Главная / Гуногун / Намунаи мактуб

Намунаи мактуб

Ба Директори ҶДММ «Самад»
муҳтарам   Пардаев С.О.

Муҳтарам Суманҷон Олимович.

ҶДММ «Дидор» барои ҳамкории тарафайн миннатдории худро баён намуда ба маълумоти Шумо мерасонем, ки шартномаи № 32 аз «02» апрели соли 2019-ум байни ҶДММ «Самад» ва ҶДММ «Дидор» оид ба харидорӣ намудани таҷҳизоти технологӣ баста шуда буд.

Бо назардошти таҷҳизоти аз ҷониби  ҶДММ «Самад»  ба   ҶДММ «Дидор» пешниҳодшуда ба талаботҳои замимаи шартномаи зикршуда мутобиқат накардан аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизоти дар шартнома зикршуда дар муддати 1-моҳи тақвимӣ, чораҷўӣ карда шавад.

Дар ҳолати дастрас карда натавонистани таҷҳизоти дар доираи шартнома (бо замимаҳояш) зикршуда талаб менамоем, ки маблағи пешпардохти ба унвонии шумо ирсолшуда дар ҳаҷми 5 789 сомонӣ ба ҳисоби  ҶДММ «Самад» бозпас гардонида шавад.

Бо камоли эҳтиром,

Директори генералии
ҶДММ «Самад»                                                  Шаҳобов Р.К.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

66

МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ. Кишоварзӣ дар асри XVI

Дар асри XVI асоси хоҷагии қишлоқ деҳқонӣ буд. Замин бсштар дар дасти давлат буд. Хон …