Главная / Гуногун / Наъти шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ

Наъти шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ

Хуш раҳматест, ёрон, салавот бар Муҳаммад,
Гӯем аз дилу ҷон салавот бар Муҳаммад.
Гар муъминиву содиқ, бо мо шавӣ мувофиқ,
Кӯрии ҳар мунофиқ, салавот бар Муҳаммад.
Дар осмон фаришта, меҳраш ба ҷон нишаста,
Бар Арш хуш навишта, салавот бар Муҳаммад.
Салавот агар бигӯӣ, ёбӣ ҳар он чӣ ҷӯӣ,
Гар ту зи хайли ӯӣ, салавот бар Муҳаммад.
Эй нури дидаи мо, хуш маҷлисе биёро,
Мегӯ хушӣ Худоро, салавот бар Муҳаммад.
Монанди гул шукуфтем, дурри латиф суфтем,
Хуш ошиқона гуфтем: «Салавот бар Муҳаммад».

Валлоҳ, ки дидаи ман аз нури ӯст равшан,
Ҷони ман асту ман тан, салавот бар Муҳаммад.
Гуфтем бо дилу ҷон бо ошиқони гирён,
Шодии рӯйи ёрон, салавот бар Муҳаммад.
Гӯям дуои Сайид, хонам санои Сайид,
Ҷонам фидои Сайид, салавот бар Муҳаммад.
Хуш гуфт Неъматуллоҳ, рамзе зи «Лӣ мааллоҳ»,
Хуш гӯ ба ишқи Аллоҳ, салавот бар Муҳаммад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …