Главная / Гуногун / Намунаи дархост

Намунаи дархост

Дархост ин ҳуҷҷатест, ки барои гирифтани мол ё хадамот аз номи аризадиҳанда ба унвонии суроғаи лозима навишта ирсол карда мешавад. Масалан дар Корхонаи истеҳсоли тиреза, аз номи инженер ба номи раис Дархост навишта мешавад ва дар он хоҳиш карда мешавад, ки аз анбор ба ў тунука барои истеҳсоли тирезаҳои замонавӣ, ҷудо карда шавад.

Дар дархост ҳатман унсурҳои зерин бошанд:

  1. Ба номи ки навишта мешавад,
  2. Аз номи ки навишта мешавад
  3. Дархостро дар ҳолати мавҷуд будани сардори шуъба аз номи  ў имзо гузошта мешавад ва дар поёнаш ному насаб ва нишонаҳои тамос (телефон ва имайл) иникос карда мешавад;
  4. Сабаб
  5. Мақсад
  6. Имзо
  7. Санаи бақайдгирӣ
  8. Рақами бақайдгирӣ

Агар дархост аз як ташкилот ба дигар ташкилот навишта шавад пас он дар қоғази фирмавӣ навишта мешавад.  Имзо бо ҳомаи (ручка) кабудранг имзо карда шуда дар қоғази сафеди форматаш А4   омода шуданаш ба талабот ҷавобгўй аст.

Матни дархост бояд дар шрифти компютерии ҳаҷмаш 14 ва намудаш Palatino Linotype навишта бояд шавад.

 Намунаи дархост

Намунаи дархост

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …