Главная / Илм / Наъти Сипандии Самарқандӣ

Наъти Сипандии Самарқандӣ

Ё ман ҳадайта кулла залилан ила-л-ҳудо,
Қад сора мунҷиян бика ман кона иқтидо,
Маҳбубу баргузидаи шоистаи Худо,
Бодо ҳазор ҷони гиромӣ туро фидо.
Бар ҷумла буд шаръи шарифи ту муқтадо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Муҳаммадо.

Аз мусҳафи ҷамоли ту «Ва-ш-шамс» ояте,
«Шаққу-л-қамар» зи абрӯи нозат ишорате,
«Мо зоғ» аз ду наргиси мастат ҳикояте,
«Лавлок» аз фазоили зотат ривояте.
Эй садру бадри ҳар ду ҷаҳон, мазҳари худо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Муҳаммадо.

З-он рӯ, ки улвӣ мартабаи эҳтироми туст,
Дар арсаи «Дано фа тадалло» мақоми туст,
Арши барин пиёда чунин зери гоми туст,
Дар ҳар ду кавн сиккаи давлат ба номи туст.
Ту подшоҳи Ясрибу Батҳову мо гадо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Муҳаммадо.
Мо умматони русияҳу дилҳазини ту,
Мақҳур гаштаем ба аъдои дини ту,
Бар хоки остони чу Арши барини ту,
Уммедвор аз дари лутфи мубини ту.
Ҳаргиз мабод дил зи раҳи  суннатат ҷудо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Муҳаммадо.

Дар раҳгузори оташи сӯзанда чун хасе,
Афтодаем музтару ҳайрон зи бекасӣ,
Дидем зулму ҷабру ҷафову ситам басе,
Шoҳo, чӣ мешавад, ки ба фарёди мо расӣ.
Мо оҷизон бар шаръи ту кардем ҷон фидо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Муҳаммадо.

Дар ин замона сифла ба авҷи ғано расид,
Арбоби иззу ҷоҳ ба ранҷу бало расид,
Зоҳид зи роҳи зуҳд ба ҳадди фано расид,
Фосиқ зи рӯйи фисқ ба нашъунамо расид.
Ислом шуд ғариб, куҷоӣ, ту Аҳмадо?
Динат заиф шуд, мададе, ё Муҳаммадо.
Доно залилу мардуми нодон ба иззу ноз,
Булбул хамушу зоғ ба гулшан суханфароз,
Ноасл дар фароғату содот дар гудоз,
Кам монд дар миёни касу нокас имтиёз.
Хатми русулу ҳодии кулл, раҳбари Худо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Муҳаммадо.
Сад раҳмати Худои ба ёрони поки ту,
Бар зоирони сурмакаши гарди хоки ту,
Бар умматони русияҳу синачоки ту,
Бар ошиқони дидатару дардноки ту.
Эй раҳнамои роҳи ҳақу маслаки худо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Муҳаммадо.

Ҳайҳот, ман киву зи камолат баёни ман,
Лоиқ ба наъти поки ту набвад забони ман,
Лекин фитод оташи шавқат ба ҷони ман,
Дар нола шуд, Сипанд, ҳама устухони ман.
Дил бехудона кард ба ёдат чунин нидо:
Динат заиф шуд, мададе, ё Муҳаммадо.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …