Главная / Гуногун / Нишонаи ифтихор

Нишонаи ифтихор

Ҳаёт ва адабиёт ду мафҳуми ба ҳам ҷонпайванд аст. Ва ҳаёт ҳамеша сарчашмаи инкишофи адабиёт мебошад. Аз ин рў адабиётро оинаи ҳаёт мегўянд. Дар ин оина ҳамаи рўйдодҳои зиндагӣ, бахусус воқиаҳои бузурги таърихӣ рухнамо мегардад. Дар асри бисту як аз ҷумлаи чунин воқиаҳои бузурги таърихӣ кушодашавии нақби Анзоб ба шумор меравад, ки номи “Истиқлол”-ро гирифт.

captionИн аст, ки аз хотира ва корнамоиҳои роҳсозон ва нақбканони Анзоб силсилаи шеъру дубайтиҳои Гулназар, Сайидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғойиб, Алӣ Бобоҷон, Ҳоҷӣ Мурод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Салими Хатлонӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Ҳикмат Раҳмат ва дигарон дар китоби “Таронаи Анзоб” ба табъ расид. Нависанда Бахтиёри Муртазо, ки мушоҳид ва таснифгари мустақили ин иншооти беназир аст, асари мукаммале ба табъ расонд. Ин асар қиссаи ҳуҷҷатии “Нақби Истиқлол” мебошад, ки соли ҷорӣ аз тариқи нашриёти “Адиб” интишор ёфт.

“Зери по кўҳ,

Тори сар кўҳ,

Пеши бар кўҳ”, – на дар васфи шоир аст, дар асл “ватани аслии кўҳҳо” Тоҷикистон аст.

Бале, Тоҷикистон кишварест сар то по кўҳистон. Ва кўҳҳою ағбаҳо шоҳиди бисёр ҳодисаҳои даҳшатбору хунрези таърихи дирўз ва имрўзи тоҷик ҳастанд. Бахусус, ин роҳи сангину мушкилгузари ағбаи Анзоб мебошад. Шоири мардумӣ ва машҳури мастчоҳӣ Юсуф Вафо доир ба ин ағба чунин гуфта:

          “Эй ағба, шунав, ки мо кунун ободем,

          Он роҳи туро ба барфу борон додем”.

Дар суруди дигари Юсуф Вафо доир ба мушкилоти роҳ чунин ишораи ҷолибе ҳаст:

          “Аз ағба фуромадуму нолиш кардум,

          Сангои дари хунета болиш кардум”.

Оре, дар ағбаи Анзоб ҳам бисёр ҳодиса ва фалокатҳои вазнину фоҷиабор рух медоданд. Инак, орзую ормони садсолаи мардум дар оғўши ҳаётбахши истиқлоли воқеии Тоҷикистон амалӣ гашт. Нақби “Истиқлол”, ки онро Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “кўпруки заррин” номидааст, аз бузургтарин ва шоистатарин воқиаи аср хоҳад буд. Аз ин рў нависандаи пуркор таҳқиқи як воқеаи бузургро ба ўҳда гирифтааст. Ва кўшидааст солномаи бадеии роҳкушоёнро ба қалам диҳад. Ин ҷо табъан саволе матраҳ мешавад, ки “оё Бахтиёри Муртазо аз ўҳдаи ин кор баромадааст?” Ин савол хеле бамавқеъ ва табиист. Ҷавоб як ва қатъист: “Бале, хушбахтона баромадааст!”. Дигар ин, ки қисса баробари кушодашавии нақби “Истиқлол” ба майдон омадааст, ки чун рўйдоди маънавӣ хеле муҳим аст.

Рўзи вохўрии Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – 20 марти соли равон китоб ба намоиш гузошта шуда буд. Ва ман шоҳиди он шудам, ки чанд кас онро ба даст гирифта:

– Баҳ, баҳ, олиҷаноб, нағз! – гўён ба офарандаи он офарин хонданд.

Ман бо нахустин хонандаи ин қисса – муҳаррири китоб – шоири шинохтаи тоҷик Зиё Абдулло ҳамсўҳбат шудам.

– Ман хушбахтам, ки корро дар нашриёти “Адиб”, аз муҳарририи китоби Бахтиёри Муртазо “Нақби Истиқлол” оғоз кардам, – мегуфт Зиё Абдулло. –Қиссаи “Нақби Истиқлол” асари касбист. Хонданиву омўхтанӣ ва аз ҷиҳати забон ва меъёршиносӣ лоиқи таҳсин мебошад. Ҷумлаҳо рехта, ибораҳои классикӣ фаровон истифода шудаанд. Банду басти асар солим аст. Қисса асарест, ки бозгўи меҳнатзодагии инсонро хушрў ва лозим мекушояд. Дарёфтам, ки Бахтиёри Муртазо донандаи забони ихтисосии соҳаи нақбканӣ мебошад. Мантиқ ва мақсад чун сангҳои нақб сахту устувор.

Ба эҳтиром ва хеле самимӣ сухан меронд Зиё Абдулло. Ва ман ба гуфтаҳои ў бовар кардам. Аслан ба ин инсони якмизоҷ ман ҳамеша эътимод доштам ва дорам. Аз ин рў асарро ба қавле, дар як нишаст хонда баромадам.

Оре, Бахтиёри Муртазо бо дасту дили гарм ва шабзиндадориҳои дардомез як достони пур аз қаҳрамонӣ, ҷавонмардӣ ва бародариро офаридааст. Тоҷикон паҳлу ба паҳлу бо намояндагони дигар халқҳо, хусусан бо мутахассисони эронӣ ҷон ба кафи даст гирифта, афсонаро ба ҳақиқат табдил доданд. Аз ин рў ин асар асари хубу муҳим ва ҳатто бе ягон муболиға гуфтан мумкин аст, ки асари дирўзу имрўзу фардост. Аввалан, барои ояндаҳо дастури бузурги таҷриба ва илмомўзӣ мегардад. Сониян, дўстии миллатҳои Тоҷикистону Эронро тақвият мебахшад. Солисан, қудрати фаннию муҳандисии эрониёнро муаррифӣ мекунад.

Воқеан, муаллифи асар Бахтиёри Муртазоро ҳама мешиносанд. Ўро фидоии матбуоти тоҷик гўем, хато намекунем. Зеро тамоми умри азизи худро ба кори матбуот бахшида, дидаву шунидаашро ба риштаи тадқиқ кашидааст. Адиб дар жанри душвори насри ҳуҷҷатӣ ба мақсад расида, ҳаводорони эҷодиёташро пайваста шод мегардонад. Ба тасдиқи фикрамон месазад ба ёд орем як қатор қиссаҳои ҳуҷҷатии ўро ба монанди “Боғбони гули кўҳӣ”, Ҷонбохтаи Роҳатӣ”, “Қасидаи бародарӣ”, “Чинор дар Солони”, “Лимуи тоҷик”, “Чашмаи офтоб”, “Ман чароғ афрўхтам”, “Нуру нори Вахшрўд” ва ғайра, ки мутолиаи онҳо ҳар хонандаро ба ҳаяҷон оварда, аз пастиву баландии рўзгор ва маънии зиндагӣ ба домани андеша мекашад. Ин равия дар эҷодиёти Бахтиёри Муртазо хеле бақувват аст. Ин далели он аст, ки адиб зиндагиро хеле хуб медонад.

Бояд тазаккур дод, ки қиссаи «Нақби Истиқлол» аз ҳудуди асарҳои ҳуҷҷатӣ убур карда, аз лиҳози мазмун, вусъати назар, тарзу шеваи ба худ хоси баёни фикр, равонӣ, мўъҷазбаёнӣ ва аҳамияти амалӣ доштани худ бидуни шубҳа аз аксар асарҳои дар ин мавзўъ навишташуда бартарӣ дорад. Шакл ва банду басти он жанри романро мемонад. Моҳиятан бошад публитсистист, ки масъалаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, муҳаббати поку рафоқат, инчунин андешаҳои фалсафии адибро низ дар бар мегирад.

Талошу ҷустуҷўҳои адабии Бахтиёри Муртазо дар роҳи офаридани симои қаҳрамони асосӣ – Мафтун назаррасанд. Адиб тавонистааст қаҳрамони даврони бозсозӣ – намояндаи барҷастаи кўҳистонро офарад. Ошёни табъи ў чун кўҳҳои диёр хеле баланд аст. Ин аст, ки ўро Уқоби Кўҳӣ ном мебаранд.

Хатти сюжет ва пайвастагии воқеаҳо атрофи қаҳрамони асосии асар то охири асар меравад. Гузашта аз он таснифот фарогири ҳамаи паҳлуҳои ҳаёт, дар якҷоягӣ бо ҷузъиёти рангоранги таърихӣ ва ҳамбастагӣ бо дардҳои табобатталаби ҷомиаи имрўза мебошад. Муносибати қаҳрамони асар бо одамону табиат, андешаҳои шахсӣ ва ҷамъиятии ў хеле зеҳннишин офарида шудааст. Махсусан дўстии безаволи халқҳо, инчунин симои мудири пуружа, муҳандиси донишманд ва сертаҷрибаи ширкати “Собир-байналмилал” ҷаноби Алӣ Мўсавӣ Раҳимӣ бо тасвирҳои басо мукаммал, ҷозиб ва боварибахш ва бо забони равон, фасеҳу малеҳ ва ширин инъикос ёфта, гуфтаи ҳакимони гузашта: “Дўст он донам, ки гирад дасти дўст – дар парешонҳолию дармондагӣ”, бори дигар тасдиқи худро ёфтааст.

2

Муҳорибаи Мафтун бо ҳайвони ваҳшӣ – юз оғози гиреҳбандии воқеаҳои тақдирсози қисса аст. Ва ин хеле рамзист. Зеро кўҳҳо ҳам чун ин даррандаи хунхор ваҳшатангезу асроромез аст. Қабл аз муҳориба вай аз дўсташ Шералӣ номае гирифт, ки дар он бо ташаббуси Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидани сохтмони туннели Анзоб хабар дода мешуд. Ин хабар ба тану ҷони ў рўҳу тавони тоза бахшид. Аз ин рў ба юзи хунхор ғолиб омад. Вагарна юз ба сўи ў чашм ало карда гуфтан мехост: “Халал нарасон, вагарна гўшти бадани туро низ ҳамин тавр тўъма мекунам”.

Бахтиёри Муртазо дар образи Мафтун инсонеро мебинад, ки бо набзи зиндагӣ ҳамқадаму ҳамнафас мебошад. Таърихи зиндагии ў ба таърихи диёраш пайвастагии қавӣ дорад. Ҳама талошу ҷонбозиҳои Мафтун барои иҷрои рисолати инсонӣ равона шудааст. Бешубҳа, муваффақиятҳои ў аз худшиносии миллӣ сарчашма мегирад.

Вай тануманд, дасту бозуи паҳлавонона дорад. Вале назарбаланду мағрур ва худписанд нест. Соҳиби дили беғашу соф аст, барои дўстон ва ҳифзи онҳо ҷонашро ҳам фидо мекунад. Мардуми манфиатҷў, бадкору хиёнатпешаро чашми дидан надорад. Дар баробари ин ғамхорӣ зоҳир намуда, роҳи ислоҳи онҳоро меҷўяд. Шиораш: “Бо бадон ҳам нек бош!” – аст. Ў мисли сарбозест, ки дар лаҳзаҳои нозуку ҳассос хулосаи дуруст бароварда, ба амали саҳеҳ даст мезанад.

Мафтун метавонист зиндагии осуда дошта бошад. Охир, духтари вазир – Фароғат ўро дўст медошт. Баъзе рафиқонаш ин масъаларо аллакай ҳал шуда ҳисобида, ба ў ҳасад ҳам мебурданд. Аммо аз дили ў тамоман бехабар буданд. Ў намехост, ки роҳи ҳаёташро дигарон ҳаллу фасл намоянд. Андешаҳои ўро адиб чунин ба қалам медиҳад: “Ман охир дар сари кўҳҳои баланд ошён сохтаам. Мисли уқобони кўҳҳои Зидеҳ парвозҳои баланд карда, озод буданро дўст медорам, намехоҳам, ки мутеи ягон кас бошам”.

Бале, Мафтун мурғи дар банди қафас буданро намехоҳад. Аз ин рў аз кори пурмашаққат намеҳаросад. Рў ба гурез намеорад. Ҷойи гарму нарм намеҷўяд. Зеро ў дар оилаи инсони сарбаланд, баору номус – Азим-сайёд чашм ба олами ҳастӣ кушода, ба воя расидааст. Падараш дар сохтмони роҳи Сталинобод – Ўротеппа, ки дусаду шасту нўҳ километр дарозӣ дошт, иштирок намуда буд. Вай бо ваҷҳи касби сайёдӣ тамоми роҳу пайраҳаҳои кўҳиро нағз медонист, аз ин рў, дар ҳамаи минтақаҳо маслиҳатгару мушовири муҳандисон ва техникҳои роҳсоз буд. Падар ба фарзандаш васият кардааст: “Писарам, то тавонӣ роҳу кўпрук бисоз, рафтуомади одамонро осон бикун, савоб мегирӣ”.

Бале, роҳро чун шоҳраги шараёни ҷисми Ватан ҳисоб менамуд ва сохтмони онро босавобтарин кор меҳисобид. Поктарину олитарин кори инсон роҳ сохтан аст.

Мафтун дар пеши назари хонанда ба камолот мерасад. Муаллиф қаҳрамони худро самимона дўст медорад. Аз ин рў оиди ў бо муҳаббат сухан меронад ва дар айни замон сустию камбудиҳои ўро пинҳон намедорад, ҳамчунин ҳама мушкилотеро, ки ў рў ба рў мешавад, рўи коғаз меорад. Дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест. Зеро ҳаёт ҳаёт аст. Ин аст, ки хонанда ба муаллиф бовар мекунад, ҳамроҳи қаҳрамон пастиву баландиҳои зиндагиро тай менамояд. Ва қаҳрамон барои ў шинос ва рўҳан хеле наздик мегардад.

Оташи ишқи Ватан ҳамеша дар дили Мафтун аланга мезанад. Ва ин оташ ўро оқилтару донотар менамояд, олами маънавии ўро бой ва ғанӣ мегардонад.

Вай ба туннели Анзоб дар синни камолот меояд. Ва бо ў ҳамеша синни кўдакиву наврасӣ ҳамроҳ аст. Ў аз онҳо гурехта наметавонад. Гузашта аз он гурехтанӣ ҳам нест. Ва ин хеле хуб аст. Зеро онҳо боигарии маънавӣ, роҳнамо ва мизони кору рафтори ўст.

Муаллиф бо далелҳои боварибахш қаҳрамониҳои Мафтунро ба хонанда ҳикоят мекунад. Хусусан азобҳои рўҳии қаҳрамон хеле саҳеҳ тасвир ёфтаанд. Ҳамаи ин мушкилиҳо қаҳрамони асарро рўҳан шикаст намедиҳанд.

Мегўянд, ки табиати одамӣ ҷаҳонест, ки ҳамеша ба муҳити атроф мутеъ мегардад. Вале Мафтун мутеъ намешавад. Ҳар як пора санги Ватан ба чашмаш чун дуру гавҳар азиз аст. Ва ў қатъӣ мегўяд: “Роҳ сохтан, рафту омади одамонро осон кардан ба ман аз падар мерос мондааст. Ман то ҷон дар рамақ дорам, васияти падарамро ба ҷо меоварам”.

Ва ў гуфта ба бод намедиҳад. Васияти падарро ба ҷо меорад. Ин аст қаҳрамони замон. Ва чунин мардони майдон имрўз барои Тоҷикистони соҳибистиқлол чун обу ҳаво заруранд.

3

Нақшаи бунёди туннели Анзоб ҳанўз солҳои сиюми асри бист тарҳрезӣ шуда буд. Ин нақшаи хеле ҷасурона ҳисоб меёфт, ки Шоҳроҳи абрешимро аз нав эҳё намуда, онро барои чор фасли сол бидуни танаффус мавриди истифода қарор медод. Вале он ҳатто дар даврони “гулгулшукуфии Давлати Шўравӣ” фақат чун нақша монд. Дар омади гап бояд ёдовар шуд, ки сохтмони туннели Анзоб моҳи феврали соли 1982 шурўъ шуда буд. Вале он як намоишкории беҳуда ва зарарноке беш набуд. Бале, як тантанаи намоишкорона ва ҳангомаи хушку холие карданду бо ҳамин хомўш гардиданд.

Ин вазъият ҳатто як нафар олими рус – Александр Иванович Зуйковро ба ҳайрат меорад. Профессор, ки ба тўли солиён кўҳҳои Тоҷикистонро омўхта, маълумоти зиёде ҷамъ оварда будааст, ибораи зеринро бисёр такрор мекардааст: “Ҳар кас, ки Боми Ҷаҳонро надида, гўё ки ними ҷаҳонро надида”.

Барҳақ, як гўшаи Тоҷикистонро ба ними ҷаҳон баробар кардан боиси ифтихор аст. Вале ҳоло донишманди рус изҳори таассуф мекард. Ва онро муаллиф чунин ба қалам додааст: “Оҳ-ҳо, то ин дараҷа чигил гардидани вазъияти сохтмони туннели Анзобро чашмдор набудам. Ба тоҷикон чӣ шуд, охир онҳо тамаддуни хеле қадимӣ доранд, бузургони илму фарҳанг ва адабиёташон тамоми ҷаҳонро тасхир намудаанд. Анҷом ёфтани ин сохтмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам обод мекунад, аҳамияти иқтисодӣ, иҷтимоии он бузург аст. Афзалияти сохтмони ин туннелро фақат бо сохтмони неругоҳи барқи обии Норак баробар кардан мумкин аст. Пас барои чӣ роҳбарони ҷумҳурӣ ин луқмаи тайёрро, агар ба ибораи тоҷикӣ гўем, ҳалол карда намехўранд?”.

Ин ҳама намегузорад, ки Мафтун лаҳзае фориғ аз фикру андеша бошад, гаштаву баргашта аз худ мепурсад: “Чаро? Барои чӣ?”. Ва ў зимни андешаронӣ ба чунин хулоса меояд: “Моҳӣ аз сар ганда гардад, не зи дум”.

Ва инак, сохтмони туннел оғоз мегардад. Баъзеҳо мегуфтанд:

– Афсона!

– Валлоҳ, ки утопия!

Бале, дар ин гуфтаҳо ҳақиқате ҳаст. Охир, моргазида аз ресмони аъло метарсад. Ҷои баҳс нест, шояд тарсу ҳарос ҳам буд.

Дар кўҳи Уштургардан таркиши пурқудрате садо дода, аз сохтмони мўҳташами аср хабар расонд. Овозаи ин нақб ба ҳафт иқлим рафт.

Он рўзи таърихиро муаллиф чунин ба қалам медиҳад: “Рўзи бистуми майи соли як ҳазору нўҳсаду наваду нўҳ ба хотири Мафтун Ҷашни Меҳргони Зимарғи бостонро эҳё намуд. Ҳаво он рўз басо фараҳбахшу рўҳафзо буд, шабонгаҳон борони шакарнам чангу хокро фурў нишонд. Офтоби пурсаховат майдони фарохи назди дарвозаи туннелро бо нурҳои хеш зарандуда менамуд”.

Суханронии Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дилу ҷигари иштирокдорони ҷамъомад кора кард: “Имрўз барои мову шумо боз як имтиҳони навбатии Ватану ватандорӣ, боз як озмоиш дар роҳи таҳкими истиқлолият ва иқтисодиёти кишвар оғоз меёбад. Ин имтиҳон аз дили қаторкўҳи Ҳисор кушодани туннели панҷкилометра ва бунёди роҳи доимии мошингард миёни пойтахти ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд мебошад”.

Ин гуфтаҳои сарвари давлат дили ҳамаро аз ифтихори самимона нисбат ба Ватан саршор намуд. Мавқеи онҳоро дар зиндагӣ устувор сохта, эътимоду эътиқодро ба фардои кишвар қавитар гардонд.

Мафтун мефаҳмад, ки Ватан бар дўши ў вазифаи масъул гузоштааст. Аз ин рў аз рўи гуфтаи бузургон амал мекунад: “Бори худро худ кашидан нест чандон эътибор, мард он бошад, ки бори дигаронро ҳам барад”. Мафтун мегуфт: “Нақбканҳо мардони ҳақиқианд, дар рўи замин ҳар кас кор карда метавонад, он кӣ дар қаъри замин роҳ мекушояд ва мағзи кўҳро мешикофад, комилан марди далер аст. Кори ҳар буз нест хирман кўфтан, гови нав мебояду марди куҳан”.

Бале, касби нақбкан мураккаб ва беназиру беҳамтост. Аз ин рў қаҳрамони қисса барҳақ касби нақбканиро ба касби кайҳоннавард шабоҳат медиҳад. Ҳамаи онҳо сустирода ва камҷуръату бегурда набуданд. Лекин мефаҳмиданд, ки ҳаёташон зери хатар қарор дорад. Ҳар лаҳза ягон муаммою мушкилоти ғайричашмдошт пеш омаданаш мумкин аст. Хусусан зимистон бо ҷони одам бозӣ кардан аст. Аммо ҳар яки онҳо нағз медонистанд, ки тамоми миллат ва худи Сардори давлат муттакою пуштибони онҳост.

Дар арафаи ҷашни пуршукўҳи даҳсолагии Истиқлолияти Тоҷикистон, субҳи панҷуми сентябри соли ду ҳазору якум Сардори давлат аз туннели Анзоб дидан кард. Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисон ҳамсўҳбат шуд. Онҳо ба Президенти ҷумҳурӣ дар бораи комёбиҳои ба даст овардаашон ва душвориҳои маҷуда ҳикоят карданд. Баъд Сардори давлат ба комбайни нақбканӣ нишаста, онро ба кор даровард, ки рамзи оғози давраи дуюми сохтмон дар қисми ҷанубии туннели Анзоб мебошад.

Саросари кишварро фидокории миллӣ фаро гирифт. Нақбканон бо азму ҷасорати зиёд заҳмат мекарданд. Ин фидокорӣ меҳмонони хориҷиро мафтун мекунад. Муаллиф онро чунин ба қалам медиҳад: “Мо ба малакаи шумо қоилем, ба усули корбарии роҳбарон ва меҳнатдўстии миллати шумо мафтунем. Ин ҷасорати бемисли Сардори давлати шуморо нишон медиҳад, ки бо чунин вазъияти ноҳинҷори молиявии ҷумҳурӣ ин сохтмони азимро давом дода истодааст”.

Ин ҳама туннелро ба як иншооти муқадасс табдил медиҳад. Аз ин рў Мафтун ба ҳамкоронаш мегўяд: “Туннел ҷойи поку муқаддас аст. Бо пойи рост ва нияти нек қадам гузоред”.

Ҳаққо, ки ин рост аст!

4

Яке аз меъёрҳои шинохти инсон рафтору кирдори ў дар зиндагӣ мебошад, ки нависанда ба ин ҷиҳат аҳамияти бештар додааст. Дар боби чорум дар хусуси Бобозода ном соҳибкоре сухан меравад, ки хушдоре ба соҳибкорони тоҷик мебошад. Дили Бобозода барои Ватан месўзад, манфиати миллиро аз манфиати шахсиаш боло мегузорад ва тайёр аст бо дўстонаш ин сохтмони азимро маблағгузорӣ кунад. Вай бо сўзи дил мегўяд: “Акнун вақти он расидааст, ки рўй ба Ватан оварем ва бечорагони аз ҷанги хонумонсўзи дохилӣ амонмондаро зери болҳои пурсаховати худ бигирем… Мард он аст Ватан обод кунад!”. Дар баробари ин огоҳ мекунад: “Табъи сармоядорон хеле нозук мешавад, агар онҳо як дафъа хўсанд, дигар тамом, ҳамчун гунҷишкон парида мераванд. Гунҷишк хирагӣ карда боз меояд, аммо ному нишони сармоядорро дигар намебинӣ”.

Дар ин ҷо муаллиф қаҳрамони асарро сари андешаи хело ва хело ҳам муҳим – мавқеъ ва мақоми мансабдорон мебарад.

“Одамон ҳар тоифаанд, – андешид Мафтун, – яке мисли ин соҳибкор ният дорад, ки молу мулкашро ба кори хайру босавобтарин сарф намояд. Дигаре чун ба мансабе бирасад, рўзу шаб дар фикри тороҷи халқи заҳматкаш мешавад ва ҳарисона пулу мол ҷамъ меораду ба ибораи халқ туф карда гиреҳ мебандад…”.

Муаллиф симои раиси ноҳияеро ба қалам медиҳад, ки баракси Бобозода мебошад. Ин раис манфиати шахсиашро аз манфиати миллӣ боло мегузорад. Вай мегўяд: “Ман ноҳияро обод мекунам! Ман!…”. Ва боз ман-маниҳои бебаркашу бешуморе. Дар асл мебинем, ки сухану амалаш як не. Раиси нав баъди ду-се рўзи корӣ дар ғами хонаи худ мешавад. Аз ин рў тамоми роҳбарони хоҷагиҳои ноҳияро ба  ҳузураш мехонад.

“ – Медонед, ки ман сарпаноҳ надорам, – филфавр изҳори мақсад намуд раис. – Худо хоҳад, ҳамроҳ кор карданӣ ҳастем, хона насозем, намешавад.

– Кори ниҳоят аъло мекунед, – дастгирӣ менамоянд косалесон ва чоплусони раис.

– Ту фалон бинои фермаро вайрон карда, шифер ва чўбу тахтаашро меорӣ, – амр менамояд раис.

– Ту он бошишгоҳро вайрон бикун, – фармон медиҳад раис ба сарвари хоҷагии дигар.

– Ту… ту… ту…, – раис бо навбат супориш медиҳад”.

Ва хонаи чорошёнаи раис қомат рост мекунад. Чунон ки мебинем раиси ноҳия ободиҳоро вайрон карда, мулку маконро тороҷ намуда бошад ҳам, аз болои ў касе шикоят нанавишт.

“Майлаш, раисамон обод бошад, – гуфтанд дидагиҳо, – мо ҳам обод, ба ҳеҷ кас нагуфтаанд”.

Муаллиф тавонистааст ду феъли бади инсонӣ – ғуломӣ ва бепарвоиро моҳирона ба ҷилва биорад.

Мафтун дар ин амалҳо худи одамонро гунаҳгор дониста чунин хулоса мебарорад: “Ин одамон аҷоиб тоифаанд, дўстро аз душман ҷудо карда наметавонанд”.

Муаллиф дар муқобили чунин раисон роҳбарони дилсўзу ҷонфидоро ҳам ба риштаи тасвир мекашад.

“Роҳсозонро хусусан одамияти олӣ ва нотакрори раиси дарёдили хоҷагии Анзоб ҳоҷӣ Муллораҳим Аслиддин ниҳоят мутаҳайир намуда буд. Ин родмарди покизасиришт ва саховатманди олиҳиммат ҳар моҳ як маротиба тамоми кормандони сохтмони нақбро аз ҳисоби худ нону таом медод. Аҷоиботи рафтори бузургворонаи ин марди сахӣ дар он буд, ки ў бо фарзандон ва келинҳояш ба арсаи кор омада, аз аввали пухту пази таом то шустани дегу табақҳо – ҳамаи корро худашон ба анҷом мерасонданд. Ба тамоми ин меҳмондорӣ худи раис роҳбарӣ менамуд. Ў зимни сўҳбат ба муҳандисону коргарон маслиҳатҳо медод, дилбардорию дилдиҳӣ менамуд. Муносибати ин раис тавре буд, ки гўё туннели Анзоб сохтмони шахсиаш бошад”.

Муаллиф ҷонсўзию фидокориро муқобили ноҳақиву беадолатӣ ва феъли ғуломиву бепарвоӣ мегузорад, ки ҷанбаи равонии амалиётҳои шахсиятҳои асарро пурқувват гардонида, дар дили хонанда нисбати яке оташи нафрат, нисбати дигаре оташи муҳаббат аланга мезанад.

5

Ҷолиби таваҷҷўҳ аст, ки муаллиф рушду камоли Мафтунро ба риштаи тасвир оварда, дар ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёт моҳир шудани ўро нишон додааст. Вай ба қадри одаму олам мерасад. Ва шукр мекунад, ки Яздони пок ба Ватани азизи ў чунин сарварро лоиқ донистааст. Вагарна ў наметавонист дар сохтмони чунин туннели тақдирсоз ширкат варзад. Дар вазифаи сарварии бригадаи нақбканон хислату хўи Мафтун равшану комилтар ба зуҳур меоянд. Вай ба азму ирода ва иқтидори аъзоёни бригадааш эътимод дошт. Ба онҳо меҳрубону ғамхор, дар муомилаю муошират, дурандешӣ, хирадмандӣ, заковат ва фаросати фитрӣ зоҳир мекунад. Дар ҳолатҳои ногувор ва пуршиддат кўшиш менамуд, ки ягон ҳарфи ҳазлу шўхӣ бигўяду бачаҳоро рўҳбаланд намояд. Гузашта аз ин ў бо маҳорати олӣ меҳнат мекард, ки худ басе сабақомўз буд.

Нависанда нишон дода тавонистааст, ки ин ҳама хислатҳо хоси мардуми дилашон оинасон шаффоф ва ростгўю рострав аст.

Чеҳра ва шахсияти Мафтунро силсилабандии истифодаи ҳикматҳои халқӣ пурра ва мукаммал мекунад.  Бале, ў аз ҳикматҳои халқӣ моҳирона истифода мебарад. Вақте ки садама рух медиҳаду аз сақф хоку санги бисёре рехта, даруни нақб якбора тип-торик мешавад, Мафтун фавран ба ҳамкорон нидо мезанад:

“ – Ба девор ҷафс шавед, ба девор ҷафс шавед! Бародарон натарсед, ҳеҷ боке нест, мегузарад. Азиз, Карим, чӣ ҳол доред? Якдигарро пурсон шавед!”.

Пас аз бартараф шудани ҳолати садамавӣ муаллиф менависад: “Мафтун митҳарашро аз тасмаи миёнаш гирифта, ба ҳамкорон фармуд, ки бо об даҳонашонро ғарора кунанду мувофиқи талаб чанд ҷуръа бинўшанд. Ў медонист, ки дар чунин ҳолатҳо навкорон метарсанд. Дар лаҳзаҳои садамавӣ ба одами тарсида, чанд ҷуръа об додан айни муддаост”.

Ва ё худ Мафтун ба ҳамкорон мегўяд, ки бештар оббозӣ кунанд. Зеро оби гарм асаби одамро ором менамояд, рўҳи тозаю қувваи беандоза ато менамояд.

Ва ё барои об кардани сипари ғафси яхини шоҳроҳ  реги сурх мерезад. Зеро реги сурх шуоъи офтобро нисбат ба дигар навъи рег се-чор маротиба зиёдтар қабул намуда, яхро об мекунад ва барфи ҳар рўз аз осмон боридаро мисли намак мехўрад.

Нависанда ҳам рушд ва ҳам шикасти Мафтунро тасвир карда, мураккабии ҳаётро воқеабинона нишон додааст. Аммо Мафтун дар ҳама ҳолат сифатҳои инсонии худро аз даст надодааст. Махсусан ин дар ҳаёти оилавии ў равшан зоҳир мегардад.

Духтари вазир Фароғат бо ў ақди никоҳ мебандад ва бо ҳамин гумон мекунад, ки тамом – Мафтунро аз худ кард. Чӣ хеле ки дилаш бихоҳад, ҳамон хел метобонад. Мафтун бошад ўро аз ҷонаш ҳам бештар дўст медошт. Тайёр буд, ки ҳама дороияш, тамоми буду набудаш, ҳаёташро фидои ў кунад. Аммо Фароғат ўро намефаҳмид. “То кай суғур барин дар байни сангу хок ғор мекобед? – мегўяд Фароғат. – Аз гўшту равғани суғур бўи хок меояд, аз сару тани шумо ҳам ба димоғи кас бўи хоки пурнаму заҳ мерасад”. Мафтун бо эътироз мегўяд: “Калламуши идора шудан намехоҳам, ки дар зери тўдаи коғазҳо қитир-қитир коғаз хоям”.

Афсўс, ки Фароғат пулу вазифаро авло донист, ба қадри ҳамсараш нарасид. Бояст, ки мерасид, аммо нарасид. Ба ин маънӣ Мавлавӣ фармудааст:

          “Биё имрўз қадри ҳам бидонем,

          Ки то фардо зи якдигар намонем”.

Аммо Фароғат хатои ислоҳнопазир мекунад, ба хонаи падар меравад. Муаллиф ҳам хеле оқилона хулоса мебарорад, ки ў бояд медонист, ки чун духтар шавҳар кунад, бояд хонаи худро обод намояд ва ба хонаи падар гоҳ-гоҳе фақат бо ҳамсар ба меҳмонӣ ояд.

Ҳамсараш дар оташи хашму ғазаб печида, ақлаш тира ва чашмаш хира мегардад. Ниёгонамон беҳуда нагуфтаанд: душмани ақл ғазаб аст. Ва ба шавҳараш мегўяд:

– Тезтар гум шавед!

Ин суханон ҳамчун ханҷари обдоре гардид, ки Фароғат ба ҷисму ҷони ў бераҳмона бизад.

Анҷоми асар мусбат аст. Имтиҳон муваффақона анҷом ёфт. Коре анҷом дода шуд, ки ба қавли халқ “ба хироҷи сад мамлакат меарзад”. Ҳамаи ин қаҳрамониву корнамоӣ на барои шаъну шўҳрат ва на барои пулу мол буд. Ҳамаи ин ба ифтихори Ватану нумўи ўст.

Ин инъикоси ҳақиқати ҳаёт аст!

Аз тарафи дигар чунин анҷом ба таври хос панд меомўзад. То он ки лаъл ба даст меояд, садҳо ҷигарҳо лахта-лахта ва хун мегардад. Ба хотири сарвату мансаб Фароғат бахташро осонакак аз даст дод. Аммо қалби саршор аз ишқи Зуҳал ўро ба мақсад расонд.

“Нақбканон бо Мафтун дудаста салом карда, ба назди ин зан саҷда меоварданд”.

Ин охирин сатри қисса мебошад.

Имрўзҳо азобу ғами аз шимол ба ҷануб омадани одамон аз байн рафтааст. Ва ин китоб далели қаҳрамонӣ, ҷавонмардӣ ва дўстиву бародарист.

Мутолиаи ин асар дар дили хонанда эҳсоси ватандўстӣ ва ғурури миллиро саршор мегардонад. Аз ин рў бо камоли эътимод метавон гуфт, ки қиссаи “Нақби Истиқлол” метавонад нишонаи ифтихори миллӣ бигардад.

8 майи соли 2007

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …