Главная / Биология / Чанд намуди растаниҳо ҳастанд?

Чанд намуди растаниҳо ҳастанд?

Гуногунии растаниҳо ва пайдоиши онҳо: Набототи сайёраи мо хеле гуногун аст. Дар он зиёда аз 350 ҳазор намуди растаниҳо нашъунамо мекунанд. Паҳншавии растаниҳо дар кураи Замин якхела ва баробар нестанд. Дар бешазорҳои минтақаи тропикӣ (Ҳусусан, тропикаи намнок) аз ҳама зиёдтар намудҳои гуногуни растанӣ мерӯянд. Онҳо мансуби тамоми гурӯҳҳои таснифотии олами набототанд. Дар он ҷо растаниҳои дарахтӣ, буттагӣ ва чӯброст (лианмонандҳо) бештар вомехӯранд, ки дар якҷоягӣ анбӯҳи ҷангалҳои касногузарро пайдо кардаанд.

Дар дигар минтақаҳои ғайритропикӣ, хусусан дар ноҳияҳои иқлимашон мӯътадил, анбӯҳи чангалҳои дарахтони паҳнбаргу сӯзанбаргро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар манотики дашт бошад, бештар растаниҳои алафии яксола ва бисёрсола мерӯянд. Дар биёбонҳои беоб растаниҳо хеле кам буда, пароканда ҷойгир шудаанд. Умуман, дар рӯи Замин ҷое нест, ки дар он ҷо растанӣ набошад. Онҳо дар қаъри уқёнусҳо (то он ҷое, ки нури офтоб рафта мерасад), дар марзу буми уқёнуси Яхбастаи Шимопию Антарктида, дар қулпакӯҳҳои осмонбӯс ва ҳам дар биёбонҳои беоб вомехӯранд.

rasta-b

Пас саволе пайдо мешавад, ки оё дар рӯи Замин аз давраҳои қадимтарин сар карда, то ба имрӯз он намудҳои набототе, ки ҳоло дар табиати гирду атроф нашъунамо доранд, ҳамеша ҳамин тавр ҳукмрон буданд? Оё онҳо ба мурури замон, вобаста ба тағйирёбии шароитҳои иқлимию ҳодисаҳои геологӣ (фурӯравӣ, болоравии замин, пайдошавии қаторкӯҳҳо ва ғайра) тағйир ёфтаанд ё не? Ба ин савол фақат илми палеоботаника (илмест, ки боқимондаҳои таърихан кӯҳани растаниҳои қадимаи дар вақти ҳафриёт ёфташударо меомӯзад) ҷавоб дода метавонад. Бозёфтҳои ин илм нишон медиҳанд, ки хелҳои гуногуни анбӯҳи растаниҳо дар тӯли солҳои дуру дарози таърихӣ ба бисёр тағйиротҳо дучор шудаанд.

Бисёр намудҳои кӯҳани растаниҳо бо ивазшавии шароити иқлими маҳалли зист ва дигар ҳодисаҳои номатлуби геологӣ ба дараҷаи нестшавӣ расида, ҷои онҳоро хелҳои дигари растанихо иваз кардаанд. Ин исбот мекунад, ки растаниҳое, ки ҳоло дар рӯи Замин вомехӯранд, якбора пайдо нашудаанд. Олами наботот ботадриҷ аз организмҳои содда ба мураккаб инкишоф ёфтааст. Раста- ниҳои аввалин ҳамчун мавҷудоти зинда дар муҳити обӣ пайдо шуда, инкишоф ёфтаанд. Дар раванди инкишоф ин организмҳои содда тадриҷан мураккаб гардида, ба муҳити атроф худро мутобиқ кардаанд.

Гулхои Точикистон

Таърихи инкишофи сатҳи Замин миллиардҳо солро дарбар мегирад, ки онро ба эраҳо ва давраҳои гуногуни геологӣ ҷудо мекунанд. Барои ҳар як эраи геологӣ ва давраҳои он инкишофи боавҷи як гурӯҳи муайяни растанӣ ва ҳайвонот хос аст. Дар ҳар яке аз ин давраҳои геологӣ сатҳу қишри Замин ба худ хос ҷинсҳои гуногуни такшинӣ дорад, ки дар он ҷинсҳо боқимондаҳои растанию ҳайвоноти санггардида нақшбандӣ шудаанд.

Аз рӯи ин боқимондаҳои дарёфтшуда аниқ карда шудааст, ки аввалин организмҳои зинда дар рӯи Замин бактерия ва обсабзҳои кабуду сабз будаанд. Тақрибан, 600 миллион сол пеш, ки ҳоло аз мавҷудияти растаниҳои олӣ умуман дарак набуд, дар баҳру укёнусҳои қадим, хелҳои гуногуни обсабзҳо дар нашъунамо буданд.

Дар давраи ангиштсанг (350 миллион сол муқаддам) дар рӯи Замин мунмунаҳо ва сарахсшаклон бо авҷи баланд нашъунамо карда, дар табиат нисбат ба дигар намуди растаниҳо бартарии калон доштанд. Пайдоиш ва авҷи инкишофи ушнашаклон низ ба ҳамин давра рост меояд.

Аксарияти ин растаниҳои қадима бе ному нишон нобуд шуда рафтаанд. Танҳо баъзе аз онҳо ё узвҳои алоҳидаи онҳо ба шароитҳои махсусе афтодаанд, ки пӯсиш ё таҷзияшавии онҳо ба амал наомадааст. Онҳоро имрӯз дар қатори бозёфтҳои палеоботаникӣ дидан мумкин аст. Бофтаҳои ин растаниҳо моддаҳои маъданиро ба худ ҷаббида, ба санг табдил ёфтаанд. Дар конҳо, дар аксари ҳолатҳо дарахтон ва узвҳои алоҳидаи сангшударо меёбанд, ки ҳатто сохти анатомии (ташреҳии) онҳоро метавон омӯхт. Баъзан дар ҷинсҳои сахт нақш ё акси растаниҳо боқӣ мондаанд, ки аз рӯи онҳо оид ба намуди зоҳирии ин ё он рас- тании қадима маълумот додан мумкин аст.

Олимон аз рӯи ин бозёфтҳо ба бисёр масъалаҳои норавшани табиат ҷавоб гуфта, синну сол ва хелҳои растаниҳои қадимаро муайян мекунанд.

Ин бозёфтҳо ва кофтуковҳои палеоботаникӣ нишон доданд, ки ин- кишофи олами наботот дар сайёраамон – Замин якхела набудааст. Олами набототи замонҳои қадим аз набототи ҳозира ба куллй фарк мекардааст.

Дар рафти тадқиқотҳо муайян гардид, ки фақат дар қабатҳои нис- батан баъдина (на қабатҳои қадимтарини қишри замин) боқимондаҳои мавҷудоти зиндаи содда мавҷуданд. Синну соли қабатҳои қишри замин ҳарчи қадар ҷавон бошад, дар он боқимондаи организмҳои сохташон мураккаб ҳамон қадар зиёдтар вомехӯранд ва онҳо ба мавҷудоти зиндаи ҳозиразамон бештар монандӣ доранд.

Хулоса, замоне буд, ки дар рӯи Замин мавҷудоти зинда вуҷуд на- дошт. Бо гузашти замон организмҳои зинда пайдо шуданд ва тад- риҷан инкишоф ёфта, мураккаб гардиданд. Аксарияти ин мавҷудо ти зинда вобаста ба шароити муҳити зист тағйир ёфта, шаклан дигаргун шуданд. Қисме аз онҳо ба шароити тағйирёфтаи муҳит мутобиқ шуда натавониста, барҳам хӯрдаанд ва ба ҷои онҳо намудҳои дигари растаниҳо пайдо шудаанд. Бо ҳамин минвол шаклҳои гуногуни ҳаётӣ, аз он ҷумла наботот инкишоф ёфтаанд.

Дар тӯли дурударози раванди инкишоф дар рӯи Замин бисёр намуди растаниҳо бебозгашт аз байн рафтаанд, баъзе намудҳо та- моман дигаргун шудаанд. Бинобар он, таърихи инкишофи олами набототро пурра барқарор кардан хеле мушкил аст. Лекик инрс метавон исбот кард, ки тамоми растаниҳои ҳозира аз растаниҳои соддаи қадима пайдо шудаанд.

  1. Нобаробар паҳншавии растаниҳоро бо кадом далелҳо метавон исбот кард?
  2. Палеоботаника чист?
  3. Бо кадом далелҳо метавон тағйирот ва инкишофи олами набототи сайёраамонро шарҳ дод?

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …