Главная / Маданият ва санъат / Намуди чангакҳо (вилкаҳо)

Намуди чангакҳо (вилкаҳо)

Онро 700-800 сол инҷониб истифода мебаранд. Дар асрҳои миёна ва баъдан онро аз металлҳои қимматбаҳо, мисли тилло, нуқра, ё устухони фил месохтанд. Бинобар онҳо асосан дар мизи одамони доро истифода мешуданд. Бисёр одамон дар гузашта таомро бо даст мехӯрданд. Зеро чангак (вилка) на барои ҳама дар гузашта дастрас  буд. Чангакҳои қадима нисбат ба ҳозира 1,5-2 маротиба калон буданд.

changak

Вазифаашон барои тақсим кардани ҳиссаҳои калони гузоштаи гӯшт ва паррандагон иборат буд. Шумораи дандонҳояш (шохаҳояш) асосан 2-то буд. Бо гузашти вақт ки анвои таомҳо хеле зиёд шуданд, вазифаи чангакҳо низ васеъ шуд.

Дар асри ХVII дандонҳои чангак сето шуд ва дар асри ХIХ шумораи дандонҳояш то чор расид. Дар Россия чангакро ҳам чун воситаи таомхӯрӣ ба мизи хӯрокхӯрӣ дохил карданд. ҳозир бошад ба он таомҳои дуюмро мехӯранд. Fайр аз ин чангакҳо вазифи махсус дошта, бо хуриш низ мехӯранд, ки он аз чангакҳои оддӣ бо андозаҳояш камтар фарқ мекунад. Чангак барои дессерт бориктар аст, чангаке, ки моҳиро мехӯранд 3 ё 4 дандон дорад, аммо онҳо кӯтоҳ ва нисбат ба чангаки газак васеъ таранд. Чангак барои лимӯ аз он хурдтар ва 2 шоха дорад.

Аз ҳама чангаки калон, ки бо он ҳиссаи гӯштро мегиранд бо ду дандони калон мавҷуд аст. Аз ҳама чангаки асил чангак барои хуриш (салатная) аст, ки бо он хўрушҳоро ба табақчаҳо мегузоранд. Он шакли ниммудаввар дошта, дандонҳояш васеи кӯтоҳ мебошанд. Боз дигар хел намуди чангакҳои махсус ҳастанд. Масалан, барои гирифтани харчангҳо чангакҳои махсус вуҷуд доранд.. Fайр аз ин боз чангакҳое ҳастанд, ки ба асбоби (раскладывание) таом дохил мешавад.

Намуди чангакҳо

а) чангак барои таомхўрӣ

б) чангак барои хўриш

в) чангак барои дисерт

г) чангак барои моҳи

д) чангак барои мева ва лимў

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

mazhab

РАВИЯ ВА ФИРҚАҲО ДАР ИСЛОМ

Баъд аз паҳншавии ислом дар кишварҳои дигар ва бархўрди он бо тамаддунҳои мухталиф, тағйироти муаяйне …