Главная / Гуногун / Оғози барҳам хӯрдани империяи Усмониён

Оғози барҳам хӯрдани империяи Усмониён

Ҷавонтуркҳо то соли 1918 дар сари ҳокимият буданд. Онҳо Туркияро бо роҳи сармоядорӣ ва демократияи Ғарб бурданд, вале халқҳои ғайритурки империяро аз зери юғи истисмори мустамликавӣ озод накарданд, ҳарчанд кабл аз инқилоб дар ин бора ҳарф мезаданд.

Системаи сиёсие, ки ҷавонтуркҳо ташкил намуданд, имконият дод, ки созмонҳои чамъиятию сиёсӣ ташкил ёбанд. Ҳизби Сотсиалистии Усмониён (1910) ва Ҳизби Ҳуррият ва Ваҳдат (1911) аз ҷумлаи онҳост. Аз ин пештар Ҳизби Иттиҳод ва Тараққӣ ташкил ёфта буд. Соли 1912 ба ҳизби ваҳдатчиён муяссар гардид, ки парламентро пароканда сохта, ҳукуматеро ба сари ҳокимият биёранд, ки нисбат ба Ҳизби Иттиҳод ва Тараққии Туркия дар оппозитсия буд. Ҷавонтуркҳо аз тарси он ки ҳокимият аз дасташон наравад, моҳи январи соли 1913 табаддулоти давлатӣ ба амал бароварданд. Гурӯҳи афсарҳо бо сардории иштирокчии инқилоби соли 1908 Анварбей қароргоҳи ҳукуматро иҳота карда, рақибони ҷавонтуркҳоро торумор карданд. Баъди табаддулот ҷавонтуркҳо дар мамлакат режими диктаториро аз нав барқарор карданд, ки он аз истибдоди Абдулҳамид ҳеҷ фарқе надошт.

osmanskaja-imperija-pobedy_1_1_64998

Дар оғози асри XX давлатҳои абарқудрати Европа сиёсати хориҷии худро ба мустамликаҳои балкании империяи Туркия равон карданд. Онҳо ният доштанд, ки мустамликаҳои империяи Усмониёнро дар байни худ тақсим кунанд. Ба ин мубориза Италия низ ҳамроҳ шуд. Тирамоҳи соли 1911 бо розигии давлатҳои абарқудрат Италия барои забти ду музофоти африкавии Туркия – Триполитания ва Киренаика бар зидди империяи Усмониён ба ҷанг даромад. Дар ин ҷанг туркҳо шикаст хӯрданд. Мувофиқи Созишномаи сулҳи Уши-Лозанна ин ду музофот ба номи Либия ба Италия гузаштанд.

Ҷанги Триполитания нишон дод, ки империяи Усмониён хеле заиф гардидааст. Ин ҳолат ба муқобили Туркия ба ҷанг даромадани иттифоқи давлатҳои балкании Булғория, Сербия, Юнон ва Черногорияро тезонд. Ин ҷанг, ки Ҷанги якуми Балкан ном гирифтааст, моҳи октябри соли 1912 оғоз ёфта, то баҳори соли 1913 давом кардааст. Дар он Туркия шикаст хӯрд. Мувофиқи Созишномаи сулҳи 30 майи соли 1913 дар Лондон ба имзорасида мустамликаҳои европаии Туркия аз қаламрави гирду атрофи Истамбул ва минтақаи гулӯгоҳҳои наздикии онҳо иборат шуд. Албания князии мустақил эълон гардид.

Мухолифати иттифоқчиён дар масъалаи тақсимоти музофотҳое, ки аз Туркия ба даст дароварда буданд, сабабгори Ҷанги дуюми Балкан (моҳҳон июн – августи соли1913) шуд. Дар Ҷанги дуюми Балкан Булғория шикаст хӯрд. Мувофиқи Созишномаи сулҳи Бухарест Туркия Фракияи Шарқӣ ва Эдирнро пас баргардонид.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

3_zheleznaya_loshad

Техника дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Дар ИМА солҳои 60-70-ум дар коркарди гӯшт, ордкунии ғалла ва маъданистеҳсолкунӣ конвейер истифода бурда шуд. …