Главная / Гуногун / Оғози ҷанги Англияву Афғонистон

Оғози ҷанги Англияву Афғонистон

Дар ишғол кардани Афғонистон бо Англия Русия рақобат мекард. Соли 1873 ҳукумати Русия Англияро бовар кунонид, ки “Афгонистон минтақаи манфиатҳои худ намешуморад”. Баъди ин Англия сипоҳи худро ба наздикии сарҳади Афғонистону Ҳинду оварда ҷо ба ҷо кард ва ба ҷанги зидди Афғонистон омодагӣ гирифт. Аз ин кор Шералихон ба ташвиш афтода, сафирони худро ба Русия фиристод, то ки он ба Англия таъсир pacoнад.  Ғайр аз ин Русия дастаи начандон калони аскарони худро ба сарҳади Афғонистон равон кард. Баҳори соли 1878 намояндаҳои дипломатии Русия бо сардории Столетов ба Кобул омаданд. Онҳоро дар ин ҷо бо тантана пешвоз гирифтанд. Вале ин вахт дар Конгресси байналхалқии Берлин (с. 1878) дар масъалаи сиёсат байни Русия ва Англия ҳусни тафоҳум ба даст омад. Барои ҳамин лоиҳаи Созишноиаи Русияю Афғонистон, ки Столетов ба Петербург оварда буд, тасдиқ нашуд. Аз тарафи дигар Англия аз Шералихон талаб кард, ки намояндаи онро бо сардории Н. Чемберлен (ӯро дастаи ҳарбиён ҳамроҳӣ мекарданд) қабул намояд. Дар назди дипломати англис вазифае меистод, ки мутобиқи он Афғонистон бояд муносибатҳои худро бо Русия қатъ кунад ва ба кушодани намояндагии англисӣ дар Кобул, Балх ва Ҳирот иҷозат бидиҳад. Вале фиристодагони Англия ба мамлакат роҳ дода нашуданд. Гуфтушуниди амир бо Столетов ва рад карда шудани қабули намояндагони англисӣ ба Англия барои cap кардани ҷанги зидди Афғонистон баҳона шуд. Нахуствазир лорд Биконсфилд дар палатаи (маҷлиси) ҷамоаҳои парламенти Англия баромад карда, иброз дошт, ка сарҳади шимолу ғарби Ҳиндустон “тасодуфӣ ва ғайриилмӣ” аст. Дар баробари ин ба Афғонистон талаби қатъӣ фиристода шуд, ки ҳамаи талабҳои Англия бетаъхир қонеъ гардонида шаванд. Ба ҷавоби талаб интизор нашуда, моҳи ноябри соли 1878 артиши 35-ҳазорнафараи Британия ба Афғонистон зада даромад.

battle_in_afghanistan

Сарҳадчиёни афғон аввалин шуда бо артиши англисӣ дар гузаргоҳи Хайбар вохӯрданд. Ба он генерал Броун роҳбарӣ мекард. Гарнизони қалъаи Алӣ Масҷид зидди англисҳо муқобилияти сахт нишон дода бошад ҳам, маҷбур шуд, ки ақибнишинӣ кунад. Дар миёнаҳои моҳи январи соли 1879 Броун Ҷалолободро ишғол кард. Баъди ин артиши британӣ ба даруни мамлакат ворид гардид. Ҷузъу томҳои артиши Афғонистон алайҳи душман ба таври бояду шояд муқовимат карда натавонистанд. Англисҳо аз зиддиятҳои дохилӣ низ истифода бурда, дар Кобул ва вилоятҳои алоҳидаи Афғонистон мухолифатҳо ташкил карданд. Ин ҳолат Шералихонро маҷбур намуд, ки дар Кобул ба ҷои худ писараш Яъкубхонро монда, ба Мазори Шариф фирор кунад. Шералихон ба Мазори Шариф омадан замон бемор шуда, 20 феврали соли 1879 вафот мекунад. Амири ҷавон Яъкубҳои нисбат ба Англия ҳусни таваҷҷӯҳ дошт. Ӯ тавассути нома ду маротиба ба ҳукумати Англия муроҷиат кард, ки таҷовузи зидди Афғонистонро бас кунад. Сафири Русия дар Лондон Шувалов низ ба ҳукумати Англия чандин номаи эътирозӣ равон кард. Вале ин номаҳо бе ҷавоб монданд.

Яъқубхон ба сипоҳиёнаш фармуд, ки муқобилиятро бо англисҳо бас кунанд. Ӯ 26 майи соли 1879 дар маҳаллаи Гандумак бо ҳамроҳии намояндаи масъули ҳукумати англоҳиндӣ Луи Каванярӣ ба зери Созишномаи барои Афғонистон асоратовар имзо гузошт. Аз рӯи он Афғонистон минбаъд бо давлатҳои хориҷӣ мустақилона робита карданро аз даст дод. Ноҳияҳои Сибӣ, Пишмн ва Куррам таҳти идораи англисҳо даромаданд ва назораг ба гузаргоҳҳо аз болои ағбаҳо низ ба ихтиёри англисҳо гузашт. Амири Афғонистон акнун ба резиденти дар Кобулбудаи англисӣ итоат мекард.

Вале халқи Афғонистон ба тақдир тан надод. Дар мамлакат чанги чирикӣ вусъат ёфт. Дастаҳои зиёди фидоиён ба сӯи пойтахти мамлакат – Кобул меомаданд. Соли 1879 дар Кобул аскарҳо ва фидоиён шӯриш бардоштанд. Дар ин ҷо онҳо бинои намояндагии Англияро ба даст дароварда, англисҳои дар он бударо қатл карданд. Яъқубхон ба ҷои он, ки ба ҳаракати муқовимати халқ бар зидди истидогарони англис роҳбарӣ кунад, баръакс ба тобеони худ фармуд, ки фармонҳои намояндагии англисиро бечуну чаро иҷро кунанд.

Ҳукумаги Англия қарор дод, ки дар зери роҳбарии генерал Робертс ба Афғонистон дастан ҷазодиҳандагонро равон кунад. Ба ин даста супориш дода шуда буд, ки Кобулро ишғол намуда, эълон кунад, ки артиши англисӣ аз Афғонистон баромада намеравад. Робертс ваъда дод, ки ҳар касе дар ин кор ба англисҳо дасти ёрӣ дароз кунад, дасттирии ӯро қадр хоҳем кард. Яъкубхон ба пешвози Робертс баромада, садоқати худро ба англисҳо нишон дод.

Бар хилофи хиёнати Яъкубхон ва баъзе ҳокимони маҳалҳо ’ дастаҳои чирикӣ ва деҳқонон бар зидди ҷазодиҳандагони англис муқобилияти сахт нишон медоданд. Артиши амири собиқ Шералихон, ки ба он Муҳаммадхон роҳбарӣ мекард, низ омодии мубориза бар зидди англисҳо буд. Ӯ сарбозонашро ба наздикии Кобул овард. Баъди ҷангҳои шадид ба англисҳо муяссар шуд, ки ба фидоиёни хеле бад мусаллаҳ шикаст диҳанд. Артиши шикастхӯрдаи афғонҳо ба ҷониби Ғазна ақиб нишаст. Ба сарбозони Робертс муяссар шуд, ки Болоҳисорро ишғол намуда, ба шаҳри Кобул дароянд. Дар ин шаҳр ҳокимият ба дасти англисҳо гузашт. Истилогарон Яъқубхонро барои бар зидди шуришгарон муқовимат нишон дода натавонистан аз тахту тоҷ маҳрум намуда, ба Ҳиндустон бадарға карданд.

Маркази муборизаи озодихоҳонаи зиддианглисӣ акнун вилояти Ғазна шуд. Аз тамоми гушаю канори мамлакат ба ин ҷо дастаҳои фидоиён ҷамъ меомаданд. Яке аз дастаҳои пурқувваттарини фидоиён бо сардории Муҳаммадҷонхони Вардак (собиқ афсари қисми артиллерии амир Шералихон) буд. Ба ӯ қабилаи вардак ҳамроҳ шуд. Муҳаммадҷонхон тавонист, ки баъзе ҷузъу томҳои артиши мунтазами аз Туркистони Афғонистон омадаро ҳам ба артиши худ муттаҳид кунад. Алайҳи англисҳо уламои исломӣ, аз он ҷумла Динмуҳаммад, таблиғот мебурданд. Динмуҳаммадро аввалин шуда қабилаҳои Гилзай ва Муманд дастгирӣ карданд.

Охирҳои соли 1874 дастаҳои аскарони ватандӯст аз Ғазна, Кӯҳистон ва ноҳияю вилоятҳои дигар аз нав ба сӯи Кобул ҳаракат карданд. Робертс ба муқобили онҳо сипоҳиёни худро равон кард. Дар наздикии Кобул муҳорибаҳои  шадид ба амал омаданд. Қариб буд, ки англисҳо шикаст хӯранд. Ин вақт артиши англисҳо аз Ҳиндустон ба ин ҷо ба ёрии сарбозони Робертси шикастхӯрдаистода омаданд ва Муҳаммадҷонхон маҷбур шуд, ки бо ҳамроҳии артишаш Кобулро тарк кунад.

Ҳамин тариқ, Кобул ва Қандаҳор ба дасти англисҳо гузаштанд. Онҳо тавонистанд, ки баҳори соли 1880 Ғазнаро ҳам ба даст дароранд ва баъд бар зидди шӯришгарон экспедитсияи калони ҷазодиҳӣ ташкил намоянд. Робертс аз Англия супориши махфӣ гирифт, ки ҷудоихоҳони маҳаллиро дастгирӣ ва муҳофизат кунад, то ки Афғонистон аз вилоятҳои алоҳидаи ба Англия тобеъ иборат бошад. Дар баробари ин англисҳо барои Афғонистон ҳокимеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки вазъро дар марказ ба эътидол оварда тавонад.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

3_zheleznaya_loshad

Техника дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Дар ИМА солҳои 60-70-ум дар коркарди гӯшт, ордкунии ғалла ва маъданистеҳсолкунӣ конвейер истифода бурда шуд. …