Главная / Маданият ва санъат / Наъти Маҳзунии Рашнагӣ (paҳ)

Наъти Маҳзунии Рашнагӣ (paҳ)

Эй офтоби рӯят рашки гули тар омад,
Аз қоматат хиҷолат сарву санавбар омад.
Дар восифи ҷамолат «Ва-ш-шамс»-у «Ва-з-зухоҳо»,
Андар сифоти мӯят «Ва-л-лайл»-у анбар омад.
Шуд рутбаат, ки боло, фарши ту Арши аъло,
Асрори Ҳақ таоло бо ту муяссар омад.
Аввал зи толибон, сархайли ошиқонат,
Фозил зи умматонат Сиддиқи акбар омад.
Дуввум, ки гашт ёрат, Форуқи даррадорат,
Биншаст бар ясорат, куффор абтар омад.
Баъд аз Умар, ки Усмон ёри Ҳабиби Ҳақ шуд,
Бар саҳфаи китобат маҷмӯи дафтар омад.
Чорум, ки Муртазо буд, амзоди Мустафо буд,
Кони саховату ҷуд, соқии Кавсар омад.
Шери Худост Ҳайдар, Дулдулнишину сафдар,
Барканд боби Хайбар, қотили Антар омад.
Бо наъра кард яксон он қалъаи Муқотил,
Вирди забони он шаҳ «Аллоҳу акбар» омад.
Маҳзун, гузашт даврон, рафтанд ҳамнишинон,
Аз карда шав пушаймон, умри ту бар cap омад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …