Главная / Гуногун / Оғози ҳаракати умумиҳиндустонии миллию озодихоҳӣ

Оғози ҳаракати умумиҳиндустонии миллию озодихоҳӣ

Ба рафти болоравии ҳаракати миллию озодихоҳӣ дар мамлакат режими мустамликавӣ тавассути ҷазодиҳиҳо ҷавоб мегардонид. Соли 1878 ноиби шоҳ Литтон (1876-1880) дар бораи силоҳ қонуне баровард, ки аз рӯи он ба ҳиндуҳо соҳиби силоҳи оташфишон будан манъ карда шуд. Худи ҳамон сол қонуни ниҳоят бераҳмонае оид ба матбуот ҳам қабул гардид, ки мувофиқи он ҳамаи мадракҳои ба забонҳои ҳинди нашршаванда аз сензураи пешакӣ мегузаштанд. Вале ин чораҳо барои режими мустамликавии англис натиҷаи дилхоҳ надоданд.

Соли 1880 дар Англия Ҳизби Либералҳо ба сари қудрат омада, дар Ҳиндустон зулми мустамликавиро каме сабуктар кунонид. Аз он ҷумла, баъзе қонунҳои зиддихалқиро бекор кард.

1363023184_1

Соли 1882 ва минбаъд аксари аъзои мунисипалитетҳои шаҳрҳои калон аз тарафи табақаҳои болоии аҳолӣ интихоб карда мешуданд. Додгохҳо поймол карда шудани ҳукуқҳои мардуми маҳаллиро аз назари нажоди бартараф карданд. Мубориза барои ҳалли ҳамин масъала миллатдӯстони ҳиндро водор намуд, ки сафҳои худро дар тамоми мамлакат мусгахкам кунанд. Онҳо солҳои 1883 – 1884 барои ташкили созмони умумиҳиндӣ кӯшиши аввалине ба харҷ доданд. Вале он вақт ин кор ба онҳо муяссар нашуд.

Соли 1885 дар шаҳри Бомбай анҷумани якум (муассисони)-и Конгресси миллии Ҳиндустон баргузор гардид. Юм котиби Генералии Конгресс интихоб шуд. Мустамликадорон солҳои аввал ба мавҷудияти КМХ хайрхоҳона назар мекарданд. Ноиби шоҳ лорд Дафферин (1884 – 1888) эълон дошт, ки “Конгресс аз инқилоб арзонтар аст”. Доираҳои озодандеши метрополий бар он ақида буданд, ки ҳизби озодона амал мекардагӣ ба онҳо дар кори бо ҳукуматдорони мустамликавӣ ҳамдаст кардани фаъолияти неруҳои оппозитсионӣ ёрӣ хоҳад расонд.

Дар Конгресс намояндагони қаноти озодандеши ҳаракати милли ҳукмрон буданд. Барномаи онҳо дар соҳаи иқтисодӣ асосан -Масъалаҳои зеринро дар бар гирифта буд: ҳимоя ва тараққиёти саноати миллӣ, кам кардани андозҳо, барпо кардани системаи муназзами қарзи сармоя. Конгресс ба поймолкунии қадру қимати саноати Ҳиндустон ва сиёсати нархгузории мустамликадорон эътирози қатъӣ баён кард.

Баъди ташкил ёфтани КМҲ мубориза дар байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии ҳаракати миллию озодихоҳӣ пурзӯр мешавад. Дар миёнаи солҳои 90-ум ба Тилак ва ҳамфикрони ӯ муясар мешавад, ки дар Конгресс аксариятро ба тарафи худ кашанд.

Дар мамлакат бо ташаббуси Конгресс ва махсусан Тилак чорабиниҳои гуногуни миллӣ гузаронида мешуданд. Барои ҳавасмандкунии саноати миллии Ҳиндустон конференсияи саноатӣ ва намоишгоҳҳо ташкил карда мешуданд. Соли 1895 ба шарафи Худо Ганеша ва қахрамони маратхҳо Шивами идҳои оммавӣ гузаронида шуданд, ки онҳо ба чорабиниҳои таблиғи сиёсии КМҲ табдил ёфтанд. Чунин чорабиниҳо дар Бангола низ доир гардиданд. Ҳукумати мустамликавӣ аз хатари ин чорабиниҳо ба ташвиш омада, соли 1897 Тилакро ба мӯҳлати 18 моҳ бадарға кард.

Солҳои 80-ум дар муқобили миллатдӯстии буржуазии ҳиндуӣ созмонҳои маорифпарварии исломӣ низ ба фаъолият шурӯъ карданд. Созмонҳои исломӣ дар муборизаи миллӣ озодихоҳонаи халқҳои Хнндустон унсури фарқияти ҳинду ва мусулмонро ворид сохтанд. Пешвои ҳаракати исломии Хнндустон Сайид Ахмадхон (1817 -1898) буд. Ӯ дар байни мусулмонон созмони маорифпарварӣ ташкил кард ва дар Алигарх коллеҷ кушод. Сайид Ахмадхон ҷонибдори режими мустамликадории Англия буд. Ба фикри ӯ танҳо Англия метавонад ҳуқуқи мусулмонҳои Ҳиндустонро ҳимоя кунад. Гуногунии барномаи фаъолият дар кори муборизаи миллию озодихоҳии Ҳиндустон оқибат ин ду созмонро зидди ҳамдигар гардонид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …