Главная / Маданият ва санъат / Нусхаи Набавӣ барои наҷот аз се бемории бузург

Нусхаи Набавӣ барои наҷот аз се бемории бузург

Ҳазрати Қабиса ибни Махориқ (раз) мефармояд: Дар хидмати Расулуллоҳ (с) ҳозир шудам. Расулуллоҳ (с) пурсид:

  • Чаро омадаӣ?

Гуфтам:

  • Умрам дароз ва устухонҳоям заиф гаштааст, яъне ба синни пирӣ расидаам. Ва акнун ба ин хотир дар хидматат ҳозир гаштаам, то ҳамон маворидеро биёмӯзонӣ, то Худованд маро фоидае бирасонад.

Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Аз канори ҳар дарахт ва сангу кулухе, ки гузаштаӣ, онҳо барои ту дуои мағфират намудаанд. Эй Қабиса, баъд аз намози субҳ се дафъа «Субҳона-л-Азиму ва биҳамдиҳ» бигӯ, иншоаллоҳ, аз бемории курӣ, фартут шудан ва фалаҷ маҳфуз мемонӣ.

Ва эй Қабиса, ин дуоро ҳам бихон:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма иннӣ асъалука ми-м-мо индака ва-фзи алайя мин фазлика ва-ншур алайя мин раҳматика ва анзил алайя ми-м-баракотик.

Тарҷума: Эй Бор Илоҳо, аз ҳамон неъматҳое мехоҳам, ки пеши Ту мебошанд ва фазлатро бар ман сарозер кун ва раҳмататро бар ман бигустарон ва баракатҳоятро бар ман нозил бифармо.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …