта, он моеъро омехnа мекунем.

Вай ранги тирагун мегирад. Бӯр дар об ҳал намешавад. Доначаҳои хурди бӯр, дар муқоиса бо моддаҳои ҳалшаванда ба молекулаҳо тақсиму таҷзия намешаванд. Ҳиссачаҳои бӯр дар об дар ҳолати муаллақ боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, об тира шуда, ғайришаффоф мегардад.

Ғайр аз ин, дигар моеъҳо низ ғайришаффоф мешаванд. .Агар хоки хушкро ба об партоед, вай тирагун мешавад. Чунин моеъҳои тирагунро моддаҳои ҳалнашуда меноманд. Ҳиссаҳои сахти моддаҳои ҳалнашуда таҳти таъсири қувваи вазнинӣ оҳиста ба поён фаромада, дар таги зарфҳо, ки дар он моеъҳо қарор доранд, таҳшин меша­ванд. Дар маҳлулҳое, ки дар зарфҳои пӯшида қарор доранд, сарфи назар аз муҳлати қарор доштанашон , ҳаргиз таҳшин сурат намегирад.

Моддаҳои ҳалнашаванда тирагун буда, махдулҳо шаффоф мебошанд.

Шакар, намаки ошӣ, маргансовка дар об хуб ҳал мешаванд.

Вале бӯр, хок ҳал намешаванд. Вале бо гузашти замон ҳиссачаҳои майдаи ин моддаҳо дар миқдори начандон калон метавонанд дар об ҳал шаванд.

А Дар Табиат моддаҳое вуҷуд надоранд, ки комилан ҳалнашаванда бошанд.

Ҳатто металлҳо, тилло, ва нуқра дар миқдори бисёр кам дар об ҳал мешаванд.

Ф .Агар чумчаи нӯқрагинро дар истакони обдор гузорем, пас дар микробҳое, ки барангезаи бемориҳо мебошанд, мемиранд. Дар тиб чунин обҳо барои муолиҷаи чашм, пӯст ва гардан истифода мешаванд.

А Моддаҳо дар табиат ба ҳалшаванда ва ҳалнашаванда тақсим мешаванд.

Чй кадар моддаҳоро дар об ҳал кардан мумкин аст?

Обро ба истакон рехта, дар он андак намак андозед.

Дурустакак онро омехта кунед. Боз андаки дигар намак илова кунед. Вай низ ҳал мешавад, вале оҳиста ҳал мешавад. Боз андак намак ҳамроҳ кунед ва ҳар қадар онро омехта накунед, вай акнун дигар ҳал намешавад.

Махдуле, ки дар он дар ҳарорати муайян модда дигар хал намешавад, маҳсули ғализ номида мешавад.

Агар махлули намаки гализ омада карда, ба он намак ҳамроҳ карда, гарм намоем, пас як қисми намак ҳал мегардад. Пас, маълум мегардад, ки ҳангоми гарм кардани маҳлул махдулнокии моддаҳо баланд мегардад. Истаконро ба оби сард ғӯтонед. Ҳангоми хунук шудани маҳлули ғализ тавассути намак, кристалҳо пайдо мешаванд.

Бисёр моддаҳо мисли намак ҳангоми баланд шудани ҳарорат маҳлулнокшавиро зиёд намуда, ҳангоми паст шудани ҳарорат, баръакс, маҳулнокй кам мешавад. Вале на дар ҳама мавридҳо чунин мешавад. Дар чойнаку самоворҳо кафк ё сарҷӯш пайдо мешаванд. Ин гаҷи маъмулй мебошад. Маҳдулнокии он ҳангоми ҷӯшидани об кам мешавад.

Дар об ҳам моеъҳо ва ҳам газҳо мунҳал мешаванд. Ба ду истакон об мерезем. Ба яке аз ондо андак спирт, ба дигараш керосин мерезем. Тавассути мушоҳида мебинем, ки спирт дар об дуб, вале керосин бад мундал мешаванд. Аз байни газҳо кислород дар об хуб мунҳал мешавад. Аз ондо модиҳо, дайвонҳо, растанидое, ки дар зери об зиндагй мекунанд, нафас мекашанд.

АСОСИТАРИН НУҚТАҲОИ МАВЗУЪ:

Дар об моддаҳои сахт, моеъҳо ва газҳо мундал мешаванд.

Ф Супориш

  1. Дар хона маҳлули ғализи намакро тайёр кунед. Онро ба зарфи шишагин рехга, барон таҳшин шудан барои якчанд рӯз дар ягон ҷо гузоред. Муайян кунед, ки ҳодисае pyx додааст.
  2. Ба истакон оби хеле сардро бирезед. Дар деворҳои истакон чй пайдо мешаванд? Ин ҳодисаро шарҳ бидиҳед.
  3. Тавассути таҳшинкунй оби тирагунро то за кунед.
  4. Барой тоза кардани об тачриба гузаронед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …