Главная / Гуногун / Намунаи матни баромад дар маҷлис – презентация

Намунаи матни баромад дар маҷлис – презентация

Ассалому алейкум муҳтарам аъзоёни комиссия ва муҳтарам ҳозирини гиромӣ.

Ман  Оиша Рузиева роҳбар ва муассиси ҶДММ «Мастона» мебошам. Ин ширкат дар маркази ноҳияи Хуросон мебошад ва аз соли 2015 инҷониб ҳамчун коргоҳи фаъол ва ягона дар ноҳияи Хуросон ба дӯхтани сарулибоси мактабӣ машғул аст, ки дар он 20 нафар занону духтарони ин ноҳия фаъолияти меҳнатии мавсимӣ менамоянд.

Инчунин ман дар баробари доштани коргоҳи шахсии дӯзандагӣ ба ҳайси корманди давлатӣ қабл низ машғул будам ва ҷумлаи он ин муаллимаи мактаби миёна дар н. Хуросон ва раиси кумитаи занони вилоят.  Ман ҳамчунин соҳиби дигар коргоҳи дӯзандагӣ дар деҳаи Шарораи ноҳияи А.Ҷомӣ мебошам, ки дар он даҳо нафар занону духтарон ба дӯхтани сарулибос машғул мебошанд.

Коргоҳ дорои 20-дасгоҳи дӯзандагӣ буда имконият дорад, ки ҳамасола аксари хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳияиро бо либосӣ мактабӣ духта дастрас ва таъмин намояд. Бинои ин коргоҳро аз соҳибкори инфиродии ин минтақа қисман ҳаридорӣ карда гирифтаам ва боқимондаи пули онрро ҳамин сол пардохт хоҳам  кард ва ба ин васила соҳиби бинои шахсӣ ки иборат аз 600 метри мураббаъ мебошад хоҳам шуд.

Бинобар сабабе, ки аз либосҳои мактабии соли гузашта ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ё худ 5000 адад фурухта нашудааст, вазъи нақдина дар коргоҳ чандодон ба талабот ҷавобгӯй нест ва аз ин лиҳоз лозим аст, ки сармояи нақдӣ дар ҳаҷми 200 000 сомонӣ ба муддати 3 сол ҷалб карда шуда коргоҳро ба фаъолияти доимӣ табдил дода шавад, 3 ҷойи нави  кории доимӣ ташкил карда шавад ва вазъи молиявии коргоҳ беҳтар карда бозори дохилиро бо маҳсулоти ватанӣ яъне либоси мактабӣ, бештар карда шавад.

Алҳол ман бо ҳамаи мактаби ноҳияи Хуросон шартнома дорам ки 50 адад буда дар он 1500 талаба таҳсил менамояд.

Рақиби дохилӣ ҳамчун дузанда дар ноҳияи Хуросон надорам вале рақибон асосан ин истеҳсолкунандагони хориҷӣ ва истеҳсолкунандагони шаҳри Бохтар ва Душанбе мебошанд, ки аз нигоҳи нарх камтар 5-10 сомонӣ  ва сифатан ҳам дар баъзе ҳолатҳо адак фарқ доранд. Лек бо назардошти талаботи замона ман низ маҳсулотҳоямро ҳаракат карда истодаам, ки хубтар истеҳсол намояму аз нархи бозорӣ чандон гарон нафурушам.

Бо вуҷуди рақобат маҳсулотҳои истеҳсолкунандаи ман фоиданокии 52% доранд. Тибқи ҳисобу китобҳо маълум мешавад, ки фоидаи софи мегирифтаи коргоҳ сол то сол афзоиш ёфта дар соли аввал аз 250 ҳазор сомонӣ фоида гирифта шуда ҳамасола 12-15% афзоиш дода мешавад ва дар соли 5-ум фоидаи соф ба 300 ҳазор сомонӣ бурда мешавад.

Чихеле, ки қайд карда шуд барои идома додани кори лоиҳаи номбаршуда маблағи 200 000 сомонӣ ба муҳлати 3 сол лозим аст, ки ин барои хариди матоъ истифода мешавад. Умуман арзиши лоиҳа маблағи 404 ҳазор сомонӣ буда саҳми ман 154 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз он дастгоҳу таҷҳизот ба маблағи 61 ҳазор сомонӣ, бинои ба иҷора гирифташуда 75 ҳазор сомонӣ, ва нақдина дар ҳаҷми 18 000 сомонӣ мебошад.

Бо гирифтани сармояи ҷалбшаванда ман пас аз хотима расидани мавсими либосдӯзӣ барои мактаббачаҳо масъалаи дӯхтани сарулибос барои аҳолиро дар нақша дорам. Чунки хароҷотҳои доимии ман аз ҷумла робита ба иҷораи бино ва андозҳо доимӣ мебошанд. Ҳамчунин бо мақсади сайқал додани донишу маҳорати кормандон ва аз даст надодани кадр ё бозор дар нақша дорам коргоҳро ба фаъолияти доимӣ намоям.

Хуб аст, ки Фонди «Рушди истеҳсолоти ватанӣ» омода аст, ки маблағи арзонтарро барои соҳаи дӯзандагӣ пешниҳод намояд. Чунки арзиши пасти сармоя имконият медиҳад ки  маҳсулотҳои нисбатан ба рақобати хориҷӣ тобоваранда истеҳсол шаваду аз ҳисоби нархи пастар фурухташаванда аҳолӣ маблағи муайянеро масраф карда барои хариди китобу дафтар ва ё дигар тақозои иҷтимоӣ равона намоянд.

Тибқи ҳисобҳои қиёсӣ маълум мешавад, ки дар ҳолати гирифтани сармояи арзон аз фонд коргоҳ барои ҳар як мактаббача ба маблағи 15-20 сомон метавонад арзиши маҳсулотро арзонтар карда фурушад ва ин маблағи масрафшуда мактаббача метавонад барои талаботҳои иҷтимоии дигари худ истифода барад.

Албатта пӯшида нест, ки ҳар як фаъолият дар рафти иҷроиш бо таҳдидҳо рӯ ба рӯ шавад. Барои ҳамин ҳам ман тасмим гирифтаам, ки дар ҳолати таъсири манфии таҳдидҳо ба дӯхтани сарулибос барои аҳолӣ, корхонаву ташкилотҳоро ба роҳ монам.

Инчунин дар ҳолати лозима метавонам, ҳавлии худро ки масоҳати сохтмонаш 150 метри мураббаъ  ва ҳамарзиши 400 000  сомонӣ аст ба сифати гарав пешниҳод намоям.

Ин аст фишурдаи маълумотҳои манзуркардаи ман ва барои диққататон ташаккур мегӯям. Умедворам, ки дастгирии ин лоиҳа аз ҷониби шумо мусбӣ арзёбӣ мегардад.

Агар саволҳо бошанд, ман омода ҳастам, ки ба онҳо ҷавоб диҳам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …