Главная / Гуногун / Наъти Иброҳими Наққош

Наъти Иброҳими Наққош

Чу «Мо зоға-л-басар» дар восифи чашми хумор омад,
Рухаш бо зевари «Ва-ш-шамс» рашки сад баҳор омад.
Дигар «Ва-л-лайл»-у анбар дар сифоти ҳалқаи мӯяш,
Муаттар гашта аз бӯяш раёҳин шармсор омад.
Ба фарқаш афсари «Тоҳо», ба дӯшаш хилъати «Ёсин»,
Ба мулки ҳар ду олам босазо ӯ шаҳриёр омад.
Ҳамон Сиддиқи ёрашро, нахустин роздорашро,
Ба пойи нозук андар ғори тира неши мор омад.
Умар бо зарби дарра карда беҷон ҷисми фарзандаш,
Зи адлаш дар миёни умматонаш бовиқор омад.
Дигар Усмони Зиннурайни бо ҳилму ҳаёро бин,
К-аз ӯ дар сафҳаи маҷмӯа қавли Кирдгор омад.
Алиро шери Аллаҳ дон, ба Аҳмад ёри огаҳ дон,
Мусаххар мулкати Қаҳқаҳ ба зарби Зулфиқор омад.
Ба ангуште биканд аз бун ҳамон дарвозаи Хайбар,
Ба ёрии Муҳаммад Ҳазрати Дулдулсавор омад.
Худоё, бахш иқболам, ба даргоҳи Ту менолам,
Ки Наққош чун ғуборе бар дарат уммедвор омад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …