Главная / Маданият ва санъат / НАСЛҲОИ МЭҲ (Компютер)

НАСЛҲОИ МЭҲ (Компютер)

Дар баробари бо суръати бениҳоят баланд зиёд шудани миқдори компютерҳо, худи онҳо низ зуд мукаммал гардонида мешуданд. Мошинҳои электронии ҳисоб-барорро вобаста аз базаи элементӣ, зудкорӣ, ҳаҷми хотира, маҷмўи командаҳо ва архитектураашон ба наслҳо ҷудо мекунанд. Компютерҳои мавҷударо шартан ба чор насл ҷудо мекунанд. Имрўзҳо барои сохтани компютерҳои насли панҷум низ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

komputeri-kuhnaЧи хеле ки қайд карда шуд, ба наслҳо ҷудокунии мошинҳои электронии ҳисоббарор амали хеле шартӣ аст. Масалан, компютер метавонад, ки аз рўи базаи элементиаш ба як наслу аз рўи хосиятҳои сохторӣ ва имкониятҳояш ба насли дигар дахл дошта бошад. Ба характе-ристикаҳои аз ҳама асосии МЭҲ зудкорӣ ва ҳаҷми хотираи фаврӣ дохил  мешаванд. Зудкорӣ – бо миқдори миёнаи амалҳои мошинии дар як сония иҷрошаванда баҳо дода мешавад. Ҳаҷми хотираи фаврӣ – бо миқдори калимаҳои мошинӣ (тақрибан разряди дуйӣ) чен карда мешавад. Ҳоло ба таври мухтасар дар бораи наслҳои МЭҲ маълумот медиҳем:

НАСЛИ ЯКУМ (солҳои 40-50). Базаи элементӣ – лампаҳои электронӣ, зудкорӣ – тақрибан 100 амал/с, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 100 калима, реҷаи истифодабарӣ – монополӣ: захираҳои мошинӣ (хотира, таъминоти программавӣ ва таҷҳизотии компютер) ва идоракунии он дар ихтиёри як шахс, навишти программа – забони мошинӣ (коди дуӣ).

НАСЛИ ДУЮМ (солҳои 50-60). Базаи элементӣ – тран- зисторҳо, зудкорӣ – тақрибан 10 000 амал/с, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10 000 калима, ҳаҷми хотираи берунӣ (дискҳо ва лентаҳои магнитӣ) – тақрибан 10 млн. калима, реҷаи истифодабарӣ – коркарди пакетӣ, навишти программа – забонҳои алгоритмӣ.

НАСЛИ СЕЮМ (солҳои 60-70). Базаи элементӣ – схемаҳои интегралии калон, зудкорӣ – тақрибан 10 млн. амал/с, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10 млн. калима, ҳаҷми хотираи берунӣ – тақрибан 10 млрд. калима, усули истифодабарӣ  реҷаи вақти тақсимкардашуда бо коркарди пакетӣ.

ЭЗОҲ:

Реҷаи вақти тақсимкардашуда гуфта реҷаеро мегўянд, ки мувофиқи он компютер дар як вақт аз рўи порсияҳо (ҳиссаҳои муайяни вақти хеле хурд) дар ҳалли якчанд масъалаҳо иштирок менамояд.

НАСЛИ ЧОРУМ (аз солҳои 70-ум). Базаи элементӣ  схемаҳои интегралии аз ҳад калон. Хусусияти фарқкунандаи мошинҳои ин насл – миқдори хеле зиёди таҷҳизоти коркарди информатсияи ба таври параллелӣ коркунанда ва мавҷуд

будани элементҳои архитектураи нави МЭҲ. Дар се насли аввалаи МЭҲ асосан архитектураи анъанавии фон Нейман истифода бурда шуда буданд. Дар сохтори компютерҳои ин насл алоқаи зичи қисмҳои техникӣ ва программавӣ ҷорӣ карда шуд. Зудкорӣ – тақрибан як млрд. амал/с, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10 млрд. калима. Усули кор – истифо-дабарии шаклҳои шабакавӣ ва алоҳидаи компютерҳо.

НАСЛИ ПАНҶУМ. Лоиҳаҳои мошинҳои ин насл дар зинаи амалишавӣ мебошанд. Вале аллакай аз ин лоиҳаҳо ва нусхаҳои таҷрибавии компютерҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки дар ин ҷо зудкорӣ бо хулосабарориҳои мантиқӣ омехта гардонида мешаванд. Усули истифодабарӣ – диало-ги байни истифодабаранда ва МЭҲ бо забони муқаррарии одамӣ. Фанни программасозӣ ҳамчун илм дар оянда барои истифодабарандагони МЭҲ аҳамияти актуалии худро гум мекунад. Дониши дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон ғункардашуда, дар хотираи компютер дар шакли базаи донишҳо ва маълумотҳо нигоҳ дошта мешавад. Саҳми коғаз ҳамчун барандаи информатсия хеле коҳиш меёбад.

Тасвири наслҳои МЭҲ-ро ба поён расонида, хотиррасон менамоем, ки тараққиёти бошиддати техникаи ҳисоббарорро синфи масъалаҳое муайян месозанд, ки онҳоро илми муосир пешниҳод намудааст. Компютер низ, дар навбати худ, ба соҳаҳои тадбиқи худ таъсири бевосита мерасонад. Техникаи кайҳонӣ, энергетикаи атомӣ, лоиҳакашии объектҳои мукаммалтарини базаи информат сия ва донишро бе итифодабарии компютер тасаввур кардан амри маҳол аст. Амалан майдони тадбиқи компютер ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон буда, он доимо такмил ва фарох мегардад.

Саволҳо:

  1. Компютерҳоро аз рўи кадом характеристикаҳояшон ба наслҳо ҷудо менамоянд?
  2. Чанд насли компютерҳоро медонед?
  3. Фарқи реҷаи истифодабарии компютерҳои насли дуюм аз якум дар чист?
  4. Хусусияти фарқкунандаи компютерҳои насли чорум аз дигар наслҳо дар чист?
  5. Оё насли панҷуми компютерҳо вуҷуд дорад ё не? Компютерҳои ин насл чӣ гуна компютерҳоянд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Характеристикаҳои умумии наслҳои компютерҳоро дар шакли таблитса тасвир намоед.
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

duo-003

Хосияти дуои «Укоша»

Хосияти дуои «Укоша» Ба воситаи ин дуо бандаи гунаҳгор аз тақсироти номаълуми хеш тоиб[1] мегардад. …