Главная / Илм / Низомномаи “Шӯъбаи муҳосибот ва омор”

Низомномаи “Шӯъбаи муҳосибот ва омор”

Шӯъбаи муҳосибот ва омор (минбаъд шӯъба)  қисми сохтории бонк буда, ба саридора шомил мебошад.

Шӯъба  ба Сармуҳосиби ҶСП «Бонки  Точикистон”, ки масъалаҳои ба роҳ мондан ва бурдани баҳисобгирии муҳосибиро дар бонк назорат менамояд, итоат менамояд.

Фаъолияти худро шӯъба дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумат, Қарорҳои кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ ва Қарорҳои Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон, Оиннома ва Қарорҳои Раёсати ҶСП «Бонки  Точикистон”, Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ ва  Низомномаи мазкур, амалӣ менамояд.

Шӯъбаи муҳосибот ва омор

1.4. Шӯъба ва фаъолияти онро сардори  шӯъба роҳбарӣ менамояд.

1.5. Сардори шӯъба ва кормандони он бо Фармони Раиси ҶСП «Бонки  Тоҷикистон” дар асоси пешниҳод ва розигии Сармуҳосиб, Ҷонишини сармуҳосиб  ва Муовини аввали Раиси ҶСП «Бонки  Точикистон” ба вазифа таъин ва аз он озод карда мешаванд.

1.6. Вазифа ва ӯҳдадориҳои сардор дар асоси ин Низомнома ва Дастурамали вазифагӣ, ки аз тарафи Сармуҳосиб ва Сардори шӯъбаи кадрҳо мувофиқа шуда аз ҷониби Раиси Раёсат тасдиқ шудааст, муқаррар карда мешавад.

  1. СОХТОРИ ШӮЪБА

2.1 Номгӯйи вазифаҳои шӯъба зеринанд:

-Cардори шӯъба

-Муҳосиби калон

-Муҳосиби моддӣ ва музди меҳнат

-Муҳосиби моддӣ

-Муҳосиби калон

                       3.ӮҲДАДОРӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ШӮЪБА

3.1 . Шӯъба вазифаҳои худро мувофиқи нақшаҳои кории ҷорие, ки дар асоси ҳуқуқҳои ба ихтиёраш дода бо тартиби муайян тасдиқ шудаанд қабул кардааст, сиёсати пулию-қарзии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро дастгирӣ намуда, инчунин низомнома, дастурамалҳо ва қарорҳои маҷлиси cаҳҳомон, Шӯро ва Раёсати ҶСП «Бонки  Точикистон”, амалӣ мегардонад;

 3.2 Вазифаҳои асосии шӯъба инҳоянд :

–  инъикоси пурра ва саривақтии амалиёт ва таъмини маълумоти аниқ оид ба ворид  ва содир шудани  арзишҳои молӣ ва моддӣ;

– баҳисобгирии музди меҳнати ҳисобгардида дар суратҳисобҳои шахсии кормандони бонк, пардохтани пешпардохт (аванс) ва музди меҳнат на  дертар аз санаи 1-уми ҳар моҳ,  музди рухсатӣ, нафақаҳо, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, мукофотҳо, гузаронидан ва пардохти маблағи сафар;

– назорати нигоҳдории арзишҳои молӣ ва моддӣ дар ҷойҳои нигоҳдории онҳо дар тамоми давраҳои ҳаракати онҳо:

– назорати истифодаи босамар ва  сарфакоронаи захираҳои моддӣ ва молиявӣ, нигоҳдории моликияти бонкӣ;

– иштирок дар анҷомдиҳии барўйхатгирии фондҳои асосӣ ва таъмини анҷомдиҳии барўйхатгирии ҳарсолаи арзишҳои моддию молӣ, воситаҳои асосӣ, таҷҳизот, ки дар анбори Саридораи бонк мавҷуданд.

– ҳамарўза назорат ва ба имзо расонидани тамоми ҳуҷҷатҳои хусусияти молиявӣ ва моддӣ дошта;

– мунтазам тасдиқ намудани робитаи органикии байни ҳисоби фаврии анборӣ ва муҳосибавӣ;

– Ҳар моҳ даромади (хароҷоти) ташкилоти қарзиро, аз ҷумла динамикаи онро бо назардошти шаклҳои хизматрасонии бонкӣ, воҳидҳои минтақавӣ ва вазифавӣ, инчунин ҳар се моҳ дар заминаи назорати маҷмӯӣ мутобиқи сиёсати дохилӣ назорат мекунад.

-тибқи сиёсати дохилӣ ваколатҳои воҳиди ташкилоти қарзӣ доир ба идоракунии даромадҳо (хароҷот) вобаста ба фаъолияти воҳид дар ҳудуди меъёрҳои маҷмӯии муайянкардаи Шӯрои нозирон пешбинӣ карда мешаванд.

-талаботро нисбати ташкили корҳои амалиётии гардиши ҳуҷҷатҳои назорати дохилибонкӣ қонеъ намуда,  ҳисоб ва ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ, таъмини ҳамарўза ба анҷом расонидани амалиёт, ҳисоби муқоисавии таҳлилӣ ва синтетикиро амалӣ мегардонад.

– ҳисоботҳои муҳосибавиро тартиб дода, саривақт  ба идораҳои дахлдор пешниҳод менамояд;

– ба роҳбарият маълумоти барои қабул намудани қарори заруриро дар асоси нишондодҳои муҳосибӣ пешниҳод менамояд;

– таъмини ҳисоби пурраи воситаҳои пулии воридшаванда, арзишҳои моддию молӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин иникоси саривақтии амалиёти ба гардиши онҳо вобаста;

– назорат оиди руйхати мансабии Саридора ва марказҳои хизматрасонии бонк бо ҷадвали музди меҳнати тасдиқшуда, назорат  аз болои иҷрои саривақтаи супоришҳои Роҳбарият оиди руйхати мансабҳо, назорат аз рӯи   саривақт гирифтани РМА-и командон;

– ҳисоб ва пардохт намудани иҷорапулӣ ва пардохтҳои дигари ҳаррӯзаи бонк,   – дуруст ва саривақт пардохт намудани маблағҳо ба буҷет: андоз аз даромад,  25% ФҲИА,  1%ФҲИА,  пардохтҳои иттифоқи касаба,  депозитҳо,   андоз аз даромад, андози ҳадди ақал, фонди роҳҳои автомобилгард,  андози замин,  андози моликият,  андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт,     пардохтҳои андози ҳадди ақал  ва андоз аз даромад аз рўи пардохтҳо  ба тамоми филиалҳои маҳалли ҷойгиршавии идораҳои андоз пардохта мешаванд.

-оид ба андоз аз даромад, андози моликият, андози замин, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт эъломия пешниҳод менамояд.

  1. РОБИТАҲОИ ШӮЪБА БО ДИГАР ШӮЪБАВУ МУДИРИЯТҲОИ БОНК

Шӯъба масъала ва супоришҳои асосии худро байни шӯъбаҳо ва мудириятҳои мустақили  Саридора инчунин бо филиалу марказхои хизматрасонии ҶСП «Бонки  Точикистон” амалӣ менамояд.

Бо назардошти одоби муносибатҳои истеҳсолӣ бо тартиби муқарраршуда, бо дигар сохторхои саридора мукотибот барқарор намуда, барои иҷро  намудани он вазифаҳое, ки ба зиммаи шӯъба вогузор карда шудааст маълумот, ахборот ва ҳуҷҷат пешниҳод менамояд ва мегирад.

                     

  1. ӮҲДАДОРИҲОИ САРДОРИ ШӮЪБА

Ба сардори шӯъба чунин ҳуқуқҳо дода мешавад:

5.1. Барои аз тарафи коргарон иҷро гардидани вазифа ва ӯҳдадориҳои онҳо талаб намудани ташкили шароити мусоиди меҳнатӣ;

5.2. Дар интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва таълими кормандон дар якҷоягӣ бо Сармуҳосиб ва Сардори шӯъбаи ҳуқуқ ва кадрҳо, иштирок намояд;

5.3. Аз филиаҳо ва марказҳои хизматрасонии бонк талаб намудани иҷроиши он масъалаҳое, ки дар ваколати шӯъба қарор дорад;

5.4. Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба зерсохторҳои ваколатдори бонк вобаста ба он масъалаҳое, ки дар ваколати шӯъба қарор дорад;

 5.5. Пешниҳод намудани таклифот ба Сармуҳосиб роҷеъ ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти шӯъба;

5.6. Тайёр намудани пешниҳодот ба Сармуҳосиб роҷеъ ба мукофотонидан ва ё ҷазо додани кормандони шӯъба .

  1. 6. МАСЪУЛИЯТҲОИ ШӮЪБА

 Масъулиятҳои шӯъба чунин аст:

6.1. Сари вақт ва сифатнок иҷро намудани вазифаҳояш.

6.2. Пешниҳод намудани маълумотҳои дуруст ва босифат.

6.3. Зарари моддӣ нарасонидан ба бонк дар ҳолати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, ҳисоботҳо ва дигар маводҳо (ғайр аз зарари дар натиҷаи хавфи хоҷагӣ ба амал омада).

6.4. Нигоҳ доштани манфиати бонк ва риояи сирри бонкӣ

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

tavba

Фазилати тавба (тоба намудан)

Савол: Барои чӣ тавба (товба) мекунем ва чи фоида дорад? Ҷаввоб: Тавба дар урф тарки …