Главная / Гуногун / Наъти Мавлоно Муинии Ҳиравӣ (paҳ)

Наъти Мавлоно Муинии Ҳиравӣ (paҳ)

Дар ҷон чу кард манзил ҷонони мо Муҳаммад,
Сад дар кушод дар дил аз ҷони мо Муҳаммад.
Мо булбулем нолон дар гулситони Аҳмад,
Мо лӯълӯему марҷон, уммони мо Муҳаммад.
Мустағрақи гуноҳем, ҳар чанд узрхоҳем,
Пажмурда чун гиёҳем, борони мо Муҳаммад.
Аз дарду захми исён моро чӣ ғам чу созад,
Аз марҳами шафоат дармони мо Муҳаммад.
Имрӯз хуни ошиқ дар ишқ агар бадар шуд,
Фардо зи дӯст хоҳад товони мо Муҳаммад.
Мо толиби Худоем, бар дини Мустафоем,
Бар даргаҳаш гадоем, султони мо Муҳаммад.
Аз умматони дигар мо омадем бартар,
В-онро, ки нест бовар бурҳони мо Муҳаммад.
Эй обу гил, суруде в-эй ҷону дил, дуруде,
То бишнавад ба Ясриб афғони мо Муҳаммад.
Дар боғу бӯстонам дигар махон, Муинӣ,
Боғам бас аст Қуръон, бӯстони мо Муҳаммад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …