Главная / Гуногун / Наъти Мулло Маҳмуди Рашнагӣ

Наъти Мулло Маҳмуди Рашнагӣ

Ҳамду лиллаҳ сарви раъно лоларухсор омадаст,
Дар мақоми дилбарӣ сархайли аброр омадаст.
Васфи Субҳонаш бувад ҳам раҳматан ли-л-оламин,
Рузи маҳшар бо ливои сабзи Саттор омадаст.
Ғам чаро бояд, ки созад хотири уммат ҳазин,
Ҳам ба аввал, ҳам ба охир соҳиби кор омадаст.
Афзалини анбиёву хатми ҷамъи мурсалин,
Ваъдаи «ло тақнату» бар дасти Мухтор омадаст.
Шофеи явмулҷазо, ҳам дастгири осиён,
Соҳиби ҷанноти адну ҷӯю анҳор омадаст.
Дорам уммеди шафоат з-он шаҳи соҳибқирон,
Раҳм кун, эй Ҳошимӣ, Маҳмуд гунаҳгор омадаст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …