Главная / Без рубрики / Нахи зағир ва матоъ аз он

Нахи зағир ва матоъ аз он

Зағир растании яксола буда, ватанаш Миср мебошад. Зағирро бисёртар дар Россия ва дар республикаи мо ҳам мекоранд ва ин нах бисёр шўҳрат пайдо кардааст. Нахи зағирро бисёртар тиллои русҳо ё матои шоҳӣ рус ҳам меноманд. Матоъҳои зағиринро савдогарон бисёртар то ҳатто дар Ҳиндустон ба фурўш мебароварданд.

matoi-zagiri

Барои гирифтани нахи зағир онро бо комбайни зағир дарав медараванд ва дар ваннаҳои махсус тар карда зағиркўб мекунанд, тит ва ғоз медиҳанд. Аз матоъҳои зағири либос медўзанд, дастархон, сачоқҳо, рўйшакҳо (покривало) ва ғ., ки бисёртар дар матоъҳои зағирин гулдўзи намудҳои гуногуни кашидадўзиро истифода мебурданд. Нахҳояш дароз мутҳькам ва тобовар баландиаш то 800-1200 мм буда, аз ҳар яке он то 350-650 мм нахҳо гирифта мешавад.

Вақтҳои охир ба нахҳои зағир нахҳои сунъӣ ва синтезӣ ҳамроҳ карда, лавсанҳьосил мекунанд барои ғичимшави матоъро кам кардан бисёрии вақт бо нахҳои пахтагин омехта мекунанд, ки асосаш аз пахта буда, пудаш аз зағир мебошад.

Дар вақти сўхтани нахи зағир бо алангаи зард месўзад, бўи сўхтагии қоғаз меояд ва он дуд мекунад бинобар ин баъди сўхтан ба хокистар табдил меёбад.

Хислатҳои шифобахши зағир. Пӯшидани либоси зағирпоягӣ ҳарорати баданро дафъ, арақи баданро кам ва хушк мекунад, барои иллатҳои қӯтур, хориши бадан ва варами сахт фоида дорад.

Ин яке аз либосҳои одамони гарммиҷоз аст. Агар хоҳ нахашро ва хоҳ гиёҳашро сӯхта бипошанд, хуни равони ҷароҳатро манъ мекунад ва захми онро бо ҳам меоваранд ва сиҳат мебахшад.

Нақшаи коркарди зағир

Технологияи тайёр кардани нахи зағир Барои ҳосил кардани нахи зағир якчанд амалиётҳоро иҷро менамоянд:

  1. Ғунучини растании зағир
  2. Тар кардани пояҳои зағир
  3. Истеҳсоли коркарди аввала ва тайёркунӣ
  4. сехи коркарди хушккунӣ
  5. сехи коркарди пахш ва тит кардан
  6. сехи коркарди ғоз додан
  7. Ресидан ва ҳосил кардани нах
  8. Истеҳсоли бофандагӣ
  9. сехи коркарди сафедкунӣ
  10. сехи коркарди ранг дарорӣ
  11. сехи коркарди нақш дарорӣ

Истеҳсолоти бофандагӣ дар дастгоҳи бофандагӣ намуди гуногуни бофтанро кор карда мебароад. Дар вақти бофтан тартиби муайяни бофиш кор карда, риштаҳои асосӣ баъзан аз боло баъзан аз поён барқади ва бофиши иҷро мешавад. Баъди ҳар як, ду, се ва зиёд аз он тартиби бофтан такрор мешавад. Адади камтарини риштаҳо баъд аз тартиботи бофтан такрор шавад онро раппорт меноманд. Дар матоъ бо риштаҳо фарқ мекунад бо барқади асос ва ба кўндалангӣ.

Бофиши матоъ як чанд хел мешаванд, аз ҳамма оддиаш катонӣ сарҷагӣ, сатинӣ, атласӣ, мураккаб нобофта ва ғайра. Бофиши катонӣ бофиши оддӣ, мебошад. Дар он риштаи кўндалангӣ бо риштаи асосӣ байни ҳам бофта мешавад, ҳамчун бо шарти ҷойгиршави

тайёр шуда, аз ҷумла баъзе пашмин (мўйна), абрешимӣ ва матоъҳои шоҳмот. Рўйи сатҳи матоъ силиқ, ҳамвор, намоён тарафи рости ва чаппи матоъ як хела менамояд худи матоъ мустаҳкам аст. Ба бофтани қанотӣ бисёр матоъҳои пахтагин дохил мешавад. – чит, бўмазию патисӣ мадаполам, матоъи як ранг бо риштаи тайёр шуда, аз ҷумла баъзе пашмин (мўйна) абрешимӣ ва матоъҳои штапели бофиши матоъ канотиро дар вақти аз назар гузаронидани дока дида мешавад.

Матоъҳои бо бофиши сарҷагӣ аз матоъҳои бофиши катонӣ аз намуди беруни ки дар онҳо нағз дида мешаванд рахҳои уреби ҷойгир шуда аз чап ба рост фарқ мекунад. Ин хел бофишҳо дар матоъҳои абрешимин ва пашмин дида мешавад, матоъҳои бо бофиши сатинӣ аз намуди берунаш тез фарқ мекунад, чунки сатҳи тарафи росташ силиқ, ҳамвор ва бо ҷило бофта мешавад, матоъҳои пашминӣ (сатин) ва абрешими (атлас) ва матоъҳои астарӣ.

Бофиш атласӣ аз сатинӣ бо он фарқ мекунад ҷойгиршавии риштаҳои тарафи чап ва роста мешавад.

Сохтани апликатсия

Таҷҳизот ва асбобу анҷом: Матоъпораҳои пахтагин, зағирин, якранг, гулдор ва рангоранги бо нусха ва нақшаҳои гуногун, ҷадвал, қалам, қайчӣ, синтефон, ширеш (ПВА, флизилин), дарзмол, қоғаз ва ғайра.

Тартиби кор: расми қаҳрамонони афсонавӣ ё интихобӣ.

  1. Интихоби расм барои сохтани апликатсия. Муайян кардани расм ва андозаи расм якеаш санҷишӣ дигараш барои буридани ҷузъҳо.
  2. Аз қоғаз буридани расме, ки андозааш калонтар бошад, ки он асос мешавад. Ба асос расми санҷиширо гузошта варақи дуюм ҷузъҳои алоҳидаро бурида бо асос мувофиқат мекунонем.
  3. Матоъро интихоб карда рангҳои баландро ҷудо мекунем ва ба ҳар як ҷузъаш матоъро мувофиқ мекунем.
  4. Ҷузъҳои деталро ба матоъ ба тарафи росташ гузошта бо қалам рӯдавон мекунем ва онро мебурем. Шумо метавонед ҷузъҳои интихобкардаро ба рӯи қоғаз ё матоъ бо флезилин гузошта, дарзмол карда, баъд изофааш бурида, ба ҷои расми дар асос буда гузоред.
  5. Қисми тайёршударо бо ширеш пайваст кунед.

 Инро дар хотир доред

Пеш аз иҷрои кор ҷузъҳои дар расм буда аҳамият диҳед дар куҷо, чӣ хел ҷойгиршавии ҷузъҳоро муаян намоед. Аз ҳар як ҷузъҳои бурида дутогӣ тайёр кунед якеаш барои қолаб дигарашро дар асос гузоред.

Қолабҳои аз қоғаз тайёршударо ба рўи матоъ гузошта буред ва ба асос онро гузошта ширеш намоед.

Ҷузъҳои буридашудаи расмро чаппа гузоштан мумкин нест, зеро ба нақшаи асос мувофиқат намекунад.

Намудҳои апликатсия аз матоъ

а) намунаи расмҳо барои сохтани қолаби апликатсия

б) намунаи апликатсияи сохташуда бо расмҳои қаҳрамонони афсонавӣ

 ?Савол ва супориш:

  1. Доир ба нахҳои пахтагин ва зағирин маълумот диҳед.
  2. Тарзи сохтани апликатсияро гуфта диҳед.
  3. Апликатсия аз матоъ ба рўи қоғаз дар соати амалӣ интихобӣ як намудро иҷро намоед.

 

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …