Главная / Илм / Имон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешавад

Имон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешавад

а) Имони муҷмал имони умумӣ. Имони умуми ин имон овардан ба ҳақиқати дини Ислом буда, одам калимаи “Шаҳодат”-ро арз карда, имони худро ба Аллоҳ Таъоло ва Паёмбари у Муҳаммад (с) тасдиқ мекунад ва ба ҳама он чизе, ки аз Онҳо расида аст, бовар дорад, дар ҳоле ки ҳанӯз асоси динро намедонад. Ин якумин зинаи имон мебошад. Минбаъд инсон бояд динро омузад ва ба ҳар рукни имон муфассал бовар намояд. Ин “Имони тафсилӣ” ном дорад.

б) Имони тафсилӣ ин имон овардан ба ҳар рукни имон дар ҷудогонагӣ ва муфассал мебошад.

Рукнҳои имон.

Дар имон 6 рукн вуҷуд дорад, ки бояд ба ҳар яки он имон овард.

  • Боварӣ ба Аллоҳ Таъоло
  • Боварӣ ба фариштагони У
  • Боварӣ ба китобҳои У
  • Боварӣ ба фиристодагони У
  • Боварӣ ба рузи Қиёмат
  • Боварӣ ба тақдири некӣ ва бадӣ ва ҳар чӣ, ки ҳаст сохтаи Аллоҳ Таъолост

Ин рукнҳои Имон дар дуои “Оманту” оварда шудаанд, ки мебояд онро аз ёд донист:

duo-omantu

Оманту биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи ва-л-явми-л-охири ва-л-қадари хайриҳи ва шарриҳи мина-л-Лоҳи Таъоло ва-л-баъси баъда-л-мавти ҳаққун. Ашҳаду алло иллоҳа иллаллоҳу ва ашаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу.

Яъне: “Имон овардам ба Худои Таъоло, ба фариштаони Вай, ба китобҳои Вай, ба Паёмбарони Вай, ба рузи Қиёмат ва тақдири некӣ ва бадй ҳама аз Аллоҳ Таъолост ва ба зинда шудан баъд аз марг”.

“Ман шаҳодат медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳ нест ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (с) банда ва Паёмбари Уст”.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …