Главная / Гуногун / Нишонаҳои зуддастрасшаванда

Нишонаҳои зуддастрасшаванда

Яке аз ин нишонаҳо «Корзина» мебошад, ки дар мизи корӣ ҷойгир карда шудааст.

Нишонии «Корзина» барои ҷойгиркунии файлҳои нобудкардашуда ё ин ки барои баъзе ҳуҷҷатҳое, ки айни ҳол ба Шумо лозим нест, дар ин нишонӣ ҷойгир кардан мумкин аст.

Дар ҳолати лозим шудани яке аз ҳуҷҷатҳои дар нишонии корзина нигоҳдошта шуда шумо метавонед онро аз сари нав барқарор намоед. Барои иҷрои ин амалиёт амалҳои зеринро иҷро бояд намуд,

  1. Тирчаи мушакро ба нишонии «Корзина» бурда, тугмачаи кории онро ду маротиба паи ҳам пахш мекунем. Дар ин ҳолат рўйхати ҳуҷҷатҳои дар он мавҷудбуда дар экран инъикос мегардад.
  2. Аз он рўйхат ҳуҷҷати заруриро интихоб мекунем;
  3. Тугмачаи рости мушакро пахш мекунем;
  4. Дар натиҷа равзанаи «Восстановить» инъикос мегардад;
  5. Тугмачаи «Восстановить»-ро пахш мекунем.

Қайд кардан зарур аст, ки нобуд сохтани ҳуҷҷат, филмҳо ва ғайраҳо бо якчанд усул иҷро карда мешавад,

  • Барои нобуд сохтани ҳуҷҷати дилхоҳ амалҳои зеринро бояд иҷро намуд. Тирчаи мушакро ба болои ҳуҷҷат гузошта, тугмачаи рости мушакро як маротиба пахш мекунем, Рўйхати махсусе пайдо мугардад, ки дар он нишонаи «Удалить» мавҷуд аст. Дар ин ҳолат метавонем «Удалить»-ро пахш кунем. Дар ин ҳолат компютер аз Шумо мепурсад, ки дар ҳақиқат Шумо мехохед, ки ҳуҷҷати интихобшударо ба «Корзина» фиристонед.   Сипас равзанаи «Да» ва «Нет» пайдо мегардад. Шумо дар ин ҷо тугмачаи «Да»-ро пахш мекунед;
  • Барои нобуд сохтани ҳуҷҷати нолозим бо клавиатура амалҳои зеринро иҷро мекунем. Ҳуҷҷати нолозимаро интихоб намуда, аз клавиатура тугмачаи «Delete»-ро пахш мекунем. Дар ин ҳолат компютер аз Шумо мепурсад, ки дар ҳақиқат Шумо мехохед, ки  ҳуҷҷати интихобшударо ба «Корзина» фиристонед. Сипас равзанаи «Да» ва «Нет» пайдо мегардад. Шумо дар инҷо тугмачаи «Да»-ро пахш мекунед.

 Расми панели «Удалить»

 2

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …