Главная / Биология / Назарияи материалистии пайдоиши ҳаёт

Назарияи материалистии пайдоиши ҳаёт

Барои назарияи абадӣ будани ҳаёт масъалаи пайдоиши ҳаёт вуҷуд надорад, зеро назарияи мазкур тафоввути зиндаро аз ғайризинда эътироф намесозад. Ин назария зиндаю ғайризиндаро аз маҷмўи ягона иборат дониста, масъалаи пайдоиши яке аз дигареро намепазирад. Агар мавҷуд будани фарқияти махсусро дар байни зинда ва ғайризинда ба назар гирем, пас худ аз худ саволи пайдоиши ин фарқият ба миён меояд. Ҳалли саволи мазкур ба фаҳмише алоқаманд аст, ки инсон дар бораи фарқияти материяи ғайризинда аз организмҳои зинда дорад.

материализм

Имконияти дуруст ба миён мондани чунин савол танҳо пас аз тадқиқотҳои Л.Пастер ва амиқтар гаштани донишҳои инсон оид ба худи мафҳуми ҳаёт ба вуҷуд омад. Дар таърихи омўзиши пайдоиши ҳаёт назарияи олими немис Э.Пфлюгер (1875) аҳамияти махсус дорад.

Фаҳмиши пайдоиши ҳаёт барои Пфлюгер, мисли олимони имрўза, аз масъалаи пайдоиши сафеда ва дараҷаи ташаккули он манша мегирифт. Пфлюгер фарқи сафедаи «зиндаро» аз «фавтида» мавриди омўзиш қарор дод. Ин фарқият, асосан аз он иборат аст, ки баракси сафедаи «фавтида» сафедаи «зинда» ноустувор буда, қобилияти тағйирёбӣ дорад.

Чунин хосияти сафедаи «зиндаро» дар замони Пфлюгер ба мавҷудияти оксиген дар молекулаи сафеда вобаста медонистанд. Ақидаи мазкур дар замони ҳозира ба инобат гирифта намешавад. Масъалаи дигаре, ки диққати Пфлюгерро оиди фарқияти сафедаи «зинда» аз «фавтида» ҷалб мекард, дар молекулаи сафедаи «зинда» вуҷуд доштани гу-рўҳи сиан (CN) мебошад. Бо ин, олим кўшиш мекард, ки дар бораи пайдоиши ин радикали асосӣ барои молекулаи сафеда тасаввурот ба вуҷуд орад. Бо ақидаи Пфлюгер, пайвастагиҳои сианӣ ҳанўз дар давраи массаи тасфонро ташкил додани Замин пайдо шудаанд.

Дар шароити лабораторӣ маҳз дар чунин ҳарорат бо роҳи сунъӣ пайвастагии номбаршударо ҳосил кардан мумкин аст. Минбаъд, баробари сард шудани рўи Замин пайвастагиҳои сиан бо об ва моддаҳои дигари химиявӣ ба ҳосилшавии сафедае, ки хосияти «ҳаётӣ»  дошт, оварда расонд.

Имрўз назарияи Пфлюгер кўҳна шуда бошад ҳам, муҳимаш он аст, ки ў ба масъалаи пайдоиши ҳаёт баҳои материалистӣ дода, сафедаро чун қисми асосии ситоплазма ҳисоб кардааст. Пайдоиши моддаи сафедаро ба таври дигар низ тасаввур кардан мумкин аст. Пас аз тадқиқотҳои Пфлюгер дере нагузашта оиди бо роҳи биохимиявӣ ҳосил кардани моддаи сафеда кўшишҳо карда шуд. Масалан, олими англис Ч.Эллен (1899), баракси Пфлюгер пайдоиши пайвастагиҳои аввалини нитрогениро дар Замин ба он даврае мувофиқ медонист, ки буғҳои об дар натиҷаи хунук шудан фишурда гашта, ба об табдил ёфтаанд ва рўи Заминро пўшонидаанд.

Дар об намаки металлҳое ҳал шудаанд, ки барои ҳосил шудани сафеда ва фаъолияти он аҳамияти хеле калон доштаанд. Дар чунин об миқдори муайяни кислотаи карбонат низ вуҷуд дошта, он ба оксидҳои нитроген ва аммиак пайваст мешуд. Аммиак бошад, дар натиҷаи раъду барқ аз ҳавои нитрогендор ҳосил шуда метавонист.

Минбаъд, назарияи мазкур, ки ба охири асри ХIХ тааллуқ дорад, самтҳои асосиро дуруст қайд мекунад ва имрўз низ масъалаи пайдоиши ҳаёт вуҷуд дорад.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Асос ва моҳияти ҳаёт аз назари файласуфони дунёи қадимчӣ гуна аст?
  2. Мазмуни таҷрибаҳои Ф.Реди аз чӣ иборат аст?
  3. Таҷрибаҳои Л.Пастерро оид ба исботи номумкин будани худ аз худ пайдо шудани ҳаёт дар шароити ҳозира ҳикоя кунед.
  4. Назарияи абадӣ будани ҳаёт чиро нишон медиҳад?
  5. Шумо кадом назарияи материалистии пайдоиши ҳаётро медонед?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …