Главная / Гуногун / Нури Хуршед (Мақола)

Нури Хуршед (Мақола)

Дар ин рўзҳои фархунда ман Мавлоно Ҷалолиддини Румиро ба ёд меорам, ки фармудааст:

          Ҳар касе к-ў дур монд аз асли хеш,

          Боз ҷўяд рўзгори васли хеш.

Халқи мо аз фарҳанги бузурги худ солҳои дароз дур афтода буд. Танҳо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мо рў ба “рўзгори васли хеш” овардем. Вале ин истиқлолияти худро бидуни ваҳдат ва ягонаигии миллӣ пойдор ва ба манфиати эҳёи миллӣ равона карда наметавонистем. Ҳақ бар ҷониби Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтааст: “Ва маҳз ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо тавонистем барои аз бўҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ раҳо додани кишвар заминаи устувор гузорем”.

Маҳз ҳамин заминаи устувор имконият фароҳам овард, ки давлати мо дар ҳама соҳаҳо ба мувафақиятҳои беназир соҳиб гардад. Ва инак, дар остонаи таҷлили чашни фархундаю шукўҳманди 16-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як падидаи муҳими фарҳангӣ ба вуқўъ пайваст. Рўзи чоруми сентябр Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали Китобхонаи миллиро гузоштанд ва ин рўзро Рўзи китоб эълон карданд.

27s-850x568Сарвари давлат бо як ҳисси баланди ифтихору самимият дар назди аҳли илму адаб ва донишҷўёну мактабиён суханронӣ намуданд, ки бисёр гарму самимӣ пазируфта шуд. Эмомалӣ Раҳмон китобро воситаи асосии аз як насл ба насли дигар гузаштани арзишҳои таърих ва фарҳангу тамаддуни ҳар қавму миллат арзёбӣ карданд. Дар таърихи Тоҷикистон роҳбареро ёд надоррем, ки чун Эмомалӣ Раҳмон барои ривоҷу равнақи фарҳанг, адабиёт, санъат ва маънавиёт пайваста ғамхорӣ зоҳир намояд. Аз он рўзе ки Эмомалӣ Раҳмон тақдири Тоҷикистонро ба даст гирифтанд, камар бубастанду ба аҳли кишвар пайвастанд ва аз рўи гуфтаи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ амал намуданд:

          Мо барои васл кардан омадем,

          На барои фасл кардан омадем.

Боре шоҳиди гуфтугўи ду нафар шудам. Яке мегуфт:

– Президенти мо чӣ тавр вақт ёфта ин қадар корҳоро ба анҷом мерасонанд. Ҳеҷ ақлам намегирад.

Дигарӣ бо табассум ҷавоб дод:

– Чунки ватанашро дўст медорад.

Ҳаққо, ки рост аст!

Бале, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватанашро бештар аз ҷон дўст медорад. Метавон гуфт, ки Тоҷикистонро дар қалби хеш ҷой додааст. Яке аз мувафақиятҳои ў дар ҳамин аст. Аз ин рў вай на танҳо ҳама тоҷикони гурезаро ба ватан оварданд, балки тоҷикони тамоми дунёро ба ҳам пайвастанд. Шароите фароҳам оварданд, ки мо тақдири худро ба даст бигирем ва ҳастии таърихи худро бисозем. Ва дар арсаи таърих, дар арсаи ҷаҳон барои худ ҷойгоҳ пайдо кунем. Шоир чӣ ҳақ гуфтааст:

            Қаҳра – қатра оқибат дарё шудем,

            Зарра – зарра кўҳи побарҷо шудем.

Ин аст дар баробари комёбиҳои барҷастаи иқтисодӣ дар ҳаёти фарҳангӣ низ хеле таҳаввулоти назаррас ба вуҷуд омаданд. Халқи мо донистанд, ки ҳаёти ҷамъият ба чӣ ранг аст ва кадом чиз ба пешрафти вай халал мерасонад.  Ҳар яке – чи пиру чи барно – сиёҳро аз сафед ба зудӣ фарқ карда тавониста, бо шавқу рағбати рўзафзун ба худшиносии миллӣ рў оварданд. Иду ҷашнҳои қадимии миллӣ ва динии мо, аз қабили Наврўз, Меҳргон, Сада, Рамазон, Қурбон ва ғайра эҳё гардид. Дасту дили аҳли эҷод ва ҳунар аз якнигоҳии иҷбории мафкуравӣ озод шуд. Устод Ғаффор Мирзо – руҳашон шод бод! – ифтихору сарбаландии миллати тоҷикро ба се чиз нисбат додааст:

   Тоҷикам ман,

   Ифтихорам аз гузашта, бо дами шамшер нест,

   Ифтихорам тохтан не, сўхтан не, ғорату тасхир нест.

   Се ҷиҳозам буд аз рўзи азал дар рўзгор,

   Се силоҳи зиндагонӣ – Хомаю ною сипор.

Оре, се силоҳи зиндагонӣ – қалам, най ва сипари ҷуфтгарӣ доштем ва ин се чизи муқаддас мардуми тоҷикро аз қадим сарбаланду сарфароз гардонда буд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамаро такмил доданд, иззату арҷманд доштани одамро дар мадди аввал мегузоранд. Яъне ғамхорӣ кардан, тарбият кардан, яъне фаро гирифтан ба фарҳанг. Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ мегўяд:

      Хоҷа дарёб, ки ҷон дар тани инсон адаб аст.

Яъне адаб он ҷавҳарест, ки моҳияти инсон буданро ташкил мекунад. Мутаассифона имрўз мо бештар гирифтори чизпарастӣ шуда, китоб хондану дониш андўхтанро қариб аз ёд бурдаем. Ва ба ин васила аз таърихи миллати худ канда шудаем. Чунин ашхос на худро дармеёбад ва на ба қадри дигарон мерсад. Ба қавли Нимо Юшич, “вуҷуде ки наметавонад аломати шахсият, навъи худро иброз бидорад, солим нест”. Оре, бемаънавиятӣ мудҳиштарин беморист, ҳатто мудҳиштар аз вабо. Зеро шахсе ки дар банди ин мараз мепечад, ба ҳар кори нопок қодир аст. Аз ин рў Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 2005 дар баромади худ дар ЮНЕСКО гуфта буданд: “Тақозои асри XXI – тақозои ахлоқ аст”. Ин аст, ки ҳамеша таъкид менамоянд, ки рў ба фарҳангу хирад оварем. Бале, танҳо фарҳангу хирад метавонад моро наҷот диҳад. Охир, устод Рўдакӣ бесабаб нафармудааст:

            Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

            То тавонӣ, рав туву ин ганҷ неҳ.

Қобили зикр аст, калиди фарҳангу хирад дониш мебошад. Беҳуда ҳам Абўабдуллоҳи Рўдакӣ нагуфтааст:

          Дониш андар дил чароғи равшан аст,

          В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дониш бошад аз хониш – хониш аз китоб. Оре, китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бинобар ин “ганҷ магир – китоб гир” – мегўянд. Ганҷ агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб – ғизои маънавӣ зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: “Хонаи бе китоб – рўзи бе офтоб” аст. Бале, бе китоб дунёи маънавии худро бою ғанӣ сохтан аз имкон берун аст. Аллома Муҳаммади Иқбол пайғамбарона гуфтааст:

         Баргу сози мо китобу ҳикмат аст –

         Ин ду қувват эътибори миллат аст!

Аз ин рў миллати мо аз қадимулайём китобро баробари нон эҳтиром мекунанд – ба ин маънӣ, ки қадри китоб дар зиндагӣ аз нон камтар нест; агар нон барои инсон мабдаи ғизои ҷисмонӣ бошад, китоб рўҳи вайро солим нигоҳ медорад. Бад-ин ҷиҳат, китоб ҳамқадаму ҳамдам ва зиёда аз он “аниси кунҷи танҳоӣ” ва “фурўғи субҳи доноӣ”-и рўзгори мост. Соҳиб гуфтааст, ки: “Рўе, ки нагардад зи касе, рўи китоб аст!”. Бале, китоб дўстест беғараз ва вафодор.

Таваҷҷўҳи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мақому мартабаи китоб хеле баланд мебошад, ба китоб эҳтиром ва эътиқоди хосса доранд ва ба китоб то ҳадде арҷ мегузоранд, ки мегўянд: “Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот ба ҳисоб меравад”. Ин аст, ки ҳар сол барои табъу нашри асарҳои адибон маблағи зарурӣ ҷудо мекунанд. Соли 2003 китоби банда ҳам бо унвони “Осоиш” бо дастгирии Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп шуд, ки аз эшон миннатдорам ва аз забони шоир мегўям:

   Ба ин марди Худо аз ҷону дил шукрона бояд кард,

   Дуъои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард,

   Ҳама умр эътирофи хизматаш мардона бояд кард,

   Ба роҳи сулҳ рафта, зиндагӣ аҳлона бояд кард,

   Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,

   Ватан обод бо ин раҳбари фарзона бояд кард.

Он рўз дар чеҳраи ҳама нури шодӣ мавҷ мезад. Расмҳои лоиҳаи Китобхонаи миллиро тамошо карда, аз шукўҳу шаҳомати он дар ҳайрат мемонданд. Дилҳо бол бароварда меболид. Ногоҳ овози ким-кӣ баланд шуд:

– Оҳ, ана ин қаср!…

– Чӣ қадар зебо!…

– О-оҳ!…

 Китобохонаи миллӣ бо шукўҳу шаҳомати зоҳирӣ ва ботинии худ ба онҳое, ки бо як мағруриву бемасъулиятӣ мегўянд – халқи тоҷик то инқилоб хат надошт, саросар бесавод буд – зарба зада, дарҳои ақлониро ба рўи ҳамаи мардумон боз мекунад. Ҳар касе ки ба ин ҷо ворид гардад ҷаҳони дигаре ўро ба оғўш мегирад. Ин ҷаҳонест бекарона. Дар ин ҷаҳон муҳаббат дарёбад ва ҳақиқат бардорад. Хулосаи қатъӣ ин аст, ки Китобхонаи миллӣ раҳ ба сўи нури хуршед аст.

Бале, Китобхонаи миллӣ манбаи нур аст. Бар тан ҷавшан бахшида дилҳоро равшан мекунад. Ва ҳар кас дар ин ҷо худро дармеёбад

Бале, роҳ ба сўи худ аз ҳамин ҷо шурўъ мешавад. Чунин аст рисолати Китобхонаи миллӣ. Ва мо ба Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипос мегузорем ва орзу мекунем, ки Китобхонаи миллӣ ҳар чи тезтар дарҳояшро ба рўи мо кушояд.

6 сентябри соли 2007

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …