Главная / Гуногун / Нон КЎР кунад, касеро, ки ХОРАШ мекунад

Нон КЎР кунад, касеро, ки ХОРАШ мекунад

Ин озмун мавзӯи ниҳоят муҳиму доғи рӯз ва айни муддаоро мавриди баҳс қарор додааст. Ташаббуси олиҷанобона, зарур, манфиатбахш, табобати бемории хавфноки гузаранда гӯям, хато намекунам. Пешакӣ ба ташкилкунандагонаш изҳори ташаккур менамоям, зеро ки «дарди нонро табобат» бахшида истодаанд. Ман, муаллифи ин сатрҳо 85 – солаам. Дар мавзӯи нон, бузургӣ ва хор шудани нон бисёр саргузаштҳо медонам. Як-ду лаҳзаи онро айнан ба хонандаи арҷманд пешниҳод менамоям: Аввалҳои баҳори соли 1944 буду ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1939-1945 тамоми дороии мардумро ба комаш фурӯ бурда буд.

нон кур кунадҲатто дар кӯҳу саҳро решаи алафҳои хӯрданӣ намонда буду муриши одамон нисбати солҳои пешин бештар мегардид. Он замон ман 12 – сола будаму азобу уқубатҳоро бо чашми худ дидаву шоҳиди он будам. Аз деҳаамон Зимтӯд – ноҳияи Колхозчиёни ҳамонвақта мо як гурӯҳи қариб ҳамсиннусол духтарону писарон ба мавзеи Хуштокур ба ҷустуҷӯи тотин (як навъи гиёҳ), ки нонамон асосан ҳамон буд, рафтем. Ҳанӯз ба макон нарасида, яке аз ҳамроҳамон, ки Раҷаб ном дошт ва мо онро «Раҷаби Назрӣ» мегуфтем, дар нимароҳ истоду «ман дигар роҳ рафта наметавонам» гуфта, дар ҷояш нишаст. Аз мо ҳамроҳонаш тотини хӯрданӣ пурсид. Вале дар ягон кас ин тӯшаи роҳ набуд.

Мо ӯро ба ҳоли худ гузошта, болотар ба ҷустуҷӯи тотин рафтем. Вале ҳайҳот, ҳама ҷо шудгор кардагӣ буд. Ба ҷуз ду-се нафар як-ду бех ёфтанду дигарон бо дасти холӣ баргаштем. Аз бозгашт дидем, ки Раҷаби Назрӣ дар ҷои нишастагиаш нест. Аввал гумон кардем, ки ӯ ба деҳа баргаштааст. Э-е, анна тоқиаш дар ин ҷо гуфт касе. Ба поёнтар нигоҳ кардем, ки ӯ дил ба замин хоб, ҷунбондем, намеҷунбид. Ӯ аз гуруснагӣ кайҳо ҷонро ба ҷаббор супорида буд…

Баъди чанд рӯзи дигар ман бо Латофати бевазан ва ду духтари ҳамсоя боз ба ҳамон мавзеи Хуштокур ба ҷустуҷӯи тотин рафтем. Латофатхола «ҷои тотиндорро медонам» гуфта, моро пешакӣ дилпур карда буд. Ба ҷои хола гуфтагӣ – Талоқи сафеди болои оромгоҳи Ғазза расидем. Вале аз тотин ному нишоне набуд. Холаи Латофат бо ангушти ишоратиаш як ҳамвории миёнаи тола (шах)-ро нишон дода: «Ана он ҷо тотин дорад, ҳамон ҷо мебароем»- гуфт. Вале мо он ҷо баромадан натавонистему ба ҷамъоварии ҳезум машғул шудем, то ки холӣ барнагардем.

Тахмин баъд аз ним соат як овози хавотиркунанда баромаду аз суфаи кӯҳ ба пеши мо пайкараи шалҳаю хунолуди Латофатхола фаромад. Як-ду маротиба даҳон кушоду дигар наҷунбид. Ман ва ҳамсоядухтарҳо –Моҳбибию Норбибӣ ларзону гирён ба деҳа омада воқеаро хабар додем. Мардҳои калонсоли деҳа ҷасади хола Латофатро оварда ҳамон рӯз ба хок супориданд. Ҳамин тавр ду маротиба ба Хуштокур рафта тотин наёфтам аз дасти гуруснагӣ ду нафар дар кӯҳ ҷон бохтанд… Мо насли дар азият калон шуда, ҳамеша қадри нон медонем ва акнун ба пирӣ расида, ҷавононро насиҳат мекем, ки нонро хор накунанд. Аммо дар ҷомеа баръакси инро мебинам.

Ба наздикӣ бо сабабе ба пойтахт ба шаҳри Душанбе рафтам. Бисёр ободу зебо шудааст, ба шаҳрдорон офарину тасанно гуфтам, аммо ҳодисаеро дида, хеле мутаассир шудам. Баъди аёдати беморе аз маркази саломатии шаҳр баромадаму аз тарафи ҷанубу ғарбии он, қад-қади наҳри об, ки дар тарафи росташ симхору девори баланд буд. Андаке роҳ рафта дар китфи чап хонаҳои баланди истиқомати пеш омад. Дар рӯ ба рӯи биноҳо 3 қуттии калони «мусор» меистод. Тасодуфан чашмон ба нон афтод. Наздиктар рафта, бинам дуто нони калони танӯрии сурху базеб ва тоза, як қисмаш ба даруни пӯчоқи тарбуз меистод. Нонҳо тозаю озода, қоқ ҳам не.

Дар тааҷҷуб мондам. Айби онҳо дар чӣ бошад? Нонҳоро гирифта хуб аз назар гузаронида, бинам пушти яке каме сафед шуда буд, дигари он тозаву озода, лола барин сурх, ҳар ду ҳам андозаи як хела дошту ҳаҷман калон, элак барин гирд ва пурра. Ҳамон хел нонро дигар дар ҳеҷ ҷои Душанбе надидам. Нонҳоро дар газетаи дар дастам буда ба хона овардам, ду рӯз онҳоро бо иштиҳои том хӯрдам, хеле бомазаву хушхӯр буд. Боз чанд ҷои дигар дар партовгоҳҳо нони нимаву бурида, булкаҳои бутунро дидаму дилам реш, замони ҷанг давраи бачагӣ ёдам омад.

Намедонам, онҳое, ки нонро мепартоянд, киҳо бошанд? Бойзанҳои азхудрафта ё пули бедардимиёнмеёфтаҳо? Мусулмон бошад ё худобехабар, таълимдида бошад ё дипломдори бесавод, шеф бошад ё дастнигар? Касе, ки набошад, нон ӯро кӯр кунад… Нуралӣ ДӮСТАЛИЕВ, собиқадори матбуот, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …