Главная / Илм / НАСИҲАТҲОИ МЎСО ПАЙҒАМБАР /АЗ БИБЛИЯ/1

НАСИҲАТҲОИ МЎСО ПАЙҒАМБАР /АЗ БИБЛИЯ/1

Ва Мўсо ва пирони Исроил ба қавме амр фармуда, гуфтанд: “Тамоми аҳкомеро, ки ман имрўз ба шумо амр мефармоям, риоя намоед.

Агар касе писари саркаши беитоате дошта бошад, ки сухани падар ва модари худро нашунавад ва ҳар чанд варо ҷазо диҳанд ба онҳо гўш наандозад, бигузор падар ва модараш варо гирифта назди пирони шаҳраш ба дарвозаи маконаш берун оранд ва ба пирони шаҳраш гўянд: “Ин писари мо саркаш ва беитоат аст, сухани моро намешунавад, пурхўр ва майзада аст”.

muso

Ва бигузор варо тамоми мардуми шаҳраш сангсор кунанд, то ки бимирад ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод ва тамоми Исроил инро шунида, ҳаросон хоҳанд шуд.

Қиссаҳо аз матнҳои динӣ фақат ба хотири шиносои бо онҳо оварда мешаванд. на чун далели илмӣ ва таърихӣ.

Вақте ки гови бародари худ ё гўсфанди ўро бубини, ки роҳро гумм кардааст, набояд аз онҳо рўй гардонӣ, онҳоро ҳатман ба бародари худ баргардон ва агар бародари ту дар наздикии ту набошад, ё ўро нашиносӣ, онҳоро ба хонаи худ биёр ва бигузор онҳо назди ту бошанд, то даме ки бародарат онҳоро талаб кунад ва он гоҳ ба ў баргардон.

Агар марде ёфт шавад, ки бо зани шавҳардор хобида бошад, бигузор ҳар дуяшон ба қатл расонида шаванд.

«Ҳаромзода наметавонад ба ҷамоати Худованд дохил шавад, ҳатто насли даҳуми вай наметавонад ба ҷамоати Худованд дохил шавад».

“Малъун бод касе, ки падару модари худро хорӣ диҳад!”

“Малъун бод касе, ки марзаи ёри худро вайрон кунад!”

“Малъун бод касе, ки нобиноеро дар роҳ ба иштибоҳ андозад!”

“Малъун бод касе, ки бо чорпо биҳобад!”

“Малъун бод касе, ки бо хоҳари худ, яъне бо духтари падари

худ бо духтари модари худ бихобад!”

“Малъун бод касе, ки ёре дар пинҳонӣ бикушад!”

“Малъун бод касе, ки ришва гирад то ки ҷоне нобуд гардида хунаш бо ноҳақ рехта шавад!”

“Малъун бод касе, ки суханони ин шариатро ба ҷо наоварад ва бар тибқи он амал накунад!”

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …