Главная / Гуногун / Наъти Эшони Имлои Бухорӣ (paҳ)

Наъти Эшони Имлои Бухорӣ (paҳ)

Дар вақти субҳгоҳон бӯйи Муҳаммад омад,
Андар машоми мардон бӯйи Муҳаммад омад.
Рафтам ба сӯйи бустон, гулҳо шукуфта дидам,
Аз ҷониби гулистон бӯйи Муҳаммад омад.
Ҳар субҳидам бинолам дар хонақоҳу масҷид,
Аз оҳи субҳхезон бӯйи Муҳаммад омад.
«Ва-ш-шамс» васфи рӯяш, «Ва-л-лайл» наъти мӯяш,
Аз сураҳои Қуръон бӯйи Муҳаммад омад.
“Тоҳо” бихону “Ёсин” в-он гаҳ бигӯй омин,
Аз зикри исми Раҳмон бӯйи Муҳаммад омад.
Ин ҳашт дар кушода дар интизори Ҳазрат,
Аз боргоҳи Ризвон бӯйи Муҳаммад омад.
Шукри Худо ҳазорон, чандин ҳазор борон,
Аз мулкати Бадахшон бӯйи Муҳаммад омад.
Тӯфони Карбалоро гирди Ҳусайн дидам,
Аз нолаи имомон бӯйи Муҳаммад омад.
Имло бизан ту худро дар сӯҳбати ғарибон,
Аз сӯҳбати ғарибон бӯйи Муҳаммад омад.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …