Главная / Гуногун / Оғози ҳаракати миллию озодихоҳӣ дар Ҳиндустон

Оғози ҳаракати миллию озодихоҳӣ дар Ҳиндустон

Англия Ҳиндустонро дар парокандагӣ нигоҳ медошт. Дар ин ҷо қариб 600 княз мавҷуд буд ва ҷудоии онҳоро метрополия муҳофизат мекард. Ин ҳолат имконият намедод, ки миллатҳои Ҳиндустон хуб ташаккул ёбанд. Халқиятҳои дар гузашта пешқадам, масалан, андҳра, малаялӣ ва ғайра қаламрави умумии худро надоштанд. Заминҳои аҷдодии онҳо ба князиҳои алоҳила, ки “музофотҳои Британӣ” ном доштанд, тақсим карда шуда буданд. Боқимондаҳои сохти кастагӣ ва ҳокимияти динӣ ваҳдати сиёсии халқҳо ва ташаккули шуури миллии онҳоро мушкил мегардонданд. Ташаккули миллии банғолавиҳо, маратхҳо, гуҷаротиҳо, тамилҳо ва баъзе халқиятҳои дигape, ки дар навоҳии аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаи мамлакат сокин буданд, тезтар ба амал меомад.

Пурзӯршавии истисмори мустамликавӣ дар шароити гузариш ба империализм вазифаи мубориза бар зидди онро ба мадди аввал гузошт. Зиёиёни Ҳиндустон камшумор бошанд ҳам, дар байни халқ таъсири калон доштанд. Онҳо ҳамчун идеологи ҳаракати миллию озодихоҳии навоғозёфтаи Ҳиндустон баромад мекарданд.

1330985789_torzhestvennaya_processiya

Солҳои 70-ум дар Бангола, Бомбай ва баъзе шаҳру музофотҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда созмонҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсии зиддианглисӣ ба вуҷуд меомаданд. Дар Бангола “Созмони Ҳиндустони Британия” ва “Созмони Британия” тавлид ёфтанд. Ин созмонҳо зидди ҳаракати оммавии миллию озодихоҳӣ буда, танҳо барои ишғоли вазифаҳои давлатӣ, васеъ кардани ҳуқуқҳои мардуми Ҳиндустон ва бар зидди аз назари нажодӣ поймолкунии ҳуқуқҳои мардуми маҳаллӣ мубориза мебурданду бас.

Соли 1370 дар Махарад арбобони озодихоҳии мӯъадили ҳаракати миллӣ созмони “Пуни Сарвачаник сабҳа”-ро ташкил карданд. Ба вуҷуд омадани ҳаракати “свадеши” (маънояш – “истеҳсологи худӣ”) Баҳри бунёди истеҳсолоти ватанӣ ба ҳамин созмон алоқаманд буд.

Мутаассифона, тараққиёти сармоядорӣ вилояти шимолӣ ва шимолу ғарбии мамлакатро фаро нагирифт. Биноан, ҳаракати миллии дар ин ҷойҳо бавучудомада шакли маорифпарварӣ ва моҳияти динӣ дошт.

Дар солҳои 70-ум созмонҳои кӯҳна ва нави динию ислоҳотхоҳӣ ва мазҳабии ҳиндуия, исломӣ ва сикхӣ фаъолияти худро васеъ карданд. Баъзеи онҳо таълимоти диииро ба шароити ҳамонвақтаи Ҳиндустон мувофиқ карда, дар кори болоравии ҳаракати миллию озодихоҳӣ саҳм мегузоштанд.

Шӯришҳои дар солҳои 70-ум баамаломада аз болоравии ҳаракати миллию озодихоҳии халқҳои Ҳиндустон шаҳодат медиҳанд. Шӯриши солҳои 1859 -1862 бо номи “Шӯриши индиго” дар Банғолаи Шарқӣ соли 1872 дар Панҷоб, соли 1375 дар князии Барод, шӯриши маратхҳо дар Пун ва Аҳмаднагар аз қабили ин шӯришҳо мебошанд.

Солҳои 1876- 1878 ҳаракати озодихоҳӣ дар музофоти Бомбай хеле пурзӯр буд. Солҳои 1870-1880 ҳаракати кишоварзон дар Махараштра вусъат меёбад. Ин ҳаракат инқилобчии демократ Васудева Балванте Пхадке (1845 1883)-ро тайёр кард. Ӯ аз оилаи бараҳман буда, маълумоти хуб дошт. Аз санскрит бохабар буд ва забони англисиро медонист. Пхадке ҳамчун ватанпарвар мустамликадоронро бад медид. Аввал ӯ ташвиқоти зиддианглисиро дар байни ҷавонони маратхҳо мебурд. Баъд дар назди худ ва ҳамақидаҳояш вазифа гузошт, ки тавассути шӯриш дар Ҳиндустон режими мустамликавии Британияро барҳам мезананд. Соли 1879 Пхадке дастаи мусаллаҳи худро ташкил карда, бо сарварони деҳқонони шӯришбардошта робита барқарор намуд. Баҳори соли 1879 ба Пхадке муяссар шуд, ки якчанд маротиба бар зидди мустамликадорон амалиёти ҳарбии бобарор кунад. Бо вуҷуди ин то миёнаҳои тобистони ҳамон сол ба маъмурияти мустамликавӣ муяссар мешавад, ки ба дастаҳои Пхадке шикаст диҳад. Худи Пхадке ба даст афтид. Ӯро суди Пун ба бадарғаи якумра маҳкум кард.

Ғайр аз ин боз даҳҳо шӯришҳои дигарро мисол овардан мумкин аст. Сарфи назар аз ин онҳо ҳанӯз моҳияти умумиҳиндӣ надоштанд. Ҳаракати муташаккили умумимиллии озодихоҳии халқҳои Ҳиндустон дар пеш буд.

Дар нимаи дуюмн асри XIX – аввали асри XX дар Ҳиндустан асосан ду маркази калонтарини ҳаракати миллию озодихоҳӣ ба вуҷуд меояд Махараштра ва Бангола. Баъди фаъолияти инқилобию демократии Пхадке дар Махараштра ҳаракати миллии радикалии чап бо сардории инқилобчии бузурги Ҳиндустон Бад Гангадҳар Тилак (1856 – 1920) оғоз ёфт. Тилак аз оилаи маратхҳои бараҳман буда, ҳанӯз аз овони ҷавонӣ анъанаҳои озодихоҳии маратхҳоро қабул мекунад. Соли 1880 бо ҷидду ҷаҳди Тилак дар Пун барои фарзандони ҳамаи табақаҳои аҳолӣ дастрас мактаби нави англисӣ кушода мешавад. Соли дигар ӯ ба чопи рӯзномаи “Шер” ба забони маратхӣ ва “Махратта” ба забони англисӣ шурӯъ мекунад. Тавассути мактаб, нашрияҳо ва воситаҳои дигар Тилак ва ҳамфикрони ӯ ҳамчун муҳофизатгарони манфиатҳои буржуазияи миллӣ баромад мекарданд. Тилак шакли асосии муборизаро бар зидди мустамликадорон – бойкот кардани молҳои англисӣ меҳисобид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …