Главная / Гуногун / Нақшбандия – равия дар Ислом

Нақшбандия – равия дар Ислом

Нақшбандия – силсилаи шарифи тасаввуфии ҳанафии аҳли суннат ва /дар қатори 12 силсилаи ихвония/ ҷамоъат аст, ки дар байни ҳанафиёни Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст ва зикри шарифу таъбири маъруфи «Дил ба ёру даст ба кор»-аз шиори махсуси шайхони ин силсилаи шариф аст/

Асосгузори Нақшбандия – Ҳазрати Баҳоуддин Нақшбанди Бухорӣ /1314-1398/-фарзанди арҷманди миллати тоҷик буда, аз тоҷикони асил аст. Силсилаи мазкур намояндагони барҷастаи худро дорад, монанди Мавлоно Яъқуби Чархӣ (р), Хоҷа Алоуддини Аттор; Шоҳи Хомӯш-Мавлоно Низомиддини Хомӯш, Мавлоно Халифа Ҳасани Раштии Панҷекатӣ, Мавлоно Тоҷиддин (асри ХIV), Мавлоно Обиддин (асри ХIV), Ҳазрати эшони Сӯфӣ-Шайх Абдурраҳимхоҷа (Худгифӣ), Шайх Абдулҳайи Балогардон, Имом Раббонӣ-Муҷаддад Ал-фӣ Фонӣ, Сайид Бурҳониддини Қилич; Бобо Машраб (р), Мавлоно Ҷомӣ /1414-1492/, Навоӣ /1441-1501/, Ҳазрати Махдуми Аъзам-Хоҷа Аҳмади Косонӣ Ад-Даҳбедӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мирзо Улуғбек, Хоҷа Туғрали Аҳрорӣ, Мавлавӣ Ҷунунӣ-Сӯфӣ Сайид Қаландаршоҳи Валӣ ва ғайра. Пирони силсилаи нақшбандия, бино ба таърихи гузаштаи ин силсила ва аз рӯи эътирофи эшон Ҳазрати Расулуллоҳ /с/, Абӯбакри Сиддиқ /р/, Салмони Форсӣ (р), Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ, Абдулхолиқи Ғиждвонӣ /аз тоҷикони Ғиждивонӣ/, Хоҷа Азизи Ромитанӣ, яъне Ҳазрати Азизон, Сайид Амири Кулол, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Бобои Пири Самосӣ, Хоҷа Муҳаммади Порсо, Усмони Чархӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Юсуфи Чархӣ, Қутбулаброр Ҳазрати Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мавлавӣ Ҷунунӣ ва дигаронанд. Муҳаққиқони шинохтаи ин аҳли тариқат, дар мо устодон К.Олимов, А.Муҳаммадхоҷаев, М.Ҳазратқулов, А.Афсаҳзод ва Ҳоҷӣ Мулло Зайнуддини Набот мебошанд ва чанде дигар аз устодон, ки дар риштаи тасаввуф таҳқиқот бурдаанду мебаранд.

Аз шайхон ва уламои маъруфи ин тариқати шариф, метавон номи чанде аз кубароро ба мисли Шайх Мулло Шарифи Ҳисорӣ (падари собиқ Муфтии мусалмонони Тоҷикистон- Ҳоҷӣ Мулло Фатҳуллоҳи Шарифзодаи Шаҳиди Ҳанафӣ), Ҳазрати Бузургвор – Мавлавӣ Шайх Абдурраҳими Элокии Валӣ (1881-1947-муаллифи 12-асари илмӣ, дар тасаввуф), Ҳазрати Эшони Шайх Сайид Абдурраҳмонҷони Валӣ (вф.1991)  ибни Эшони Порсохоҷаи Валӣ (р), Ҳазрати Хоҷа Хайруллоҳи Валӣ (оромгоҳашон дар деҳи Арақчин), Ҳазрати Эшони Ҷандапӯш-Сайидхоҷаи Ремонии Анзобӣ, Эшони Мулло Абдурасули Питепии Яғнобӣ; Ҳазрати Эшони Сайид Нақшбандхони Валии Шингличӣ (асри ХIХ-ХХ), Ҳазрати Эшони Мулло Эшонҷони Фақеҳи Ҳанафии Раштӣ (Ғармӣ-ъалайҳирраҳма-вафоташон тобистони соли 2008)-и Нақшбандӣ; Ҳазрати Эшони Сайид Неъматуллохоҷаи Даҳбедии Ҳисори Шодмонӣ (р), Ҳазрати Эшони Шайх Пирмуҳаммади Валии Хатлонӣ (яъне маъруф бо номи Ҳазрати Махдуми Сангикулӯлаӣ (р) – аз деҳи Санги Кулӯла-оромгоҳашон дар даромадгоҳи чаҳорроҳаи ноҳияи Восеъ); пешвойи тариқат ва пири соликони сулуки нақшбандӣ – Ҳазрати Аллома-Мавлавӣ Эшони Махдуми Зубайдуллоҳҷон ибни Ҳазрати Бузургвор – Мавлоно Шайх Абдураҳими Элокии Валӣ; Муфтии мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳазрати Шайх Ҳоҷӣ-Қорӣ Амонуллоҳхон Неъматзода, Ҳазрати Мавлавӣ Эшони Мулло Маъруфҷон ибни Ҳазрати Эшони Аллома Махдуми Зубайдуллоҳҷони Валии Элокӣ; Ҳазрати Мавлавӣ Сайид Мулло Эшонҷон-мулаққаб бо Эшони Алломаи Регарӣ; Ҳазрати Эшони Сайид Темурхоҷаи Валии Сангмелаии Шаҳринавӣ; Ҳазрати Эшони Сайид Абдухон ибни Сайид Нақшбандхони Валӣ, Ҳазрати Эшони Сайид Мулло Абдулқуддус ибни Эшони Сайид Абдурраҳмонҷони Валӣ, Ҳазрати Эшони Мавлавӣ – Сайид Абдулвоҷид ибни Ҳазрати Эшони Сайид Абдурраҳмонҷони Валӣ; Ҳазрати Эшони Ҳоҷӣ Сайид Исмоилҷон ибни Ҳазрати Эшони Сайид Пирмуҳаммад Махдуми Сангикулӯлаии Хатлонӣ; Ҳазрати Мавлавӣ Эшони Ҳоҷӣ Сайид Абдуҷалилхоҷаи Даҳбедии Ҳисори Шодмонӣ ибни Ҳазрати Эшони Сайид Неъматуллоҳхоҷаи Даҳбедии Ҳисори Шодмонӣ (аз наводагони Ҳазрати Сайид Махдуми Аъзам-Хоҷа Аҳмади Косонӣ) Ҳазрати Эшони Ҳоҷӣ Абдухалилхоҷа ибни Эшони Неъматуллохоҷа, Ҳазрати Мавлавӣ Мулло Ҳикматуллоҳи Фақеҳи Ғармӣ, Ҳазрати Эшони Калонҷони Ҳисорӣ (Зин-Охӯрӣ), Сайид Абдуллоҳӣ Нурӣ (р)… ва ғайраро зикр кард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …