Главная / Илм / НАЗАРИЯИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ 

НАЗАРИЯИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ 

Дарси 1. ПРЕДМЕТИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ

Асосҳои информатика. Мафҳуми информатика бо маҷмўи илмҳое алоқаманд аст, ки онҳо ба омўзиши хосиятҳо ва тарзҳои ғункунӣ, тасвир, коркард ва ирсоли информатсия тавассути воситаҳои техникӣ сару кор доранд. Дар мамлакатҳои англисзабон ба ҷои мафҳуми информатика мафҳуми computer science илми компютерӣ мавриди истифода қарор дорад.

Асосҳои назариявии информатикаро гурўҳи илмҳои бунёдӣ (фундаменталӣ) ташкил менамоянд, ки онҳоро дар як сатҳ ҳам ба математика ва ҳам ба кибернетика мансуб шумурдан мумкин аст: назарияи информатсия, назарияи алгоритмҳо, мантиқи математикӣ, назарияи забонҳои формалӣ ва грамматикӣ, таҳлили комбинаторӣ ва ғайра. Ғайр аз ин, фанни информатика ба омўзиши архитектураи компютер, системаҳои оператсионӣ, назарияи базаи маълумотҳо, технологияи программасозӣ ва дигар самтҳои технологияҳои информатсионӣ машғул аст.

Бояд қайд намуд, ки дар муддати начандон зиёди таърихӣ информатика аз як фанни техникӣ дар бораи методҳо ва воситаҳои коркарди маълумоти додашуда бо ёрии мошинҳои электронии ҳисоббарор ба илми бунёдӣ дар бораи информатсия ва равандҳои информатсионии на танҳо системаҳои техникӣ, балки табиат ва ҷомеа табдил ёфтааст. Сабаби асосии ба чунин муваффақиятҳо ноил гаштани илми информатика ба раванди бебозгашти саросар информатсионӣ гаштани ҷомеа вобаста аст, ки он як шакли зуҳуроти қонуни умумии инкишофи башарият аст. Информатикунонии ҷомеа бо худ таҳаввулоти илмию техникӣ ва иқтисодию иҷтимоиро меоварад, ки он дар навбати худ ҳаёту фаъолият ва тафаккуру арзишҳои инсониро дигаргун месозад. Тамоилот ва суръати ин дигаргуншавӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки асри ХХI асри информатика, технология ва ҷомеаи информатсионӣ хоҳад буд.

Информатика илмест, ки доир ба хосиятҳои информатсия ва қонуниятҳои равандҳои информатсионӣ баҳс менамояд.

Технологияи информатсионӣ(ТИ). ТИ маҷмўи мушаххаси воситаҳои техникӣ ва таъминоти программавӣ буда, барои гузаронидани амалиётҳои гуногуни коркарди информатсия дар самтҳои мухталифи фаъолияти инсон пешбинӣ шудааст. Баъзан технологияи информатсиониро технологияи компютерӣ ё информатикаи тадбиқӣ низ мегўянд. ТИ-ро чунин таъриф додан мумкин аст:

setyТехнологияҳои информатсионӣ яке аз соҳаҳои тафаккури илмӣ буда, ба воситаи системаи таҳлилии ҳодисаҳои муҳити атроф равандҳои информатсионии бо суръати баланд вусъатёбандаро меомўзад ва методу воситаҳои автоматии ғункунӣ, қабулкунӣ, нигаҳдорӣ, табдил, ирсол, сабт ва истифодаи информатсияро тавассути техникаи компютерӣ мавриди омўзиш ва коркард қарор медиҳад.

Мақсади омўзиши фанни ТИ. Соҳаи таълимии фанни технологияи информатсионӣ дар ду ҷанба мавриди омўзиш қарор мегирад. Ҷанбаи аввал ба омўзиши системаи информатсионии тасвири олам ва қонуниятҳои информатсионии умумии сохт ва тарзи кори системаҳои худидора – биологӣ, ҷамъиятӣ ва автоматӣ-техникӣ бахшида шудааст. Ин гуна системаҳо дорои хосияти иҷрои мақсадноки амалиёт буда, рафторашон тавассути узвҳои қабул, табдил ва амаликунандаи информатсиониашон идора карда мешавад. Ҷанбаи мазкур, ки қариб фарогири ҳама соҳаҳои умумитаълимӣ мебошад, доираи ҳамбастагии фанҳои «Информатика» ва «Кибернетика»-ро ташкил медиҳад.

ЭЗОҲ: Кибернетика илм дар бораи хосиятҳои умумии равандҳои идоракунӣ дар системаҳои зинда ва ғайризинда мебошад.

Ҷанбаи дуюми соҳаи таълимии фанни ТИ ба омўзиши методҳо ва васоити техникии дарёфт, ғункунӣ, захира, табдил, ирсол ва истифодаи информатсия бо ёрии компютер ва дигар воситаҳои электронии муосир бахшида шудааст. Ин ҷанба пеш аз ҳама ба тадбиқи маводи таълимӣ дар ҳаёт ва ба фаъолияти эҷодӣ омода сохтани хонандагон алоқаманд мебошад. Соҳаи таълимии фанни ТИ характери комплексӣ дорад.

Ҳар як қисми он дар иҷрои вазифаи алоҳида ва мушаххаси соҳаи таълим мақоми хоса дорад ва баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои зерин равона шудааст:

  • Парвариши малакаҳои истифодаи моҳирона ва пурсамари компютер дар раванди омўзиш ва фаъолияти ҳамарўзаи хонандагон
  • Омодагӣ ба ҳаёти пурарзишу фаъоли ҷомеаи информатсионӣ
  • Баланд бардоштани фарҳанги информатсионии хонандагон Тадбиқи технологияҳои нави информатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ
  • Таъмини фарогирии устувори техника ва технологияи компютерӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёт
  • Равшан гардонидани моҳияти равандҳои информатсионӣ дар ҷаҳонбинии илмӣ ва нақши ТИ дар ҷомеаи навин.

Вазифаҳо ва пайванду вобастагиҳои ТИ бо илмҳои дигар.

 Ҳангоми дар омўзиши ҳама фанҳои таълимӣ ҷорӣ намудани компютер, малакаҳои ба ном «саводнокии компютерии хонандагон» характери умумитаълимӣ мегирад. Ташаккули муносибати нав ба фаҳмиши мақсадҳои омўзишии фанни ТИ пеш аз ҳама ба вазифаҳои умумитаълимии ин фан ва имкониятҳои потенсиалии он дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини таълим, тарбия ва рушди зеҳнии мактаббачагон алоқаманд аст.

Унсурҳои алоҳидаи таҳлили кибернетикии ҳодисаҳои муҳити атроф инъикоси худро дар курсҳои таълимии биология, физика, таърих, ҷамъиятшиносӣ, таълими меҳнат ва ғайра меёбанд. Фанни ТИ бошад дар системаи фанҳои таълимӣ нақши пешбарандаро бозида, баҳри дарёфти тасаввуроти ягонаи олами ҳастӣ ва эҳсоси умумияти асосҳои информатсионии раванди идораи табиати зинда, ҷомеа ва техника шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамин тариқ, вазифаи асосии фанни ТИ аз таъмин намудани фарогирии дониши мустаҳкам ва бошууронаи хонандагон доир ба раванди табдил, ирсол ва истифодаи информатсия иборат буда, дар ҳалли масъалаҳои маълумоти умумиинсонӣ саҳми арзанда дорад:

  1. Дар ташаккули асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ:

тасаввуроти хонандагон оид ба информатсия ҳамчун ба яке аз се мафҳуми бунёдии тасвири илмии олам модда, энергия, информатсия ташаккул дода мешавад;

фаҳмиши хонандагон доир ба принсипҳои якхела ва ягонаи сохти системаҳои худидораи гуногунҷабҳа ташаккул дода мешавад ва мавқеи технологияҳои нави информатсионӣ дар тараққиёти ҷомеа ва дигаргуншавии мазмуну характери фаъолияти инсон муайян карда мешавад.

  1. Дар тараққӣ додани сатҳи тафаккури хонандагон:

илми равоншиносии муосир (психология) аҳамияти ТИ-ро дар рушди тафаккури назариявӣ ва эҷодиихонандагон таҳлил намуда, ташаккули шакли нави тафаккур – тафаккури оператсиониро ба қайд гирифтааст;

як қатор тадқиқотҳои равоншиносӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳангоми истифодаи компютер дар хонандагон услуби самараноки модулию рефлексии фикрронӣ ташаккул меёбад.

  1. Дар омодасозии хонандагон ба фаъолияти амалию меҳнатӣ:

нақши ТИ дар ташаккули фарҳанги информатсионии хонандагон ва компонентҳои омодагиашон ба тарзи нави ҳаётгузаронӣ дар ҷомеаи информатсионӣ бағоят бузург аст;

истифодаи методу васоити компютерӣ хонандагонро ба давомдиҳии таҳсил дар мактабҳои касбӣ ҳидоят менамояд.

Ба объектҳои асосии фанни ТИ – информатсия, захираҳои информатсионӣ, равандҳои информатсионии системаҳои табиатан гуногун, воситаҳои информатикунонӣ ва технологияҳои информатсионӣ дохил мешаванд. Фанни ТИ ҳамчун илми мустақил на танҳо соҳаи тадқиқотӣ, балки методҳои хоси тадқиқотии худро дорост.

Истифодаи ин методҳо имконият медиҳанд, ки хосият ва қонунҳои умумии ҳодисаҳои муҳити атроф ва ҷомеаро ошкор созем, тадқиқ ва тадбиқ намоем. Дар барномаи таълимии фанни ТИ чаҳор ҷиҳати парвариши тафаккури хонандагон пешбинӣ шудааст:

  • ҷаҳонбинӣ – ташаккули тасвири системавию информатсионии олам, умумияти равандҳои идоракунӣ дар табиати зинда, ҷомеа ва техника;
  • технологӣ – ташаккули тасаввурот дар бораи компютер ҳамчун воситаи универсалии информатсионӣ, рушди саводи компютерӣ ва фарҳанги информатсионии талабагон, омодасозии онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ ва идома додани таҳсили касбӣ;
  • алгоритмӣ – инкишофи тафаккури хонандагон доир ба алгоритм;
  • тадқиқотӣ – парвариши эҷодкорӣ ва таҳлилнамоӣ. 

Худро санҷед:

  1. Информатика чӣ гуна илм аст? ТИ чӣ?
  2. Мақсад ва вазифаҳои фанни ТИ аз чӣ иборат аст?
  3. Объектҳои асосии фанни ТИ кадомҳоянд?

Иҷро кунед:

  1. Мавзўъро бодиққат хонед ва предмети фанни ТИ-ро нақл кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …