Главная / Гуногун / Нақлиёти Тоҷикистон

Нақлиёти Тоҷикистон

Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ тавассути ҳамагуна нақлиёт 58,8 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми боркашонӣ асосан аз ҳисоби нақлиёти автомобилӣ ба миён омадааст, ки дар давраи ҳисоботӣ 54,8 млн. тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми боркашонӣ ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан 4,0 млн. тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,1 фоиз рушд ёфтааст. Гардиши борҳо ба 4748,7 млн. тонна/км баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 фоиз зиёд гардидааст.

naqliyot

Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ тавассути ҳамагуна нақлиёти мусофиркашонӣ (якҷоя бо нақлиёти соҳибкорони хусусӣ) 449,6 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 фоиз зиёд мебошад. Гарҷанде, нишондиҳандаҳои соҳаи нақлиёт дар давраи ҳисоботӣ зиёд шудаанд, вале ҳанӯз шароиту имконият барои содироти маҳсулот аз кишвар беҳбудиро тақозо менамояд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати нақлиётро лозим яст, ки якҷо ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати тақвияти неърӯи содиротии кишвар махсусан соҳаи кишоварзӣ  базаи моддию техникии соҳаи нақлиёти роҳи оҳанро беҳтар намуда, барои субектҳои соҳибкории содироткунанда дар доираи имконияти мавҷуда шароитҳои муфид фароҳам биёрад.

Зиёдшавии ҳаҷми мусофиркашонӣ асосан аз ҳисоби нақлиёти автомобилӣ ба миён омадааст, ки дар давраи ҳисоботӣ 449,6 млн. тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,0 фоиз зиёд шудааст. Гардиши мусофирон бошад ба 7142,4 млн. мусофир/км баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 фоиз афзоиш ёфтааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …