Главная / Гуногун / НОМАИ МЕҲР

НОМАИ МЕҲР

Китоби “Одам ба одам зиндааст” намунаҳо аз мақолот, тақризҳо, шеърҳо, номаҳои қаламкашон ва хонандагонро, ки солҳои гуногун таълиф ёфта ба ҳаёт ва эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Сайидалии Маъмур бахшида шудааст, дар бар мегирад.

pismo-lyubviНашри ин китоб аз нигоҳи адабӣ барои он қобили эътибору қайд аст, ки имрўз наметавонем аз қадрношиносии адибон шикоят накунем. Сабаби дигари эътибори китоби мазкур дар бар гирифтани масъалаи ягонагию ваҳдати амали неку кўшишҳои инсонӣ мебошад. Ва устод Гулназар ҳам чӣ ҳақ навишта: “Мо танҳо дар ваҳдату ҳамдилӣ комил буда метавонем ва танҳо чунин камолот моро ба қуллаи мақсуд хоҳад расонд. Ҳамчунон ки шоире фармудааст: “Қатра дарёст, агар бо дарёст. Варна ў қатраву дарё дарёст!”

Ва ниҳоят бо нақлҳои дилкашу дилангез арзишҳои ахлоқию маънавӣ дар ҷаҳони ботинӣ ва зоҳирии як адиби болиғназару фидокор инъикос меёбад. Ба ин маънӣ китоби “Одам ба одам зиндааст” хидмати тозаю арзандаи адабиеро хеле хуб ба ҷо овардааст.

Ман хеле хуб огаҳӣ дорам, ки Сайидалии Маъмур аз хурдӣ бори заҳмат, бори ҳақиқат, бори адолат ва бори ғамгусориро бар дўши дил гирифтааст. Бисёр азобҳо дида, аз қўраи зиндагӣ обу тоб дидааст ва хуб чисту бад чистро нағз дарк кардааст. Ва гўё Абдураҳмони Ҷомӣ ҳоли ўро ба риштаи назм кашидааст:

               “Сухан шоҳиди ҷилвагоҳи дил аст,

               Халосӣ аз ин ҷилвагаҳ мушкил аст”.

Бад-ин рў Сайидалии Маъмур “Заврақи умед”-ро бунёд намуд. “Заврақи умед” соли 1967 ба сўи соҳили мурод раҳсипор гардид ва ба дилу дидаи хонандагон роҳ ёфта ба киштӣ табдил ёфт. Ин киштӣ шоирро соли 1972 ба узвияти Иттифоқи нависандагон, соли 1978 ба ҷоизаи комсомоли ҷумҳурӣ, соли 1996 ба ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ, соли 1997 ба унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва соли 2003 ба Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардонд. Акнун ин киштӣ дар баҳри нуру зиё, меҳру вафо ва сидқу сафо шино дорад. Ба ин киштӣ менигараму ба ёдам мисраъҳои Бедил меояд:

              “Чист иқбол? – пешбин будан,

              Осмон доштан, замин будан…”.

Бале, Сайидалии Маъмурро иқболи баланд насиб гашта. Зеро ҳам замин дораду ҳам осмон. Ва ин ҳардуро бо риштаи сухан ба ҳам оварда, бо шираи сухан обшор намуда ва бо гавҳари сухан ороиш додааст. Ва гўё Ҷомии бузург баҳри ў суруда:

              “Пардакушои ҳунари хеш бош,

              Нархфизои гуҳари хеш бош!”.

Бо шеър ҳунари хешро кушодааст. Ва худ иқрор шудааст: “Шеъри ман тарҷумаи ҳоли ман аст”. Тарҷумаи ҳоли ў аз озмоишҳои сангин гузашта, ба ў имкон додааст, ки чунин пораҳои ҷолибро офарад:

        “Дўстон, мушкилии давру замон мегузарад,

        Зиндагонӣ ба ҳама суду зиён мегузарад.

        Нафурўшед зи ночорӣ яке виҷдонро,

        Рўзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад”.

Ҳакиме гуфта: “Бо дидаи худ дидани дунёст гуворо”. Вале бо дидаи дўстон дидани дўст боз ҳам гуворотар аст.  Охир, шоир ҳам беҳуда нагуфта:

    “Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист,

    Зарби дасти кўҳканро теша медонад, ки чист”.

Ва муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев барҳақ навишта: “Заҳмати қаламкашро касе медонад ва пай мебарад, ки боре худаш сухане бар сухан зам карда бошад.

Чунон бузургонамон гуфтаанд:

              Ҳар кӣ сухан бар сухане зам кунад,

              Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.

Оре, сухан бар сухане зам кардан, ҳар рўз хуни ҷигар кам кардан – ҳамаи ин ҷонканиҳо дар зиндагӣ баҳри он аст, ки бо сухани нек ба дили инсони заҳматкаш ва неъматофарин роҳ ёфта, ба некии некон накўӣ биафзояд, ба ҷавонон дарси меҳру вафо ба халқ ва Ватан омўзад”.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ ўро чунин сифат мекунад: “Сайидалӣ Маъмур як инсони тарбиятдида, хушахлоқ ва боназокат буда, миёни аҳли қалам эътибори хоса дорад”.

Ин сифат қатраест аз баҳр!

Бале, Сайидалии Маъмур баҳрест дамон! Зеро ў бо халқи худ зиндааст. Ва худ ҳам иқрор мешавад:

              “Ман бе шумо як чашмаам,

              Ман бо шумо баҳри дамон”.

Аз тарафи дигар Сайидалии Маъмур як олам аст, чунон, ки Аскар Ҳаким гуфта:

            “ Офаринанда, ки одам офарид,

             Дар ҳар одам боз олам офарид”.

Ва ҳарчанд ки дўстону ҳамқаламон аспи илҳомро зин мезананд, вале дар кушодани олами Сайдалии Маъмур душворӣ мекашанд. Мирзо Файзалӣ оҷизона мегўяд: “Мурғи илҳомам заифӣ мекунад дар васфи ту”.

Шоири мумтоз Гулназар ҳам иқрор мешавад:

         “Қиссаи ту дар китоби ту намеғунҷад,

         Мавҷи тўфонии ту дар чашмаоби ту намеғунҷад”.

Нависанда Саттор Турсун ҳам ҳайрон монда, намедонад, ки кадом ҷиҳати ҳастии ўро ба қалам диҳад.

“…Одамгарӣ? Эҷодкорӣ? Ҳалолхўрӣ? Фурўтанӣ? Вафодорӣ?… Кош медонист – кадомашро!

Душвор…

     Шоирӣ ҳам мушкил аст, осон магир, эй нуқтагир,

     Дар хаёли байти дилҷў хуни дил кам мешавад, – гуфтааст Сайидалии Маъмур”.

Устод Мирзо Турсунзода ҳам беҳуда таъкид накардааст:

            “То сухан чун қомати мавзун шавад,

            Дар сари ҳар мисрае дил хун шавад”.

Устод Лоиқ Шералӣ шоирро хеле хоксору содадил шинохта, эҳтиром мегузорад. Ва маънии борикеро баён мекунад:

            “Лоиқи Шералӣ дуо гўяд:

            Паҳлўи мо Сайидалӣ бошад.

            Худ агар хоксору содадил аст,

            Шеърҳояш идеалӣ бошад”.

Ҳамин хоксории ўро шоира Марина Некрасова тараннум карда менависад: “Не благословлять все без оглядки, но хозяйским оком обозреть землю, на которой родился и живешь. Не хвастаться мозолями от пера, но сознавать истинную поэзию. Есть честный хлеб. Чтить прошлое. Созидать настоящее. Беречь людей. Открывать им свое сердце.

            “Ты спрашиваешь: кто я? Отвечаю.

            … Во множестве людей меня ищи”.

            Ищу и нахожу”.

Мирзомурод Ҳошимзода руҷўи шоирро чунин ба қалам медиҳад:

        “Ман зи модар рўи олам болафшон омадам,

        Ҳақшиносу ҳақталаб бо шўру исён омадам”.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло масъулияти сухангўии ўро тавсиф намуда, менависад: “Аммо бо ин ҳама шоир ба пеши худ талаботи баланд мегузорад, ба фаъолияти худ бо назари танқидӣ менигарад ва масъулияти сухангўиро ба худ таъкид ва хотиррасон мекунад:

        Маъмур кўҳандўзӣ ҳам бар ту намезебад,

        Ё гў сухани навтар, ё мон қаламу дафтар.

Ҳаққо, ки рост аст”.

Раънои Зоирдухт мегўяд, ки: “Дарди миллат метаровад аз дили ғамгини ту”. Аз забони хомаат шаҳд мечакад, аз дафтари рангинат накҳати гул меояд.

 Шоир Раҳмати Аҳмад шеъри ўро чунин тавсиф мекунад:

           “Шеъри ту – маҷмўаи одамгарӣ,

           Шеъри ту – шарҳи қазо бошад ҳаме.

           Назми ту – тасвири аҳволи замон,

           Шеъри ту – шукри худо бошад ҳаме…”.

Шоири ширинкалом Юсуфҷон Аҳмадзода ўро ошно мехонад ва бе ў биҳиштро дўзах мепиндорад:

           “Дўзах биҳишт аст агар ошно бувад,

           Бе ошно биҳишти барин дўзахи азост”.

Шоири рангинбаён аз соҳили Сир Нурмуҳаммад Ниёзӣ ўро дўсти худ мехонад ва ин дўстиро аз ҳама чиз некў медонад:

           “Туро бо Рўдакӣ ҳамҷўр бинам,

           Ҷаҳони шеъри ту маъмур бинам.

           Ало эй Сайдалӣ Маъмур, эй дўст,

           Маро ин дўстӣ аз ҳар чӣ некўст”.

Шоир Иброҳими Саид садоқати худро чунин иброз медорад:

           “Донӣ, ки чаро зиндаву поянда манам,

           Бо Гулназарам, ҳамдами Маъмур манам”.

Шоир Одина Мирак бузургии ўро чунин ба қалам медиҳад:

           “Туро зоҳир мисоли баҳри ором,

           Туро ботин чу дарёи дамон аст.

           Чунин ду хислат андар як тану ҷон,

           Чӣ гўям, аз бузургиат нишон аст!”.

Ҳама чиз дар ин дунё арзиш дорад. Ва инсонҳо низ арзиш доранд. Ин як ҳақиқати равшан аст. Ва боз чун рўз равшан аст, ки инсон аз рўи амалаш арзиш мегирад. Аз ин рў арзиши инсонҳо дар назди таърих як нест. Ҳар инсоне ки баҳри некию беҳбудӣ, саодати одамӣ ва шукуфоии Ватан мубориза мебараду ҷони худро дареғ намедорад, бешубҳа дар саҳфаи таърих сабт мегардад. Ба ин маънӣ муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев менависад: “Ифтихор аз он дорам, ки миллатам чунин фарзанд дорад”.

Бале, Сайидалии Маъмур ифтихори миллати мо мебошад!

Бад-ин рў бо ин мисраи Мирзо Файзалӣ мегўем: “Хонаи садро бубинӣ, гуфта омин мекунем”.

20 апрели соли 2006

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …