Главная / Маданият ва санъат / Насихат кардан ва амри маъруф ва наҳйи мункар

Насихат кардан ва амри маъруф ва наҳйи мункар

Насихат кардан ва амри маъруф ва наҳйи мункар

Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар касе бипӯшад ва пинҳон дорад илмеро, ки ӯ дошта бошад ва ба мардумон панду насиҳат накунад, рӯзи қиёмат лаҷоме аз оташи дӯзах бар сари вай кунанд.

Агар як инсон ба илми ту ё ба насиҳати ту роҳи рост ёбад, беҳтар бувад мар туро аз он ки ҳама шутурони сурхмӯи дунё туро бошанд. Аммо носиҳ бояд, ки аввал нафси худро насиҳат кунад ва панд диҳад, агар аз вай( қабул кунад, он гоҳ ба насиҳати дигарон машғул гардад.

Олимон ва носиҳон се гурӯҳанд. Як гурӯҳ офтобсифатанд ва гурӯҳе шамъсифат ва як гурӯҳ монанди чӯби тути таранд бар оташ, ки на худ месӯзанду на касе аз сӯхтани онҳо истифода мебарад.

Онон, ки офтобсифатанд онҳоеанд, ки мақсади онҳо шӯҳрат пайдо кардан ва овозаи мардум набошад. Мақсади онҳо он бувад, ки бандагони Худои таъоло аз суханони онҳо роҳи рост ёбанд ва ба роҳи рост бошанд, инчунин олимон офтобсифатанд, ки оламе аз онхо нуронӣ мегардад ва онҳо камёбанд. Аммо онҳо, ки шамъсифатанд, онҳоеанд, ки мақсади онҳо аз ваъз гуфтан эътикоди оммаро ба сӯи худ ҷамъ кардан ва мансаб талабидананд ва ба он шодмон ва хуррам мебошанд. Агар ин зумра аз ту ҳурмат наёбанд, дилгир ва малӯл мегарданд. Онҳо чун шамъ дар сӯхтананд, ки дигарон аз равшании он истифода мебаранд. Ва онҳо аз илми худ бебаҳра мемонанду ғайр аз машаққату заҳмат кашидан фоидае намебинанд.

Онҳое, ки бар мисли чӯби тути таранд, онҳоеанд, ки на илм доранд ва на нияти некӯ.

Он ҷоҳилнамоёне, ки роҳзани халқ ҳастанду душмани Худой, зоҳири худро мушобеҳи уламо сохта, аз камҳимматӣ ба таҳсили илм напардохта, аз маркаби илм ва амал пиёда мондаанд. Онон далел бар китоби форсӣ ронда, калимоти ҳархеларо дастрас сохта, хатову савоб аз якдигар нашинохта. асоси кор барои тамаьу талаби дунё мекунанд. Инчунин олимонро ташбеҳ ба чӯби тути тар кардаанд, ки чун бар оташ ниҳӣ, дуд кунад ва бад сӯзад. Онҳо низ худ дар сӯхтананд ва мардум аз дасти тамаъи онҳр дар заҳматанд. Онҳоро истиҳқоқи он нест, ки сухани Худованд ва Расули ӯ гӯянд, зеро ки касби улум накардаанд ва ба ҳилла донишманд шудаанд. Дуруст гуфтаанд, ки олими беамал чун дарахти бебар аст ва зоҳиди беилм чун хонаи бе дар.

Расули акрам (с) фармуданд, ки рӯзи қиёмат мардеро биёранд, фармон шавад, то ӯро ба дӯзах андозанд. Рӯдаҳо аз шиками вай берун ояд. Аҳли дӯзах ӯро гӯянд: – эй фалонӣ, чӣ шудааст туро? Он набудӣ, ки амри маъруф ва наҳйи мункар мекардӣ? Чӣ чиз туро бад-ин ҳол гирифтор кард?

Ӯ гӯяд: – Бале, он будам, ки мардумонро ба некӯӣ мефармудам, аммо худ намекардам ва аз бадӣ манъ мекардам ва худ мекардам.

Пас эҳтиёт бояд кард аз ҳақ гуфтан ва аз ҳақ расонидан хомӯш набояд буд, магар ба узри шаръӣ, ки донад аз вай қабул нахоҳанд кард. Агар донанд, ки амри маъруфро аз вай қабул мекунанд, воҷиб аст, ки амри маъруф ва наҳйи мункар кунад ва агар донад, ки амри маъруф ва наҳйи мункарро қабул намекунанд, воҷиб аст, ки нагӯяд.

Ҳикоят. Нақл аст, ки Ҳақ Таъоло амр кард фариштаеро ба ҳалоки аҳли шаҳре, ки фасод дар миёни онҳо зоҳир шуда буд. Он фаришта дар миёни онҳо як дӯсти Ҳақ дид Муноҷот кард, ки Худовандо, ту донотарӣ, ки як бандан шоиста аст туро дар миёни онҳо. Чӣ фармоӣ, бо вай чӣ кунам?

Фармон расад, ки аввал ӯро ҳалок кун, он гоҳ дигаронро, ки ҳаргиз як бор бар онҳо ғазаб нагирифт аз барон ман, онҳоро амри маъруф ва наҳйи мункар накард ва ба онҳо шишту хез  мекард.

Расули акрам (с) фармуданд, ки мисли касоне, ки амри маъруф ва наҳйи мункар мекунанд ва касоне, ки тарки амри маъруф ва наҳйи мункар мекунанд, ҳамчун масали қавме аст, ки мехоҳанд дар киштӣ савор шаванд ва аз дарё гузаранд. Дар киштӣ даромада, баъзеашон дар ошёнаи поён ҷой мегиранд ва баъзеашон дар ошёнаи боло. Онҳое, ки дар ошёнаи поёнанд, мегӯянд, ки ҳар боре, ки моро об даркор шавад, бояд, ки ба ошёнаи боло равем ва аз дарё об гирем. Мебояд киштиро сӯрох кунем ва аз ҳамин ҷо об гирем.

Онҳое, ки дар ошёнаи болоанд, агар дасти онҳоро нагиранд ва онхоро манъ накунанд, ҳам инҳо ва ҳам онҳо ҳама ҳалок шаванд. Ва агар онҳоро манъ кунанд ва нагузоранд, ки киштиро сӯрох кунанд, ҳама аз ҳалокат бираҳанд. Пас набояд  танҳо дар халосии худ, балки дар халос ва наҷоти бандагони Ҳақ бояд кӯшид. Ҳақ Таъоло уммати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро беҳтарин умматон гардонид ба сабаби амри маъруф ва наҳйи мункар.

Расули акрам (с) фармудаид, ки аҳли биҳишт саду бист саф бошанд. Ҳафтод сафи он аз умматони ман бошад ва чиҳил саф аз умматони Пайғамбарони дигар.

Дар тафсир меорад, ки Худованди таъоло қаламро биофарид, пас фармон кард, ки, эй қалам, бинавис ҳамаи маълумотро дар лавҳи маҳфуз. Қалам дар кор даромад ва менавишт муқаддарот ва маълумотро. Фармон омад, ки, эй қалам, бинавис, ки умматоне Пайғамбари худро дурӯғгӯ шуморанд, онҳоро ба боди сард ва сахт халок гардонам. Ва умматоне Пайғамбари худро итоат накунанд, ба онҳо санг боронам. Ва ҳамчунин як-як умматонро фармон меомад, то менавишт. Баъд аз он фармон расид, ки, эй қалам, бинавис, ки умматоне бошанд бо умрҳои кӯтоҳ, бо вуҷуди кӯтоҳии умр гуноҳони бисёр кунанд ва моро ба хилофи фармон биёзоранд ва уммати Пайғамбари охируззамон бошанд. Қалам тарсон гашт, ки то чӣ азоби сахт дар ҳаққи онҳо фармон расад. Хитоб омад, ки, эй қалам, бинавис, ки онҳо бандаи гунаҳгор ва ман Парвардигори омурзгорам. Қалам чун ин хитоб бишунид, аз ҳайрат шак шуд, яъне кафид ва шаки қалам аз он ҷост.

Илоҳо, ба ҳурмати дӯстони худ моро аз хории дунё ва охират нигоҳ дор.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …