Главная / Гуногун / Назарияи ҳароратӣ ё гармӣ

Назарияи ҳароратӣ ё гармӣ

Реаксияи ғализшавие, ки ба ҳосил гаштани полимерҳо оварда мерасонад, аз пайвастагиҳои хурдмолекула бо роҳи гарм кардан амалӣ мешавад. Нисбат ба дигар қисматҳои материяи зинда синтези полипептидҳо бештар омўхта шудааст.

Синтез полипедТашаббускори синтези полипептидҳо бо роҳи ҳароратӣ олими америкоӣ С.Фокс мебошад. Ў муддати тўлонӣ ба омўзиши имконияти ҳосилшавии пептидҳо дар шароити аввалини Замин сару кор дошт. Агар омехтаи аминокислотаҳоро дар шароити мўътадил ё дар муҳити инертӣ то ҳарорати 180 – 2000 С гарм кунем, реаксияи таҷзия ба амал омада дар натиҷа олигомерҳои начандон калони мономерҳояшон бо банди пептидӣ пайвастбуда ва миқдори ками полипептидҳо ҳосил мешавад.

Агар ба омехтаи аввалини аминокислотаҳо кислотаи аспарагин ва глутамин илова карда шавад, миқдори полипептидҳо меафзояд. Массаи молекулавии полимерҳои бо ин усул ҳосилшуда ба якчанд ҳазор Дальтон (Д) баробар аст (Дальтон воҳиди ченаки масса, миқдоран ба массаи як атоми гидроген 1,67х10-24 г баробар мебошад).

Полимерҳое, ки бо роҳи гармӣ аз аминокислотаҳо гириф та мешуданд, протеиноидҳо буда, онҳо бисёр хосиятҳои биополимерҳои протеинмонандро зоҳир мекарданд. Аммо бо усули ҳароратӣ дар мавриди ғализшавӣ (конденсатсия)и нуклеотидҳо ва моносахаридҳои сохторашон мураккаб ҳосил гаштани кислотаҳои нуклеинат ва полисахаридҳои ҳозир маълум буда, аз эҳтимол дур аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …