Главная / Ҷамъият / НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ

Замима ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №368 тасдиқ шудааст

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№ р/т Номгуи чорабиниҳо Муҳлати иҷро Масъулин
1 2 3 4
 

I. Такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои меъёрҳои қонунгузории соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ” Соли2016 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор
2 Таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи рӯйхат, ҳаҷм ва таъминоти хизматрасонии ройгони тиббӣ ва доруворӣ барои маъюбон ва беморон аз оилаҳои камбизоат” Соли2017 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор
3 Таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии дастгирии иҷтимоии кӯдакони ятиму бепарастор барои давраи то соли 2020” Соли2017 Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби шарикони рушд
4 Таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон “Дар бораи тартиби аз ҷониби

маъюбон ба таври ройгон ё имтиёзнок

истифода бурдан аз нақлиёти автомобилии

мусофирбарӣ (давлатӣ) дар ҳудуди шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Соли2017 Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 Таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи расонидани кӯмаки иҷтимоии унвонӣ барои солҳои 2016-2020”

Соли2016 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор
6 Таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, муассисаҳои будубоши муваққатӣ ва доимӣ” Соли2018 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
7 Таҳия ва тасдиқи Қоидаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ тавассути механизми “Равзанаи ягона” дар сатҳи маҳаллӣ Соли2017 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
  II. Омузиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ

ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ

8 Ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо мавриди омузиш қарор додани конвенсияҳо ва тавсияҳои Созмони байналмилалии меҳнат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст Мунтазам Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи яҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 Ба тасвиб расонидани конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Оид ба ҳуқуқи маъюбон” Соли2016 Вазорати тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон  
10 Ба манзури таҷдиди назар намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа мавриди омӯзиш қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба хизматрасонии иҷтимоии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст Мунтазам Вазорати тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  
III. Тадбирҳои амалӣ оид ба рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ ва муваққатӣ  
11 Рушди намудҳои гуногуни хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тавонбахшии тиббию  иҷтимоӣ, кордармонӣ ва монанди инҳо дар муассисаҳои давлатии будубоши доимӣ ва марказҳои тавонбахшии маъюбон Солҳои 2017-2020 Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  
12 Зиёд намудани шаклу намудҳои фаъолияти марказҳои минтақавии хизматрасонии

иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Соли2017 Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  
13 Мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони хадамоти иҷтимоии давлатӣ Солҳои 2017-2018 Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби шарикони рушд  
14 Тадриҷан дар низоми мавҷудаи хизматрасонии иҷтимоӣ ворид намудани унсурҳои нави замонавӣ ва инноватсионӣ, бунёди шаклҳои нави хизматрасонии иҷтимоӣ дар сатҳи маҳалҳо Солҳои 2016-2017 Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои илмию тадқиқотии ҷумҳуриявӣ бо ҷалби шарикони рушд  
IV. Чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани хизматрасониҳои иҷтимоии ғайристатсионарӣ, рушди шабакаҳои будубоши рӯзона ва рушди ҳамкории мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ  
15 Таҳия намудани механизми фаъол ва самарабахши фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ ҷиҳати ҷалби ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ Соли2017 Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби шарикони рушд  
16 Таҳияи Таснифот ва Стандартҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд Соли 2016-2020 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои илмию тадқиқотии ҷумҳуриявӣ бо ҷалби шарикони рушд  
V. Масъалаҳои таҳсилоти касбӣ, такмили тахассус ва бозомузии кормандони иҷтимоӣ
17 Таҳияи лоиҳаи “Барномаи миллии таҳсилоти миёна ва олии касбии кормандони иҷтимоӣ барои давраи миёнамӯҳлат” Соли 2018 Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд
18 Баланд бардоштани самаранокии курсҳои такмили тахассуси кормандони иҷтимоӣ ва ҷорӣ намудани механизми аттестатсияи онҳо Доимӣ Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд
19 Ташкили корҳои илмию амалӣ, баргузории конференсияҳо, семинарҳо ва форумҳо оид ба масъалаҳои марбут ба хизматрасонии иҷтимоӣ Ҳар сол тибқи нақшаҳои солона Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар марказҳои илмию тадқиқотии ҷумҳуриявӣ бо ҷалби шарикони рушд
20 Нашри маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Дар ду сол як маротиба Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд
  VI. Таъмини системаи иттилоотӣ, аз ҷумла ташаккули механизми ҷамъоварӣ ва коркарди омори иҷтимоӣ (соҳавӣ)
21 Таҳия ва тасдиқи шакли нави ҳисоботи омории ХИ -1 (дар таҳрири нав) Соли2016 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
22 Таъсис ва ба роҳ мондани Феҳристи ҷумҳуриявии иттилоотии ҳифзи иҷтимоӣ Солҳои 2017-2018 Вазоратҳои тандурустй ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд
23 Таҳияи шакли нави ҳисоботи омории №3-ҳифзи иҷтимоӣ “Ҳисоботи ҷамъбастии муассисаҳои будубоши доимӣ оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони маъюб” Соли 2019 Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
VII. Баланд бардоштани индекси истеъмолии нафақа ва кумакпулиҳо
24 Таҳия ва тасдиқи услуби ягонаи муайян Соли 2017 намудани сатҳи камбизоатии оилаҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кӯмакҳои иҷтимоии давлатӣ Соли 2017 Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 Ҳисоби арзиши ҳадди ақали зиндагӣ (сабади истеъмолӣ) ва интишори расмии он Ҳар сол Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
VIII. Масъалаҳои мониторинг ва арзёбии Консепсия тадқиқотҳои оморӣ ва сотсиологӣ дар соҳаи ҳизматрасонии иҷтимоӣ
26 Гузаронидани мониторинг ва арзёбиии иҷрои Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳар сол

 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои илмию тадқиқотии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ҷалби шарикони рушд
27 Гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ оид ба сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ Ҳар ду сол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои илмию тадқиқотии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ҷалби шарикони рушд
             

 

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

moddai-88-karori-shahrsozi

Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 88-и  Қарори шаҳрсозӣ. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии …