Главная / Ҷамъият / Намунаи Протокол ба забони тоҷикӣ

Намунаи Протокол ба забони тоҷикӣ

Протокол ин ҳуҷҷати расмӣ, ки оиди ягон кори гузашта маълумот медиҳад тартиб дода мешавад. Масалан ягон маҷлис баргузор шуд ва аз натиҷааш протокол менависанд. Дар протокол шахсони ба протокло мутаалиқ навишта шуда дар охири он имзоҳои иштирокчӣ гузошта мешавад. Ба баъзеҳо вақте, ки протокол мегӯӣ, ҳуҷҷатӣ ҷаримакунандаи корманди БДА (ГАИ) ба ёдашон меояд.

protokolПротокол метавонад ба дилхоҳ забон навишта шавад вале асосан ба он забоне тартиб дода мешавад, ки ба бешатари мардум лозиму фаҳмо аст. Одатан протоколҳо дар Тоҷикистон ба забонӣ тоҷикӣ тартиб дода мешавад ва онро ба тоҷикӣ «Пайнавишт мегӯянд».

Дар протокло шарт нест, ки тамоми нозукиҳои ҳодисаи рӯйдода навишта шаван. Барои пурратар шудани протокол дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор метавон замима (приложение) кард. Масалан ба сифати замима сурат, матнҳои баромад, шиносномаҳо, расидҳо (квитанция) ва ғайраҳо.

Протокол барои он лозим аст, ки аз рӯи он қарори дахлдор бароварда шуда барои ҳуҷҷатикунонии ҳодиса ва дар таърих нигоҳ доштан тартиб дода шавад.

Барои шахсоне, ки намунаи протоколро надидаанд, дар поён тартиб дода гузошта шудааст:

ПАЙНАВИШ (ПРОТОКОЛ)

Аз натиҷаи ҷаласаи солонаи «Корхонаи риштабарорӣ»

27.02.2019                                                                                                                   ш. Душанбе

Раиси Комиссия – Самадов Шариф

Баромадкунандагон:

  1. Бобоев Алишер
  2. Тиллозода Акбари Камол

Иштирок карданд:

  1. Алиев Исмат Каримович
  2. Ятимов Аслиддин
  3. Убайдуллоева Фарида
  4. Дустов Пустак
  5. Уаримзода Фаришта

Мавзӯъҳо:

  1. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар соли сипаришуда;
  2. Натиҷаҳои молиявӣ

Раванди маҷлис: 

Аз рӯи масъалаи якум, муовини раиси корхона Бобоев Алишер Акбарович баромад карда қайд карданд, ки  соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба 120% баробар шуд. Гарҷанде нақша иҷро шуда бошад, ҳам вале як қатор камбудиҳо мавҷуд буданд ки номгӯй ва шарҳи муфассали он дар баромади мавсуф қайд карда шудааст (5 варақ);

Дар мавриди масъалаи дуюм сармуҳосиби корхона баромад карда қайд карданд, ки соли гузашта фоидаи ба даст овардашуда маблағи 2 554 477 сомониро ташкил кард, ки ин нисбати нақша 85 % баробар аст. Сабаби кам шудани фоида ин зиёд шудани андоз ва ҳароҷотҳои ғайричашмдошт буданд, гуфт баромадкунанда.

Аза натиҷаи ҷаласа, чунин қарор қабул карда шуд:

  1. Соли оянда ҳаҷми масҳсулоти истеҳсолшаванда бо назардошти хароҷотҳо ба роҳ монда шавад;
  2. Кормандони иловагӣ дар сехҳои 2 ва 7 –ум тариқи озмун қабул карда шавад;

Бо пайнавишти зер шинос шуда имзо карданд:

 

Раиси Комиссия – Самадов Шариф

Иштирокчиён:

Бобоев Алишер ______________________________

Тиллозода Акбари Камол_____________________

Алиев Исмат Каримович_____________________

Ятимов Аслиддин___________________________

Убайдуллоева Фарида__________________________

Дустов Пустак_______________________________

Уаримзода Фаришта___________________________

 

 

 

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …